Telegram Web Link
Панду андарз аз Абӯалӣ ибни Сино

Айби мардум бипӯш! Ва дин ба дунё мафурӯш!

Сармояи умрро ғанимат шумор ва тоати ҳақро ғанимат дор!

Аз омӯхтан нанг мадор!

Наҷоти нафс дар ибодат ҷӯй!

Дар ҳар коре, ки бошад, ёрӣ аз Ҳақ талаб!

Аз нодони мағрур иҷтиноб2 намой!

Ношунидаю нодида маҷӯй айби касон ва ба айби худ бино бош!

То напурсанд, магӯй, то нахонанд, марав!

Баланди ба сабр ҷӯй!

Дунёпараст мабош!

Аз омӯхтани илм майосой!

Бар тоат ҳарис бош!

Дар ниҳон беҳтар аз ошкор бош!

Даргузар, то даргузаранд!

Аз худ лоф мазан!

Он чӣ наниҳодаӣ, бармагир!

Дилро бозичаи дев масоз!

Ҳарчӣ ба худ раво надорӣ, бар дигарон маписанд!

Бандаи ҳирс мабош!

То тавонӣ нони кас махӯр ва нон аз хеҷ кас дареғ мадор!

Аз додаи Худой хӯр, ки ҳаргиз кам нашавад.


Манбаъ: www.DONISHJU.net/sino
@donish_su
АҲЛИ САОДАТ

Шуд далели некбахтон чор чиз,
Ҳар кӣ ин чораш бувад, бошад азиз.

Асли пок омад далели некбахт,
Нест бад асли сазои тоҷу тахт.

Некбахтонро бувад рои савоб,
Он кӣ бадрой аст, бошад дар азоб.

Ҳар кӣ эмин аз азоби ҳақ бувад,
Нест мӯмин, кофари мутлақ бувад.

Умри дунё чанд рӯзе беш нест,
Ғофил аст он кас, ки пешандеш нест.

Тарки лаззоти ҷаҳон бояд гирифт,
Домани соҳибдилон бояд гирифт.

Дар паи лаззоти нафсонӣ мабош,
Дӯстдори олами фонӣ мабош!

Нест ҳосил ранҷи дунё бурданат,
Оқибат чун мебибояд мурданат.

Аз танат чун ҷон равон хоҳад шудан,
Хок андар устухон хоҳад шудан.

Мар туро аз додани ҷон чора нест,
Раҳ з-анат ҷуз нафас аммора нест.

#Пандномаи_Аттор

Манбаъ: https://donishju.net/ahli-saodat

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Толеи ҳар кас ба дасти худаш аст.

Роз, ки аз се гуш гузашт дигар роз нест.

Хоби посбон чароғи дузд аст.

Касе, ки як бор маро фиреб медиҳад барои ӯ нанг аст, вале касе, ки ду бор маро фиреб медиҳад барои ман нанг аст.

Духтари оқил ҷавони фақирро ба пирамарди сарватманд тарҷеҳ медиҳад.

Он касе, ки аз ранҷи зиндагӣ битарсад, аз тарс дар ранҷ хоҳад буд.

Одами дурусткор ба хотири як қитъа устухон худро ба саг табдил намекунад.

Марди чоплус як душмани махфӣ аст.

Он ки тӯҳмат мезанад, ҳазор бор мекушад ва қотил як бор.

Дӯстонро дар хилват сарзаниш кунед ва дар малои омм таҳсин.

Агар намедонӣ бипурс.

Офати саховатмандӣ исроф аст.

Сиришт, ки аз дар ронда шуд аз тиреза медарояд.

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/pand
@donish_su
Дар вақти амри маъруфи намози ҷумъа зикр кардан мумкин аст?

# Савол

Дар вақти амри маъруфи намози ҷумъа зикр кардан мумкин аст ё на?

#

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3672
Канали мо » @donish_su
Осудагию саломатиро чӣ гуна метавон ёфт?

Офиятро гар бихоҳӣ, эй азиз,
Метавонаш ёфтан аз чор чиз.

Эминию неъмат андар хонадон,
Тандурустию фароғат баъд аз он.

Чунки бо неъмат амонӣ бошадат,
Офиятро з-у нишонӣ бошадат.

Бо дили фориғ чу бошӣ тандуруст,
Дигар аз дунё набояд ҳеҷ ҷӯст.

Бармаёвар то тавонӣ коми нафс,
То наяфтӣ, эй писар дар доми нафс.

Зери по овар ҳавои нафсро,
Кам бад-ӯ деҳ баҳраҳои нафсро.

Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро,
То бияндозанд андар чаҳ туро.

#Пандномаи_Аттор

Манбаъ: https://donishju.net/osudagiyu-salomati

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Касе, ки дар берун аз хона худро оқилтар аз муҳити хонааш нишон медиҳад, аҳмақе беш нест.

Онки ашкҳои як кӯдакро нахушконад, худ хоҳад гирист.

Дуруғгӯ ба фиреби дигарон шурӯъ мекунад ва ба фиреби худаш поён меёбад.

Бо қарз агар домод шудӣ бо ханда Худоҳофизӣ кун.

Забонатро нигоҳ дор ҷойгоҳат боло меравад.

Агар ба меҳмонии гург меравӣ саг ба ҳамроҳат бубар.

Одами хашмгин наметавонад ҳақиқатро бигӯяд.

Сари мор бурида шавад дигар як ресмон аст.

Оқил забонашро дар қалб ва аҳмақ дар даҳон ҷой додааст.

Касе, ки аз ранxи зиндагӣ битарсад, аз тарс дар ранx хоҳад буд.

Дунё пас аз марги мо чи дарё чи сароб.

Шароби бепулро ҳам қозӣ мехӯрад.

Шағол, ки аз боғ қаҳр кунад фоидаи боғбон аст.

Кӯр аз Худо чӣ мехоҳад? Ду чашми бино.

Бодовардаро бод мебарад.

Мурғашро куша гуфта намешавад.

Ҷавоби аблаҳ хомўшист.

Марг ба фақиру ғанӣ нигоҳ намекунад.

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/pand
@donish_su
Оқил бояд чӣ гуна бошад?

Ҳар киро ақл аст, дониш, эй азиз,
Дур бояд буданаш аз чор чиз.

Кори худ бо носазо накнад раҳо,
Мард менакнад ба ҷои носазо.

Ақл дорӣ, майли бадкорӣ макун,
3-ин чу бигзаштӣ, сабуксорӣ макун.

Ҳар киро аз ҳилм дил равшан бувад,
Дар замона бо салоҳи тан бувад.

То шавӣ пеш аз ҳама дар рӯзгор,
Даст бар нону намак бикшода дор.

То ту бошӣ дар замона додгар,
Зердастонро накӯ дорӣ асар.

Ҳар кӣ ӯ аз ҳирс дунёдор шуд,
Бегумон, аз вай Худо безор шуд,

Баҳри зар мастой дунёдорро,
То чӣ хоҳӣ кардан ин мурдорро.

Мурдагонанд ағниёи рӯзгор,
Эй писар, бо мурдагон суҳбат мадор.

Молу зар беҳад ба даст оварда гар.
Баъд аз он дар гӯри ҳасрат бурда гар.

#Пандномаи_Аттор

Манбаъ: www.DONISHJU.net/okil

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Иди Рамазон муборак!

@donish_su
Фазилати зикри Худо

Бош доим, эй писар, бо ёди ҳақ,
Гар хабар дорӣ зи адлу доди ҳақ.

Зинда дор аз зикр субҳу шомро,
Дар тағофул магзарон айёмро.

Ёди ҳақ омад ғизо ин рӯҳро
Марҳам омад ин дили маҷрӯҳро.

Ёди ҳақ гар мӯниси ҷонат бувад,
Кай ҳавои коху айвонат бувад.

Гар замоне ғофил аз раҳмон шавӣ,
Андар он дам ҳамдами шайтон шавӣ.

Мӯмино, зикри Худо бисёр гӯй,
То биёбӣ дар ду олам обрӯй,

Зикрро ихлос мебояд нахуст,
Зикри беихлос кай бошад дуруст.

Зикр бар се ваҷҳ бошад бехилоф,
Ту надонӣ ин суханро аз газоф.

Омро набвад ба ҷуз зикри забон,
Зикри хосон бошад аз дил бегумон.

Зикри хосалхос зикри сир бувад,
Ҳар кӣ зокир нест, ӯ хосир бувад.

Ҳамди холиқ бар забон рон, эй писар,
Умр то барбод надҳӣ сарбасар.

Лаб маҷунбон ҷуз ба зикри кирдигор,
3-он ки поконро ҳамин будаст кор.

#Пандномаи_Аттор
Манбаъ: www.DONISHJU.net/zikri-khudo
@donish_su
Васиятҳои Луқмони ҳаким ба фарзандаш

Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.

Насиҳату андарзи дигаронро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун.

Дар муқобили пешомадҳо шакибо бош!

Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!

Бо мардум бо ғуруру такаббур рафтор накун!

Дар маҷолис ангушт дар бинӣ наяндоз!

Розу асроратро назди худ нигоҳ дор!

Дӯстро дар ҳангоми сахтӣ озмоиш кун!

Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!

Бо донишмандон ҳамроҳ бош!

Дар касб ва кори нек ҷиддӣ бош!

Бар кӯтаҳфикрону заифон эътимод накун!

Бо оқилони имондор ҳамеша машварат кун!

Сухани санҷидаро баён кун!

Дӯсту ёронро эҳтиром кун!

Бо дӯсту душман хӯшахлоқ бош!

Харҷатро камтар аз даромадат дошта бош!

Ҷавонмардӣ ва гузаштро пеша кун!

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/lukmon
@donish_su
Макун, ки оҳи фақире шабе бурун ояд,
Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.

Зи тири оҳи ятимон магар наметарсӣ?
Фиғону нола ба Аршу малоик андозад.

Ҳазар намой аз он нолаи саҳаргоҳӣ,
Ки гар ба кӯҳ занад, равзанае дар он созад.

Ба вақти нимишабӣ гар бигуяд: «Эй Аллоҳ!»,
Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.

Ҳазор ҷафшани фулод гар бипӯшӣ ту,
Зи оҳи гарми фақире чу мум бигдозад.

Матоз бар сари мазлуми сокин, эй золим,
Ки дасти фитнаи айём ба сарам тозад.

Агар биҳил накунад соили ситамдида,
Ҷазодиҳанда туро дар ҷаханнам андозад.

Зи бари ҷаври лаимон манол Абдуллоҳ
Ки гар хасе бизанад, Кирдигор бинвозад.

Абуалӣ ибни Сино

Манбаъ: www.DONISHJU.net/sino
@donish_su
Васиятҳои Луқмони ҳаким ба фарзандаш

То метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!

Дар ҳангоми сухан гуфтан матин ва ором бош!

Ба кам хӯрдану кам гуфтан ва кам хуфтан худатро одат бидеҳ!

Ноомӯхта устодӣ накун!

Бо заъифон ва кӯдакон сирри худро дар миён нагзор!

Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!

Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!

Коре накун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд!

Фарзандам ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро ба Худованд шарик насоз.

Ба ҷуз Худованд ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро фармонраво ва фарёдраси хеш машмор!

Вуҷуди падару модаратро ғанимат бишмор!

Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!

Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастӣ ва мастӣ ва нодонӣ бидон!

Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!

Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!

Дар мол ва мақоми дигарон тамаъ накун!

Бо Худованд содиқ ва бо мардум боинсоф бош!

Дар ҳузури меҳмон бар касе хашм нагир!

Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!

Аз пеши дигарон ғизо ва мева барнадор!

Дар роҳ рафтан аз бузургон пешӣ нагир!

Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!

Аз ҷангандозӣ ва хусумат парҳез кун!

Аз хостаҳои нобаҷои зан ва фарзандон пайравӣ накун!

Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!

Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!

Бо чашм ва абрӯ бо дигарон сухан нугӯ!

Ҳеҷ гоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат накун!

Худхоҳ ва мутакаббир набош!

Кори хуби дигаронро кори худ нишон надеҳ!

Бо падару модарат беҳтарин рафторро ихтиёр кун.

Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад.

Бо мардум ором сухан бигӯ ва фарёд назан!

Андарзеро, ки ба дигарон медиҳӣ худат бештар амал кун!

Суханро ба андоза бигӯ!

Ҳаққи мардумро ба хубӣ адо кун!

Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бишумор!

Марди дунё ва ҳам марди охират бош!

Дар маҷолис чашм ва забонро аз гуноҳ боз дор!

Назофатро ҳеҷгоҳ фаромӯш накун!

Дӯстон ва ҳамкешонатро ҳеҷгоҳ тарк накун!

Фарзандонатро дониш ва диндорӣ биёмӯз!

Ҳеҷ кореро пеш аз андеша ва тадбир анҷом надеҳ!

Кори нокардаро кардаи худ надон!

Бо бузургтар аз худ мазоҳ накун!

Бо бузургон сухани тӯлонӣ нагу!

Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир накун!

Дар роҳ рафтан миёнарӯ бош!

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/lukmon
@donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
Ҳар тоҷик бояд ҳар рӯз ду соат китоб хонад.

Садриддин Айнӣ
Як марди олус (чашмкаҷ) барои додхоҳӣ ба назди подшоҳ омад. Подшоҳ ба ҷои шунидани арзу дод он мардро изо доданӣ шуда пурсид:

- Ба назари олусҳо ҳар як чиз дуто менамояд мегӯянд, ҳамин гап рост?

Олус дархол ҷавоб дод:

- Ҳо, тақсир! Масалан, хозир шумо ба назари ман чорпо менамоед!

#Ҳазл
Манбаъ: www.DONISHJU.net/latifaho

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Суръат ва фанноварӣ маъное надорад, агар дар галаи гӯсфандон бошед.

#тафаккур
@donish_su
Чаҳор чиз баданро ба ҳалокат мерасонад:

1. Андӯҳ, яъне ояндаро фикр карда ғусса хӯрдан;
2. Ғам, яъне ба гузашта ғусса хӯрдан;
3. Гуруснагӣ;
4. Саҳар кардан, яъне шаб то рӯз хоб накардан.


Манбаъ: www.DONISHJU.net/chahor-chiz
@donish_su
Forwarded from АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 (Абдурашид Қаюмзод)
Беарзиштарин навъи ифтихор, ифтихор ба доштани вижагиҳое аст, ки худи инсон дар доштанашон ҳеҷ нақше надорад. Мисли чеҳра, қад, ранги чашм, миллат, сарвати хонаводагӣ ва хеле чизҳои дигар...
Аз чизҳое, ки худатон ба даст овардаед, ҳарф бизанед. Монанди инсоният, шуур, меҳрубонӣ, садоқат ва ...

Одамиро, одамият лозим аст,
Удро гар бӯ набошад, ҳезум аст.
Панду андарз аз Саъдии Шерозӣ

1. Мол аз баҳри осоиши умр аст, на аз баҳри гирд овардани мол!

2. Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахт чист? Гуфт: “Некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт (монда рафт).

3. Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва сайъи бефоида карданд: яке он, ки мол андӯхту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

На муҳақиқ бувад, на донишманд,
Чорпое, ки бар ӯ китобе чанд!

Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/sadii-sherozi
@donish_su
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Шаҳре, ки мардумаш китобро муқаддас медонанд ва рӯзгорашонро бо китоб зебо мекунанд ва деворҳояшонро низ бо расми китоб оро медиҳанд, мушаку паҳпод ҳам дораду барқ ҳам, илм ҳам дораду фановарӣ ҳам…
2024/09/25 04:27:33
Back to Top
HTML Embed Code: