Telegram Web Link
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 3.🗒️

Тақдири хуб ва бад аз ҷониби Аллоҳ аст!.m4a
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 4.🗒️

Худо бар арш Иставо аст!.m4a
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 5.🗒️

Қурон каломи Худост. Ва махлуқ нест!.m4a
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 6.🗒️

Беҳтарин шахсиятҳо баъди расули Худо киҳо ҳастанд_.m4a
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 7.🗒️

Афъоли халқ сохта шудагист!.m4a
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 8.🗒️

Худо қудрат медиҳад барои ки мо амал кунем..m4a
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 9.🗒️

Масҳ дар болои хуфҳо.m4a
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 10.🗒️

Дар бораи азоби қабр, қалам, мизон, ҷаннат ва нор!.m4a
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 11.🗒️

Зинда гардонидани нуфус баъд аз марг, ва Тоҳир будани Ҳазрати Оиша..m4a
МАРДЕ, КИ АЗ СУРАЁ ИЛМРО БА ДАСТ ОВАРД.

Собит яке аз мардони тоҷири бузурге буд, ки ислом пазируфт ва марди намунавие дар дин буд. Ў бо Имом Алӣ (р) мулоқот намуд ва Алӣ (р) барои ў ва фарзандонаш дуои нек фармуд. Худованд дуои ўро пазируфт ва барояш фарзанде ато намуд, ки ўро Нуъмон ном гузошт. Ин ҳамон Нуъмоне буд, ки акнун мазҳабаш бештар аз нисфи мусалмонони дунёро фаро гирифта сарзаминҳое чун: Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Туркиё, Осиёи миёна, Кашмир, Афғонистон Туркистон ва кишварҳои бешуморе пайравӣ аз ин мазҳаб доранд.
Ў дар синни 70 солагӣ, дар соли 150 ҳ-қ дунёи фониро падруд гуфт ва дар Бағдод ба хок супурда шуд.

*Касе ба Абуҳанифа (р) гуфт: эй бидъаткор! Эй зиндиқ! Абуҳанифа (р) дар посухаш гуфт: Худо туро мағфират кунад, Худо медонад он гуна, ки ту мегуи нестам, аз он замон, ки Худоро шинохтаам ба ў шарик наовардаам, танҳо аз Ў умеди мағфират дорам, ва аз чизе ғайр аз иқоби Ў наметарсам.

*Абуҳанифа (р) шабзиндадор ва Худотарсу хоксор буд. Ў боре мардеро шунид, ки ба касе дигар мегўяд: Абуҳанифа шабҳо намехобад. Абуҳанифа (р) гуфт: савганд ба Худо дар бораи ман чизе мегўяд, ки дар ман нест.

*Ў бо мардум нармсухан ва хушрафтор буд.

*Мегўянд боре марде ба ў гуфт: аз Худо битарс. Абуҳанифа (р) сарашро хам кард ва пас аз лаҳзае гуфт: эй бародар Худо ба ту подоши хайр диҳад, мардум ҳамеша ниёз ба касе доранд, ки ба ёди Худо меоварандашон.

*Назр ибни Шумайл мегўяд:
Мардум дар бораи фиқҳ дар хоб буданд, то инки Абуҳанифа онҳоро бедор кард.

*Ибни Муборак мегўяд:
Касеро дар фиқҳ монанди Абуҳанифа надидам.

*Язид ибни Ҳорун мегўяд:
Касеро бурдбортар аз Абуҳанифа надидаам.

*Яке аз донишмандон дар бораи ў мегўяд: Агар илми Абуҳанифа бо илми тамоми ҳамъасронаш вазн карда шавад, илми ў гаронтар хоҳад омад.
👆
🖼 سلسله مهمترین فقهاء و متکلمین حنفی در ماوراء النهر و خراسان تا قرن ششم هجری
- Имом Абуханифа رحمه الله дар кадом шахр тавалуд шуданд?
Anonymous Quiz
12%
Басра
23%
Бағдод
59%
Куфа
3%
Макка
3%
Мадина
Лайс ибни Саъд чунин нақл кардааст:

Марде Имоми Аъзамро гуфт: Эй Имом, маро писарест бадахлоқ. Барои ӯ канизеро бо моли гарон харидорӣ кардам, ӯ бошад он канизро озод намуд. Сипас ӯро бо духтаре хонадор сохтам, баъд аз издивоҷ ҳамсарашро талоқ дод. Ҳоло чӣ кор кунам, ки аз ин баъд зарар набинам. Имоми Аъзам фармуданд: Ин маротиба писаратро ҳамроҳи худ ба бозор бибар ва чун майли ӯ бо кадом канизе бештар зоҳир гашт, ӯро барои худ харидорӣ намо ва чун ба хона овардӣ, он канизро бо писарат издивоҷ бинамо. Билфарз, агар писарат он канизро озод сохт, пас ин амал аз писарат ҷоиз намегардад ва агар ӯро талоқ дод, пас, ӯ назди шумо ҳамчун каниз боқӣ мемонад ва зиёни молӣ нахоҳӣ дид. Лайс ибни Саъд аз ин ҷавоби сареу мувофиқ ба шигифт омада Имом Абӯҳанифаро аҳсан гуфт.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Хочи Мирзо дар мавриди имом Абуханифа رحمه الله ва мазхаби у!
​​📌 «Кулли Қуръон дар як ракаат....»

✍🏻 Мис'ар ибни Кидама رحمه الله хабар расонд, ки:

📜 «Замоне ман ба масҷид рафтам ва онҷо шахсеро дидам намоз хонда истодааст. Ман ба Қуръонро тиловат кардани ӯ мафтун шудам. Вақте ӯ ба ҷузъи ҳафтум расид, пас ман фикр кардам, ки ҳозир ӯ рукӯъ мекунад, аммо ӯ инро накард ва сеяки Қуръонро (ҷ. 10-ум) хонд. Ва вақте ӯ нисфи Қуръонро хонд, ман фикр кардам, ки ӯ ҳозир рукӯъ мекунад, аммо ӯ идома дод ва кулли Қуръонро дар як ракаат ба анҷом расонид. Ва вақте ман ба ӯ бодиққат нигоҳ кардам, пас фаҳмидам, ки ин Имом Абу Ҳанифа буд».

📚 Ниг. «Укуд ал-Ҷуман», саҳ.176
Аз китоби: «Зачем следовать мазхабу?»

 
Язид ибни Ҳорун мегӯяд:

"Ман ҳазор мард (-и донишманд)-ро дида ва аз бештари онҳо навиштам, дар миёни онҳо фақиҳтару парҳезгортар ва донотар аз панҷ кас надидам, ки аввалинашон Абуҳанифа аст"
Аз ахлоқ ва одоби Имом Абӯҳанифа رحمه‌الله

- Ӯ ба суолҳои бемаъно, ки пурсанда онро бо инод матраҳ мекард, посух намедод:

Абӯосим мегӯяд: Марде аз имом Абуҳанифа пурсид, ки таом ба шахси соим (рӯзадор) кай ҳаром мегардад?

- Фармуд: Ҳар гоҳ субҳ бидамад.

- Он мард боз суол кард: "Агар субҳ нисфи шаб бидамад чи?"

- Рови мегӯяд: Имом Абӯҳанифа ба ӯ гуфт: "(Аз ин ҷо) бархез эй каҷпо"
📚Таърихи Бағдод , Хатиб 13/352
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 17 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 7 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
2024/11/05 04:16:14
Back to Top
HTML Embed Code: