Telegram Web Link
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚜️‼️Мавзӯи 8️⃣‼️⚜️

💫Посух ба як шубҳа💫

Аммо ончи омадааст, ки имом Бухорӣ Имом Абуҳанифаро заъиф гуфтааст👇🏻👇🏻

🌹Бояд донист, ки имом Бухорӣ имоми муҷтаҳид буда назариёт ва бардоштҳои хосси худро дошт, ки бо назариёти имом Абуҳанифа (Аллоҳ раҳматашон кунад) баъзан мувофиқат намекарданд аз лиҳози ихтилофи назар нисбати имом Абуҳанифа сухан кардааст, ки дар илми ҷарҳу таъдил ин ҳолат назди уламо ба назар гирифта шуда муҳаддисе ки бо муҳаддиси дигар назариёти мазҳабияшон мухолиф ҳастанду нисбати якдигар ҷарҳ кунанд ингуна ҷарҳ эътибор надошта пазируфта намешавад.

🌸
Чуноне ки имом Субкӣ гуфтааст:

«Лозим аст, дар ҳолати ҷарҳ ихтилофи назарҳоро ба назар гирифта шавад, зеро баъзан бо якдигар ихтилофи назаре мекунанду ҳамдигарро ҷарҳ мекунанд..»
📚Қоидатун-фил-ҷарҳи ват-таъдил саҳ:12, мазмуни суханашро овардам).

🌴Мисоли дигар барои онки ҳолати ихтилофи назарҳо ҳангоми ҷарҳ ба назар гирифта шуда чунин ҷарҳ қобили қабул нест, инаст ки имом Бухорӣ бо имом Абузуръа, ва Абуҳотиму Имом Зуҳалӣ дар масъалаи лафз ихтилофи назар доштанд аз сабаби ин ихтилофи назарҳо имом Бухориро ҷарҳ карданд, локин ин ҷарҳашон назди аҳли илм эътибор дода намешавад.

🌼Ҳамчунин ҷарҳе ки имом Бухорӣ имом Абуҳанифаро (Аллоҳ ҳардуяшонро раҳмат кунад) кардааст эътибор надошта пазируфта намешавад, зеро чигунае ки гуфтем ин ҷарҳ аз нигоҳи ихтилофи назарҳои мазҳабӣ ва баъзе аз фуруъоти эътиқодӣ аст.

🌿Ва дигар инки имом Абуҳанифа имомату бузургияш ба иттифоқи аҳли илм собит аст ва он баъзе ҷарҳҳои ноҷое ки шудаанд қабул карда намешаванд чуноне ки имомати имом Бухорӣ низ назди аҳли илм ба субут расида ҷарҳи баъзе уламое ки имом Бухориро кардаанд эътибор надоранду пазируфта намешаванд.

🍃Пас агар ба як заъиф гуфтани баъзе аз муҳаддисин имом Абуҳанифаро дар илми ҳадис заъиф дониста шавад бояд ба заъиф гуфтану ҷарҳ кардани баъзе аз уламои дигар имом Бухориро низ чунин гуфта шавад, ки шахси оқил чунин намекунад!

👉🏻"Пас бояд инсоф карду ҳарду тарафро назар карда шавад"

🦋
https://www.tg-me.com/imom_Abuhaniffa

‌‌━━━┅═‌‌━━💚‌‌━━━┅═‌‌━━
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚜️‼️Мавзӯи 9️⃣‼️⚜️

💫Оё имом Абуҳанифа қиёсро аз ҳадис боло медонист💫

🌹Яке аз шубҳаи дигар ки матраҳ мешавад, инаст ки гӯё имом Абуҳанифа раҳимаҳуллоҳ қиёсро аз ҳадис боло дониста мухолифи ҳадис амал карда фатвоҳо медодааст.

🌷Аммо муҷарради ингуна даъвоҳои беасос ҳуҷҷат шуда натавониста аз ҷаҳли гӯяндаи ин сухан дарак медиҳад, зеро имом Абуҳанифа раҳимаҳуллоҳ нисбати аҳодиси набавӣ чунон эҳтиром қоил буда ки ҳатто ҳадиси заъифро аз қиёс боло медонист, дар масъалае ки ҳадиси заъиф омада бошад қиёсро тарк карда ҳадиси заъифро аз қиёси худ боло медонист, ки на ҳамаи уламо чунин мекарданд ва инҳам далолат бар бузург доштани имом аз суннат аст!

- Пас чигуна қиёсро аз ҳадис боло медониста аст?

🌸Ибни Ҳазми Зоҳирӣ мегӯяд:

«Тамоми шогирдони Абуҳанифа бар ин иҷмоъ доранд, ки (дар) мазҳаби Абуҳанифа ҳадиси заъиф беҳтар аст аз қиёс ва раъй назди ӯ»
📚Мулаххасу ибтолул-қиёс саҳ:68, инчунин Заҳабӣ дар маноқиби имом

🌿Аз худи имом Абуҳанифа ривоят аст, ки гуфтааст:
كذب -والله- وافترى علينا من يقول: إننا نقدم القياس على النص!

«Савганд ба Худо дурӯғ гуфтаасту бар мо тӯҳмат бастааст касе ки мегӯяд мо қисёр аз насс муқаддам медонем»

🌷Раъй ва қиёс яке аз далоилест, ки имомони чаҳоргона ва тамоми фуқаҳо ба он амал намудаанд, вале касоне ки қиёсро ҳуҷҷат надониста радд намудаанд ба як сар фатвоҳои хандаоваре даст задаанд шахси бе илм аз шунидани он фатвоҳо хандааш меояд.

🌸Инчунин аз худи имом Абуҳанифа нақл аст, ки гуфтааст:

نحن لا نقيس إلا عند الضرورة الشديدة...

«Мо қиёс намекунем, магар дар ҳолати чи қадар зарурат пеш омадан..»
📚Ал-мизон аз имом Шаъронӣ ҷ1 саҳ:51

🍃Аз худи имом Абуҳанифа ривоят аст, ки гуфтааст:

«Ончи аз ҳадиси Паёмбар (Салаллоҳу ъалайҳи васаллам) бароям расад болои сар мегузорам, ва ончи аз саҳоба бароям расад аз қавли онҳо ихтиёр мекунам, ва аз суханони онҳо берун намебароям..»

🌷Пас ин даъво ки имом Абуҳанифа қиёсро аз ҳадис боло медонистаасту хилофи ҳадис фатвоҳо медодааст дурӯғ буда шахси оқил чунин иддаъо намекунад.

🦋
https://www.tg-me.com/imom_Abuhaniffa

‌‌━━━┅═‌‌━━💚‌‌━━━┅═‌‌━━
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Хает ва фаъолияти И,А,Абухани
01
🎙Ҳаёт ва Фаъолияти Имоми Аъзам Абӯҳанифа! Қисми 1️⃣

🎤Домулло Абдураҳим

•┈┈┈••🌿🌹🌿••┈┈┈┈•

🦋
https://www.tg-me.com/imom_Abuhaniffa
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Хает ва фаъолияти Эмом Аъзам
2
🎙Ҳаёт ва Фаъолияти Имоми Аъзам Абӯҳанифа! Қисми 2️⃣

🎤Домулло Абдураҳим

•┈┈┈••🌿🌹🌿••┈┈┈┈•

🦋
https://www.tg-me.com/imom_Abuhaniffa
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Хает ва фаъолияти И,А,Абухани
03
🎙Ҳаёт ва Фаъолияти Имоми Аъзам Абӯҳанифа! Қисми 3️⃣

🎤Домулло Абдураҳим

•┈┈┈••🌿🌹🌿••┈┈┈┈•

📲
HTTPS://T.ME/HOJI_MiRZO1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Хает ва фаъолияти И,А,Абухани
04
🎙Ҳаёт ва Фаъолияти Имоми Аъзам Абӯҳанифа! Қисми 4️⃣

🎤Домулло Абдураҳим

•┈┈┈••🌿🌹🌿••┈┈┈┈•

📲
HTTPS://T.ME/HOJI_MiRZO1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🌹Имом Шофеъ, ки шогирди Имоми Муҳаммад аст, мефармояд:

🌷«Ҳар касе хоҳад фиқҳро омӯзад, ба шогирдии шогирдони Имоми Аъзам бишитобад, зеро ҳосил намудани маонӣ аз онҳо осонтар аст. Ман, ки Имоми Шофеъам, фақиҳ, нашудам магар бо мутолиа ва омӯхтани китобҳои Муҳаммад ибни Ҳасан».
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM


Аз уламо манқул аст, ки фиқҳро Абдуллоҳ ибни Масъуд кишт, Алқама даравид ва Иброҳими Нахъӣ хирман кард ва Имом Ҳаммод кӯбид ва Абӯҳанифа осиё кард ва Имом Абӯ Юсуф хамир кард ва Имом Муҳаммад нон пухт, ки ҷомеъи мардум ин нонро истеъмол мекунад.

Ва баъзе уламо ин маъноро ба риштаи назм даровардаанд. Фиқҳро ҳамчун нон омода намудани Имом Муҳаммад аз он маъност, ки ӯ таҳриру тазҳиб намуд ва масъалаҳоро чунон равшан кард, ки дигар ба шарҳи он ҳоҷате боқӣ намонд.

This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🌹ДАР БАЁНИ ХАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ🌹

🍁Аз Ҳаммод, фарзанди он ҳазрат овардаанд, ки гуфт:

🌷 «Падарам Имоми Аъзам гандумгун, хушрӯй, хушсифат, боҳайбат, дорои сифатҳои бузург буданд. Аксаран хомӯш мебуданд, магар дар вақти ҷавоб, миёнқаду ба дарозӣ моил, мавзунқомат ва ба суханони беҳуда ҳамроҳ намешуданд. Сӯҳбаташон дилкаш ва бофайз буд».

🌿Аз шогирдони эшон Имом Абӯюсуф меоранд, ки гуфт:

🌸"Дар сурат бар ҳама бартарӣ доштан, дар эрод бо ниҳояти комил ва дар вақти ҳуҷҷат овардан равшанкалому ширинсухан. Ҳама кас аз маҷлису дарси эшон баҳраҳо меёфт ва барои маонифаҳму олим шудани шогирдон кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд. Аз зиёдии ҷидду ҷаҳди эшон ҳар одам олими фиқҳ шуданашон осон буд".

«Раҳимаҳуллоҳу раҳматан васиатан ва маттоъан. Аллоҳума биахзи улумиҳи. Омин». (Раҳм кунад Аллоҳ бо раҳмати бузургаш ва Аллоҳ ба гарифтани илмҳояш муяссар гардонад).
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
زندگانیِ امام اعظم رحمه الله
@Hajimirzo/حاجی میرزا
🎙Зиндагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа!

🎤Ҳочи Мирзо

•┈┈┈••🌿🌹🌿••┈┈┈┈•

Https://www.tg-me.com/imom_Abuhaniffa
2024/11/05 04:16:35
Back to Top
HTML Embed Code: