Telegram Web Link
Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст»,
Ман мегӯям, ки «Оби ангур хуш аст!»
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст!

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Audio
"ДЕВОРИ ХУРОСОН"-И МУҲАММАДЗАМОНИ СОЛЕҲ / ГУФТОРИ 1
____
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб
Чаҳор амали нек

Бар ҳама кас нек бошад чор чиз
Бо ту гӯям ёдгираш, эй азиз:

Аввал он бошад, ки бошӣ додгар,
Ҳам зи ақли хеш бошӣ бохабар.

Бо шикебоӣ тақарруб кардан аст,
Ҳурмати мардум ба ҷо овардан аст.

#Пандномаи_Аттор
Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.

Ҳар субҳ рубоие аз #Рубоиёти_Хайём дар канали Дониш
Forwarded from АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 (Абдурашид Қаюмзод)
Вақте шоираи шинохтаи эронӣ Симин Беҳбаҳонӣ мега:

Ё Раб маро ёре бидеҳ, то хуб озораш кунам,
Ҳаҷраш диҳам, заҷраш диҳам, хораш кунам, зораш кунам,

Куҷост Ҳуқуқи башар, ки аз ҳаққи мардони мазлуму бечора дифоъ кунад? )
Якчанд зарбулмасали кореягӣ

Марди бадаслро зани боистеъдод ҳам наҷот дода наметавонад.

Оилаи бе духтар мисли бухории бе оташ аст.

Парранда дар болои тухми худ ифлосиро пай намебарад.

Модар заррае камбудии даҳ домодро намебинад, аммо камбудии як келин зуд ба назараш менамояд.

Домод – меҳмони ҳамеша азиз аст.

[Дар ғарибӣ] ҳатто зоғи Ватан ҳам хуш аст.

Бахтро меҳнат ба хона меорад.

Хушбахтию бадбахтӣ ҳамсояи ҳамдигаранд.

Агар як кори нек кунӣ, дуто шуда бармегардад.

Ба атолаи бадбахт ҳам устухон меафтад.

#зарбулмасал
Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
Оё Зардушт пайғамбар буд?

# Савол

Оё Зардушт пайғамбар (паёмбар, пайгамбар) буд?

# Ҷавоб

Навад дарсади муаррихон, чи исломӣ…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3646
Канали мо » @donish_su
Одоби сухан кардан бо мардумон

Эй писар, кам гуй бо мардум дурушт,
В-ар бигуӣ бар ту гардонад пушт.

Чун ҳадиси хуб гуӣ бо фақир,
Беҳ бувад з-онаш, ки пушонӣ ҳарир.

Ҳар кӣ бо мардум насозад дар ҷаҳон,
Зиндагонӣ талх дорад ҷовидон.

Он ки шух асту надорад шарм низ,
Дон, ки ӯ нопокзодаст, эй азиз.

Аз маломат то бимонӣ дар амон,
Бош доим ҳамнишини олимон.

#Пандномаи_Аттор

Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
Ин куҳнаработро, ки олам ном аст,
Оромгаҳи аблақи субҳу шом аст.
Базмест, ки вомондаи сад Ҷамшед аст,
Гӯрест, ки такягоҳи сад Баҳром аст.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Одоби Салом

– пок будан;

– савора бар пиёда, истода бар нишаста ва нишаста бар такязада салом кунад;

– он ки хурдтар аст, бояд бар бузургтар ва ақал бар аксар
салом кунад;

– дар салом кардан рӯй хандон ва пешонӣ кушода дорад;

– ба ишорат салом накунад, балки ба лафз (бо овози шунаво) бигӯяд, ки “Ассалому алайкум”;

– чун ду ба якдигар рӯ ба рӯ оянд, вохӯрӣ кунанд.

Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.

Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
З-он пеш, ки ғамҳот шабохун оранд,
Фармой, ки то бодаи гулгун оранд.
Ту зap найӣ, эй ғофили нодон, ки туро.
Дар хок ниҳанду боз берун оранд!

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Гигиенаи системаи асаб

Фаъолияти олии асаб ба шароити муҳити дохилӣ ва берунии организм сахт алоқаманд аст. Хӯроки кам, истироҳати номунтазам, бемориҳои умумӣ ва беҳаракатӣ мумкин аст, кори қишри мағзи сар ва фаъолияти олии асабро вайрон кунанд.

Кори…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12768
Канали мо » @donish_su
Мехоҳед сомонаи худро дошта бошед. Дар ин мақола тарзи Сомонасозӣ бе донистани забонҳои нишонагузорӣ ва забонҳои махсус нишон дода шудааст.

Сомонасозӣ бо CMS Wordpress бо забони тоҷикӣ
👇👇👇
https://donishju.net/omuzishi-somonasozi-tarzi-baqaydgirii-somona/
Эй кошки то абад намирад модар
Ё ҳастии ҷовидон бигирад модар.
Меҳр аст саросару вуҷудаш то ҳаст
Эй кош ки поён напазирад модар

Чун меҳр, бузургу бенишонӣ модар
Ороми дилу азизи ҷонӣ модар.
Эй кош ҳамеша ҷовидон мебудӣ
Он қадр ки хубу меҳрубонӣ модар

#шоҳбайт
Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
Таъсири машруботи спиртдор ба системаи асаб ва кирдори одам. Майпарастӣ ва ҷамъият

Машруботи спиртдор аз меъда ба хун баъди ду дақиқа дохил мешавад. Хун онро ба тамоми ҳуҷайраҳои организм паҳн мекунад. Пеш аз ҳама ҳуҷайраҳои нимкураҳои калони мағзи сар зарар мебинанд. Фаъолияти рефлекси шартии одам бадтар…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12770
Канали мо » @donish_su
#Хушбин_бош!

Маро аз кор озод карданд!

Аз кор рондани шумо набояд сабаби ғусса хӯрдани шумо гардад! Ин метавонад ба он асос шавад то шумо пештар равед ва ягон кори беҳтару ҷолибтарро ҷустуҷӯ намоед, ҳатто ба таври қатъӣ метавонед муҳити кории худро иваз намоед.

Манбаъ: donishju.net/khushbin-bosh
@donish_su
2024/09/25 04:29:40
Back to Top
HTML Embed Code: