Telegram Web Link
Чаҳор чиз баданро қавӣ мекунанд:

1. Пӯшидани мулоим;
2. Даромадани ҳаммоми мӯътадил;
3. Хӯрдани таоми ширини равғандор;
4. Бӯй кардани хушбӯиҳо.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
@donish_su
Панду андарз аз Саъдии Шерозӣ

4. Олими парҳезгор — курест машъалдор!

Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт.
Чизе нахариду зар биандохт.

5. Раҳм овардан бар бадон — ситам аст бар некон ва авф кардан аз золимон — ҷабр аст бар мазлумон.

6. Ҳар кӣ бо душманон сулҳ мекунад, сари озори дӯстон дорад3.

Бигирӣ, эй хирадманд, аз он дӯст даст,
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.

7. Сухан дар миёни ду душман чунон гуӣ, ки агар дӯст шаванд шармзада набошӣ!

Миёни ду кас ҷанг чу оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/sadii-sherozi
@donish_su
Чаҳор чиз оби рӯйро меравонад ва инсонро рӯйхунук мекунад:

1. Дурӯғ;
2. Бешармӣ;
3. Пурсидан бе зарурат, яъне гадоӣ;
4. Гуноҳи бисёр.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Намуди зоҳирӣ ҳангоми камхобӣ чунин тағйир меёбад - нишон додааст ширкати Simba, ки бо омӯзиши хоб машғул аст.

Камтар аз 7 соат хобидан (дар як шабонарӯз) боиси пайдошавии ожанг, хушкӣ ва доғҳои сиёҳи зери чашм мегардад. Сабаб дар он аст, ки ҳуҷайраҳо барои барқароршавӣ вақти кофӣ надоранд.

P.S.: Вақте шабона шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаред ё силсилафилмҳоро тамошо мекунед ин аксҳоро ба ёд оред.

#маълумот
@donish_su
Чаҳор чиз обурӯйро зиёд мекунад:

1. Мардигарӣ;
2. Вафо;
3. Дасткушодӣ ва карам;
4. Тақво.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
ҶОМЕАИ БЕРАҲМ
...Вақтҳои охир фикр мекунам, ки ҷомеаи мо хеле ва хеле бе раҳму шавкат мешавад.
I
Як рӯз бозор равам, дар қуттиҳо чӯҷа мефурӯшанд. Як чӯҷа 10 сомонӣ. Ҳайрон шудам, ки дар бозори байни шаҳр чӯҷаро кӣ мехарад? Гуфтанд, инро барои кӯдакон мехаранд. Боз пурсидам, ки кӯдакон чӯҷаро чӣ кор мекунанд? Бозӣ мекунанд, гуфт чӯҷафурӯш.
Тасаввур кунед, ки волдайн барои кӯдаконашон чӯҷаи зинда мехаранд, ки 1 ё 2 рӯз яъне то лаҳзаи маргашон кӯдак бо онҳо бозӣ кунад.
II
...Имрӯзҳо дар бозор лаганд-лаганд ғӯра ба фурӯш гузоштааст. Инсонҳо чунон бераҳманд, ки меваи хомро канда ба бозор бароранд, то ки сарторикҳо хумор бишкананд.
-Шумо инсоф доред? – мепурсам, аз яке.
-Ака килои ғӯра 60 сомонӣ, зардолу 10 сомонӣ мешавад, - мегӯяд, бепарво ғӯрафурӯш...
...Нагуфтам, ки ҷомеаи мо бераҳму шавкат мешавад... На ба ҷисми зинда раҳм ҳасту на ба мурда...
Ужас!

Аз саҳфаи фейсбуки Одили Нозир
Имрӯз бикуш, ки метавон кушт,
К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт.
Магзор, ки зеҳ кунад камонро!
Душман чу ба тир метавон дӯхт.

Дар сухан бо дӯстон оҳиста бош!
То надорад душмани хунхор гӯш.
Пеши девор он чӣ гуӣ, ҳуш дор!
То набошад дар паси девор гӯш.

© Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
Манбаъ: www.DONISHJU.net/sadii-sherozi
@donish_su
Чаҳор чиз сабаби бад дида шудан мегардад:

1. Кибр;
2. Ҳасад;
3. Дурӯғ;
4. Хабаркашӣ.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Бо мо ҳамроҳ бошед 👉🏼 @donish_su
Чаҳор чиз ризқро ҷалб мекунад:

1. Намози нисфи шаб;
2. Саҳаргоҳон истиғфор гуфтан;
3. Садақаро додан;
4. Зикр кардан пагоҳӣ ва бегоҳӣ.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Бо мо ҳамроҳ бошед 👉🏼 @donish_su
Чаҳор чиз ризқро барҳам мезанад:

1. Баъди намози бомдод хоб кардан;
2. Ба намоз сустӣ кардан;
3. Танбалӣ;
4. Хиёнат.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Бо мо ҳамроҳ бошед 👉🏼 @donish_su
Forwarded from ТАФАККУР (Ozod Hodizoda)
Камбағалон: Ҳамеша меҳнат мекунанд;

Сарватмандон: камбағалонро истисмор мекунанд;

Аскарон: ҳардуяшонро ҳимоя менамоянд;

Андозсупорандагон: барои ҳар се нафар маблағ месупоранд;

Банкирон:
ҳар чорро ғорат мекунанд;

Адвокатон: панҷтояшонро ҳам фиреб медиҳанд;

Шифокорон: пули ҳамаашро мегиранд;

Ғоратгарон: ҳамаашро метарсонанд;

Сиёсатмадорон: аз ҳисоби ин ҳашт нафар ҳаёти хушбахтона умр ба сар мебаранд;

Ситсерон ходими сиёсӣ (106-43 то милод)

P/S: Суханҳои мазкур то ҳол аҳамияти худро гум накарданд

© Озод Ҳодизода

26.05. 2022 сол.

#гуфтори_бузургон
Ба шабака ҳамроҳ шавед;
👇👇👇
@tafakkur_tjk
Чаҳор чиз фаҳму зеҳнро зарар мерасонад:

1. Турширо бисёр тановул кардан;
2. Ғам;
3. Андӯҳ;
4. Пуштнокӣ хоб кардан.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Бо мо ҳамроҳ бошед 👉🏼 @donish_1
Корманд назди раиси идора рафта мегӯяд:
- Ин моҳонае, ки ба ман медиҳед, хеле кам аст. Ман 12 фарзанд дорам.

Раис дар ҷавоб мегӯяд:
- Ин моҳонае, ки мегирӣ, ба хотири фаъолиятат дар идора аст, на ба хотири фаъолиятат дар рахти хоб.

#ханда
@donish_su
Forwarded from ХИРАД
Башар аз рӯзи офариниши хазрати Одам то ба ҳол як ҳадаф дошту дорад ва хоҳад дошт: ИНСОН ШУДАН!
Ин марҳилаи камол аз бузургтарин ҳадаф аст. Он қадар пайғамбарон барои ҳидояти ин мақсад омаданд, вале ҳанӯз башар дар ҳолати нохудогоҳӣ боқӣ мондааст. Пайғамбарон худ намунаи ҳидоят шудан ҳастанд. Вале ку Рустаме? Ку Сиёвуше?...
✍️Муҳаммадзамони Солеҳ
📘Девори Хуросон
Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем,
В-ин якдама умрро ғанимат шумарем.
Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем,
Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
#دیروز_و_امروز

Инсони оқил аз замони худ огоҳ аст.

https://www.tg-me.com/doneshnoma
2024/09/25 02:25:45
Back to Top
HTML Embed Code: