Telegram Web Link
Audio
👆🏻КАСЕ АБУХАНИФАРО МУРТАД Ё ГУМРОХ Ё КОФИР ГУЯД ХУКМАШ ЧИСТ
Саргузашти имом
Абуҳанифа .doc
2.1 MB
📚САРГУЗАШТИ ИМОМ АБУҲАНИФА رحمه الله
Боре шахсе, ки бо имом Абуханифа(р) дохили мунозира буд гуфт:

- Эй зиндиқ..!

- Имоми Аъзам гуфт: «-Худо туро биёмӯрзад, Худо медонад, ки ман хилофи онам, ки ту мегӯӣ ва ман аз вақте Худоро ба яккаву ягонагиаш шинохтаам, ҳеҷ касе бо ӯ баробар напиндоштаам, ба ҷуз авфи гуноҳ, дигар умеде надорам ва ба ҷуз азоби ӯ, аз чизе ва аз касе наметарсам»

- Сипас аз ёдоварии калимаи ъиқоб гирист ва ба замин афтод ва пас аз лаҳзае ба ҳуш омад, аз ҷой бархост. Он гоҳ марди ҷониби муқобили ӯ гуфт:
- Маро бубахш, ай Имоми муаззам.

Имоми Аъзам гуфт: - Касе ба нодонӣ, роҷеъ ба ман чизе гуфта, ӯро бахшидам, зеро бахшанда ва меҳрубон будан, аз сифатҳои Ҳақ субҳонаҳу ва таъолост ва агар марди доно ва аз чизе воқифу огоҳе ба ман айберо нисбат намуда, ки ман аз он барӣ мебошам, ӯро ҳеҷ авф намекунам, зеро бадгӯии уламо чизе аст, ки таъсири онҳо баъд аз онҳо боқӣ мемонад»

✍🏻Пас шахсоне, ки баъди 1400 сол ба имом Бадгуйи ва бе эҳтироми мекунанд оё имом онҳоро бахшидааст? Худованд дар дунёву охират хоразон мекунад ИншаАллоҳ!
🕊Абӯҳанифа бо санад аз Абдуллоҳ хабар дода, гуфт:

🕊Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:

"Рӯзи қиёмат уламо ҷамъ карда мешаванду барояшон мегӯянд, ки ман ҳикматам (илмам)-ро дар дили шумо ҷо накардам, магар ин ки ба шумо некӣ мехостам, биравед, ба дурустӣ ки он амалҳоеро, ки аз шумо содир шуда буд, мағфират намудам"
📚[Муснади имом Абуҳанифа саҳ 170]

✍🏻Пас вой бар шахсе, ки андак хатову иштибоҳи уламоро ва ихтилофи ҷузъи уламоро зери суол бурдаву дар байни мардум бадгӯйи уламо мекунад...! Вой бар онҳо, Вой бар онҳо.
Марде назди Ибни Муборак (р) забон ба бадгӯии имом Абӯҳанифа гушуд, пас Ибни Муборак (р) гуфт:

«-Вой бар ту! Оё забон ба бӯҳтони марде мекушоӣ, ки чиҳилу панҷ соли тамом, панҷ вақт намозро бар як вузӯъ мехонд ва Қуръонро дар як ракаъат хатм мекард ва ончи аз фиқҳ, ки назди ман аст, аз вай омӯхтаам?!»
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ҷойгоҳи #Имом_Абуҳанифа дар илми ҳадис⤵️⤵️
Касоне, ки бо дини Ислом ва усулу манобеи он ошноӣ доранд, медонанд, ки ду манбаи умда ҳамоно Қуръони карим ва ҳадиси Паёмбар (с) аст. Чун Имом Абуҳанифа (раҳ) дар асри тобеин ва табаи тобеин зиндагӣ мекард, дар он замон шахсеро олим гуфта мешуд, ки дар мавриди Қуръон ва суннат ва ақволи уламои салаф аз саҳоба ва тобеин ва табаи тобеин аз маърифат ва тафаққуҳи комил бархурдор мебуд.
Чунончи Аллома Заҳабӣ дар ин маврид мегўяд:
« المنطق والجدل وحکمة الأوائل لم یکن والله من علم الصحابة ولا التابعين ولا الأوزاعی والثوری ومالک وأبی حنيفة ، بل کانت علومهم القرآن والحديث وشبيه ذلک » (7ج1ص: 192(
Яъне «қасам ба Худо, ки мантиқ, ҷидол ва фалсафаи авоил на аз илми саҳоба ва тобеин ба шумор мерафт ва на аз илми Авзоӣ, Саврӣ, Молик ва Абуҳанифа. Ва улуми ҳамаи онҳо Қуръону ҳадис ва умури шабеҳ ба Қуръон ва ҳадис буд.
Бино бо таваҷҷуҳ ба хусусияти он аср ва низ вижагии хосе, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) дар байни ҳамаи имомони ҳадис ва фиқҳ дошт, низ бо таваҷҷуҳ ба маҳали сукунати Имом Абуҳанифа, ки шаҳри Куфа буд, дар он вақт яке аз марокизи машҳури илм ва ҳадис ба шумор мерафт, тавре, ки Имом Бухорӣ дар мавриди он гуфтааст:
« ولا أحصی ما دخلت الکوفة فی طلب الحديث ».
Яъне «ман ба ёд надорам, ки чанд мартаба ба хотири талаби ҳадис вориди Куфа шудаам»
Бо таваҷҷуҳ бо ҳамаи инҳо агар Имом Абуҳанифа (раҳ) паҳлуи ин ки Қуръонро дар овони туфулаташ ҳифз намуда буд, аҳодиси Паёмбарро ҳам ҳифз карда бошад ҷои тааҷҷуб ва шигифтӣ нахоҳад буд. Зеро Имом Абуҳанифа (раҳ) на танҳо ба унвони имоми як мазҳаб балки ба шаҳодати Имом Шофеӣ (раҳ) имоми тамоми имомон ва фуқаҳои мусалмонон ба шумор мерафт.
Акнун бо тавасуи бештар мақом ва ҷойгоҳи Имом Абуҳанифаро дар ҳадис зимни матолиб ва ановини зайл мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

1- Оғози иҳтимоми Абуҳанифа ба ҳадис ва устодони машҳури ӯ:

Аз мутолеаи сирати Имом Абуҳанифа (раҳ) ва низ тасреҳи Имом Заҳабӣ ва соири таърихнависон чунин бармедояд, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) баъд аз соли садуми ҳиҷрӣ ба талаб ва таҳсили илми ҳадис пардохт (8ج6ص: 396) ва аз ҳуфоз ва имомони муътабари Ироқ ва Ҳиҷоз монанди Муҳаммад ибни Мункадир, Ҳакам ибни Утайба, Ҳамод ибни Абусулаймон, Рабиа ибни Абуабдурраҳмон, Зиёд ибни Алоқа, Саъид ибни Масруқи Саврӣ, Омири Шаъбӣ, Самок ибни Ҳарб, Осим ибни Кулайб, Абдуллоҳ ибни Динор, Абдурраҳмон ибни Ҳурмузи аъраҷ, Ато ибни Абурабоҳ, Қатода ибни Даомаи Садусӣ ва ғайра устодони машҳур ва муътабари ҳадис, ки теъдоди маҷмуи онон, тавре, ки Абулҳаҷоҷ Юсуф ибни Абдурраҳмон Музӣ дар китоби худ ба номи «Таҳзибул-камол фӣ асмоур-риҷол» тазаккур дода аз панҷоҳ шайх таҷовуз мекунад, ривоят намудааст (13ج 29ص 418) ва ба хотири он сафарҳои мутаадидеро ҳам анҷом намудааст.
Чунончи Имом Заҳабӣ фушурдаи талош ва саъйи Имом Абуҳанифа (раҳ)-ро ба хотири таҳсил ва фарогири ҳадис дар як ҷумлаи бисёр мухтасар вале ҷомеъ тазаккур дода мегўяд:
« وعُنی بطلب الآثار وارتحل فی ذلک » (8 ج 6 ص: 392
Яъне «Имом Абуҳанифа дар мавриди талаб ва таҳсили осор ва ривоёт иътино варзида таваҷҷуҳи хосе намуда ва ба хотири он сафарҳоеро анҷом дод.
Дар китоби «Сияру аъломун-нубало» ба касрати талаби Имом Абуҳанифа (раҳ) ишора карда мегўяд:
« فإن الإمام أبا حنیفة طلب الحدیث وأکثرمنه فی سنة مائة وبعدها . . » (8ج6 ص: 396).
Яъне «Имом Абуҳанифа дар соли 100 ва баъд аз он ба талаби ҳадис оғоз намуд ва ба касрат онро фаро гирифт.

Имом Абуҳанифа (раҳ) гарчанд иҳтимом ва таваҷҷуҳи хоси худро дар талаб ва таҳсили ҳадис мабзул дошта ва миқдори қобили мулоҳазаи аз аҳодиси набавиро ҳам захира карда буд, аммо назар ба зарурате, ки эҳсос намуд вақт ва таваҷҷуҳи бештари худро дар ҷанбаи фиқҳии ҳадис истинбот ва истихроҷи аҳком ва масоили аз он, шиносоии ом ва хос, носих ва мансух, мутлақ ва муқаяди он ва ғайра фунуни ҳадис мабзул дошта, ки дар натиҷаи он монанди соири муҳаддисин дар нашр ва ривояти ҳадис ва ё ҷамъ ва таълифи он натавонист нақши фаолтареро ифо намояд.

Инак барои таъйиди ин даъво, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) аҳодиси зиёдеро ҳифз дошт метавон ақвол ва гуфтаи як теъдод уламоро ба таври далел ва ё шоҳид зикр намуда сипас асбоби қиллати ривоёти Имом (раҳ)-ро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
2- Шаҳодат ва гувоҳии уламо дар мавриди ҳифзи Имом Абуҳанифа:

Бо мутолеаи кутуби таърих ва тароҷуми уламо, махсусан сирати Имом Абуҳанифа (раҳ) ин ҳақиқат возеҳ мегардад, ки теъдоде аз уламо Имом Абуҳанифа (раҳ)-ро яке аз ҳуфози ҳадис маърифӣ намудаанд.
Чунончи Исроил ибни Юнус мегўяд:
« کان نعم الرجل النعمان ، ما کان أحفظه لکل حديث فيه فقه وأشد فحصه عنه ، وأعلمه بما فيه من الفقه ، وکان قد ضبط عن حماد فأحسن الضبط عنه »(4ج 13ص: 339).
Яъне «Неъмон чӣ марди хубе буд, аз аҳодис ва ривоёт бештар ҳамон ҳадисро ҳифз ва талош мекард, ки дорои фиқҳ ва ё мутазамини ҳукми фиқҳӣ мебуд ва нисбат ба дигарон ба он, яъне фиқҳи ҳадис ошноии бештар дошт ва ин ҳамаро аз Ҳамод бисёр ба шакли хуб ҳифз ва забт намуда буд.
Ҳофиз Закариёи ибни Яҳёи ансорӣ дар маноқиби Имом Абуҳанифа аз Яҳё ибни Наср ибни Ҳоҷиб, аз Имом Абуҳанифа ривоят мекунад, ки гуфта буд:
عندی صناديق من الحديث ما أخرجته منها إلا اليسير الذی ينتفع به » (15ص: 168).
Яъне «Ман захираҳо ва сандуқҳои ҳадисро бо худ дорам, аммо як миқдори бисёр ками онро, ки қобили баҳрагирӣ буд берун намудам.
Шогирди дигари Имом Абуҳанифа, Ҳасан ибни Зиёд мегўяд:
« کان الإمام يروی أربعة آلاف حديث فی الأحکام: الفين لحماد ، وألفين لسائر المشيخة ، وقد انتخب رحمه الله الآثار من أربعين ألف حديث » (15ص: 168).
Яъне «Имом Абуҳанифа танҳо дар боби аҳком чор ҳазор ҳадис ва ё ривоят дошт, ки ду ҳазори онро аз Ҳамод ва ду ҳазори дигарашро аз соири шайхҳои ҳадис ривоят мекард ва аҳодиси «Китобул осор»-ро аз чил ҳазор ҳадис интихоб намуда буд.
Далели дигар ба касрати аҳодис ва ривоёти Имом Абуҳанифа ҳамон масониди мутааддиде аст, ки баъд аз вафоти Имом ҷамъоварӣ шудааст, ки теъдодаш ба 17 муснад мерасад, ки аз ҷумла понздаҳ муснади он тавассути аллома Хаворазмӣ ҷамъоварӣ шуда ва зери унвони «Ҷомеул масонид» чоп шудааст.
Далели дигар бар ин ки Имом Абуҳанифа дар паҳлуи Имомат дар фиқҳ ва истинбот, дар илми ҳадис ҳам аз ҷумлаи ҳуфоз ва имомони барҷастаи ҳадис ба шумор мерафт, ин аст, ки тазкиранависон махсусан Имом Заҳабӣ номи Имом Абуҳанифаро дар китоби муътабари худ «Тазкиратул ҳуфоз» дарҷ намудааст.
Ва китоби «Тазкиратул ҳуфоз» тавре, ки аз номаш пайдост китобе аст, ки Имом Заҳабӣ онро барои ҳуфоз ва устодони ҳадис ихтисос додааст. Чунончи дар муқаддимаи китоб гуфтааст:
« هذه تذکرة بأسماء معدلی حملة العلم النبوی ومن يرجع إلی اجتهادهم فی التوثيق والتضعيف » (7ج1ص: 1).
Яъне «Ин китоб тазкира ва ёддоште аст муштамил бар асомии афроди одил ва муътабаре аз ҳомилини илми набавӣ, касоне, ки дар боби тавсиқ ва тазъиф ба иҷтиҳод ва орои онҳо метавон муроҷиа кард.
Аммо инҷо саволе пайдо мешавад, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) замоне, ки аҳодиси зиёдро ҳифз доштааст пас чаро ривоёташ нисбат ба ривоёти дигарон кам ва ё ночиз маълум мешавад? Ҷавоби ин саволро дар фиқраи баъдӣ метавон дарёфт.

Сабаби кам будани ривоёти Имом Абуҳанифа

1- Сабаби кам будани ривоёти Имом Абуҳанифа (раҳ)

Имом Абуҳанифа (раҳ) бо васфи ин ки ба талаб ва таҳсили ҳадис эътино ва таваҷҷуҳи хосе дошт, аммо боз ҳам дар соҳаи ривоят аз ҷумлаи (муқиллин) ва ё уламо ва имомони камривоят ба ҳисоб меравад.
Иллат ва сабаби муқил будани Имом, тавре, ки як теъдод уламо изҳор доштаанд, ду чиз будааст.

Аввал:

Ташаддуд ва ё равиши сахтгиронаи эшон дар боби ривоят, тавре, ки эшон барои ривояти ҳадис ҳифз ва ё ҳофиз будани ровиро шарт медонистанд.
Чунончи Аллома ибни Салоҳ мегўяд:
« شدد قوم فی الرواية فأفرطوا ، وتساهل فيها آخرون ففرطوا ومن التشدد مذهب من قال: لا حجة إلا فيما رواه الراوی من حفظه ، وذلک مروی عن مالک وأبی حنيفة » (11ص: 185-186).
Яъне «Гурўҳе аз ровиёни ҳадис дар боби ривоят аз ташаддуд ва ифрот кор гирифтанд ва гурўҳи дигаре дар ин росто аз тасоҳули беш аз ҳад кор гирифта муртакиби тафрит шуданд. Ва яке аз шеваҳои ифрот ва ё ташаддуд ин аст, ки дар ҳуҷҷат қарор додани ривояти як ровӣ ҳофиз будани вайро шарт қарор дода шавад, тавре, ки аз Имом Молик ва Абуҳанифа чунин назар нақл шудааст.
Қабл аз Аллома ибни Салоҳ Имом Яҳё ибни Муъин ҳам ба ин шарт ва ё мавқифи сахтгиронаи Имом ишора намуда мегўяд:
کان أبوحنيفة ثقة لايحدث بالحديث إلا بما يحفظه ، ولايحدث بما لايحفظ» (8 ج 6ص: 395).
Яъне «Имом Абуҳанифа (раҳ) шахси сиқа ва муътамаде буд, яке аз алоими сиқа будани ў ин буд, ки аз ҷумлаи аҳодис ва ривоёти дар даст доштаашон фақат ҳамон ҳадисеро ривоят мекард, ки ҳифз медошт, ончиро, ки ҳифз намедошт ривоят намекард.

Сабаби дуюм:

Машғулияти Имом ба фиқҳи ҳадис ва истинботи аҳком.
Чунончи Аллома Муҳаммад ибни Юсуфи Солеҳӣ ин сабаби дуюмро зикр карда мегўяд:
وإنما قلت الرواية عنه . . . لاشتغاله عن الرواية باستنباط المسائل من الأدلة کما کان أجلاء الصحابة کأبی بکر وعمر وغيرهما يشتغلون بالعمل عن الرواية ، حتی قلت رواياتهم بالنسبة إلی کثرة إطلاعهم ، وکثرة رواية من دونهم بالنسبة إليهم فيما سمع ، وکذا الإمام مالک والشافعی لم يرويا إلا القليل بالنسبة إلی ما سمعا. کل ذلک لانشغالهما باستخراج المسائل من الأدلة » (10ص: 319-320).
Яъне «сабаби қиллати ривояти Имом Абуҳанифа (раҳ) ҳамоно машғул будани вай дар истинбот ва истихроҷи масоил аз далоил буд, тавре, ки бузургони саҳоба, монанди Абубакру Умар ва ғайра бо васфи доштани маърифат ва маълумоти зиёд натавонистанд ба сабаби масруфиятҳои амалӣ аҳодиси бештареро ривоят кунанд ва баръакси касоне, ки мезони маълумоти эшон нисбат ба онҳо камтар буд ба сабаби доштани вақт ва фурсати муносиб тавонистанд аҳодиси бештареро ривоят кунанд. Ва ҳамчунон дар мавриди Имом Молик ва Шофеӣ метавонем бигўем, ки ривоёти эшон нисбат ба аҳодиси дар даст доштаашон камтар буд.
Баъд аз ин ки сабаби қиллати ривояти Имом Абуҳанифаро дарк намудем, саволи дигаре шояд матраҳ шавад, ки аҳодис ва ривоёти Имомро бо васфи кам буданашон аз куҷо метавон дарёфт? Фиқраи баъдӣ аз ин саволи эҳтимолӣ посух медиҳад.

2- Манобеи аҳодиси Имом Абуҳанифа (раҳ).

Имом Абуҳанифа (раҳ) кадом китоберо дар ҳадис таълиф нанамудааст, аммо ҳадиси ривояткардаи эшонро бо васфи кам будани он метавон аз «Китобул осор»-и Имом Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, ва низ аз таълифоти Имом Абуюсуф ва масониде, ки мансуб ба эшон аст, пайдо кард.
Аммо дар мавриди китобҳое, ки ба унвони муснад ва ё масониди Имоми Аъзам таълиф гардидааст бояд изҳор дошт, ки ин китобҳо баъд аз вафоти Имом тавассути афроди дигар ҷамъоварӣ шудааст ва худи Имом ин масонидро таълиф накардааст.
Чунончи Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегўяд:
وکذلک مسند أبی حنيفة توهم أنه جمع أبی حنيفة ، وليس کذلک . والموجود من حديث أبی حنيفة مفردا إنما هو کتاب الآثار التی رواها محمد بن الحسن عنه ، ويوجد فی تصانيف محمد بن الحسن وأبی يوسف قبله من حديث أبی حنيفة أشياء أخری » (2ص: 5(
Яъне «дар мавриди муснади Имом Абуҳанифа чунин гумон бурда мешавад, ки гўё ў ҷамъоварии худи Имом бошад, аммо ҳақиқат чунин нест. Аз аҳодис ва ривоёти Имом Абуҳанифа (раҳ) ба таври мустақил мо метавонем танҳо аз «Китобул осор»-и имом Муҳаммад ибни Ҳасан, ки аз устодаш Имом Абуҳанифа ривоят мекунад, ном бубарем, ва низ бархе аз аҳодис ва ривоёти Имомро дар таълиф ва китобҳои дигари имом Муҳаммад ибни Ҳасан ва имом Абуюсуф метавон пайдо кард.
Ҳамчунин муҳаддиси деҳлавӣ, Шоҳ Абдулазиз (раҳ) дар ин робита мефармояд:
باید دانست که از تصانیف ائمه اربعه رحمهم الله در علم حدیث امروز در دست مردم غیر از موطأ موجود نیست ومسانید ائمه دیگر که در عالم مشهور است خود ایشان به تصنیف آن نپرداخته اند بلکه دیگران بعد از ایشان آمده مرویات ایشان را جمع نموده اند ومسند فلانی مسمی کرده . . سپس اسامی جامعین سه مسند را با سنۀ پیدایش شان ذکر نموده به صحت وضعف آنها نیز اشاراتی داشته است » (6 ص: 76-77(
Бояд донист, ки аз тасонифи аимаи чоргона (раҳ) дар илми ҳадис имрўз дар дасти мардум ғайр аз Муватаъ, мавҷуд нест ва масониди аимаи дигар, ки дар олам машҳур аст, худи онҳо ба таснифи он напардохтаанд, балки дигарон баъд аз онҳо омада марвиёти эшонро ҷамъ намудаанд ва муснади фалонӣ ном гузоштаанд… сипас асомии ҷомеини се муснадро бо санаи пайдоишашон зикр намуда ба сиҳат ва заъфи онҳо низ ишороте доштааст.

Далели сареҳ бар ин ки масониди мавҷуда аз таълифоти Имом набуда қавли ҷомеи он Муҳаммад ибни Маҳмуди Хаворазмӣ (св 655 ҳқ) аст, ки сабаби боисаи ин таълифотро зикр намуда мегўяд:
إنه سمع بعض أهل الشام نسب إلی الإمام أبی حنيفة قلة الرواية فی الحديث ، فلحقتنی حمية دينية ربانية وعصبية حنفية نعمانية» (3ج1ص: 504(
Яъне Хаворазмӣ мегўяд: замоне, ки ман шунидам, ки бархе аз мардумони Шом қиллати ривояти Имом Абуҳанифаро (раҳ)-ро мавриди интиқод қарор медиҳанд ғайрати динӣ ва гароишам ба мазҳаби Имом Абуҳанифа маро водор сохт то китоберо дар иртиботи масонид, яъне аҳодиси ривояткардаи Имом таълиф намоям.

Шинохти Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди аҳодиси носих ва мансух:

Илм ва ё шинохти аҳодиси носих ва мансух яке аз муҳимтарин ва боарзиштарин масоили ҳадис ба шумор меравад ва бидуни шинохти он ҳеҷ фақиҳе фақеҳи комил шуда наметавонад.
Бинобар ин яке аз арзандагиҳои Имом Абуҳанифа (раҳ) ин буд, ки дар баробари дигар фанҳо дар бахши ҳадиси носих ва мансух аз яди туле (дасти дарозе) бархудор буд, чунончи Абдуллоҳ ибни Юнус аз шогирди Имом Абуҳанифа (раҳ), Ҳасан ибни Солиҳ ривоят мекунад, ки:
کان أبو حنيفة شديد الفحص عن الناسخ من الحديث والمنسوخ ، فيعمل بالحديث إذا ثبت عنده عن النبی صلی الله علیه وسلم وعن أصحابه ، وکان عارفا بحديث أهل الکوفة وفقه أهل الکوفة . . . وقال: کان يقول: إن لکتاب الله ناسخا ومنسوخا ، وکان حافظا لفعل رسول الله صلی الله عليه وسلم الأخير الذی قبض عليه مما وصل إلی بلده » (15ص: 131(
Яъне «Имом Абуҳанифа дар мавриди аҳодиси носих ва мансух баррасӣ ва тафаҳҳуси зиёд менамуд ва ҳар ҳадисе, ки аз Паёмбар (с) ва ё асҳоб ба субут мерасид ба он амал менамуд, ва дар мавриди ҳадиси аҳли Куфа ва фиқҳи эшон маърифат ва илми комил дошт… ва Имом ин суханро ошкоро мегуфт, ки дар китоби Худо носих ва мансух вуҷуд дорад ва аз он афъоли охири Паёмбар, ки бар он вафот ёфта буд ва ба имом расида буд, огоҳии комил дошт.
То инҷо ин ҳақиқат возеҳ гардид, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) монанди Қуръони карим ба ҳадиси Паёмбар (с) ҳам, махсусан ҳадиси аҳком эътино ва таваҷҷуҳи зиёде намуда дар ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдошт, шиносоии носих ва мансухи он аз ҳеҷ гуна саъй ва талош дареғ наварзидааст. Шояд аз натиҷаи ин баррасӣ баъзеҳо чунин тасаввур кунанд, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) танҳо ба ҷавониби амалии ҳадис, ки аз он ба унвони ҳадиси аҳком ёд мекунанд, маърифат дошт, на қавоид ва улуми он ки аз он ба номи илми дироятул ҳадис ёд мекунанд. Бинобар ин ба ғарази дафъи ин иштибоҳ мехоҳам, ки ду намунаи кучак дар иртиботи шиносоии Имом ба илми қавоиди ҳадис ироа намуда мавриди баррасӣ қарор диҳам.

Дидгоҳи Имом Абуҳанифа (раҳ)

Перомуни бархе аз масоили мусталаҳ ва ё усули ҳадис.

Имом Абуҳанифа (раҳ) тавре, ки дар фиқҳ ва масоили он ба унвони як имом ва муҷтаҳид оро ва назароти хоси худро дошт, ҳамчунон дар масоили улуми ҳадис ва ё усули он низ оро ва назариёти хосе доштааст, ки ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ ва алоқаи уламои мусталаҳ қарор гирифтааст, ки аз он ҷумла ба таври намуна метавон чанд масъаларо зикр кард.

1- Шарти Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ривояти ҳадис.

Яке аз шурути Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ривояти ҳадис бар иловаи одил ва зобит будан ин аст, ки ровии ҳадис бояд ривояташро ҳифз дошта бошад.
Чунончи имом Ибни Салоҳ дар ин маврид мегўяд:

شدد قوم فی الرواية فأفرطوا ، وتساهل فيها آخرون ففرطوا ومن التشدد مذهب من قال: لا حجة إلا فيما رواه الراوی من حفظه ، وذلک مروی عن مالک وأبی حنيفة » (11 ص: 185-186).
Яъне «Гурўҳе аз ровиёни ҳадис дар боби ривоят аз ташаддуд ва ифрот кор гирифтанд ва гурўҳи дигаре дар ин росто аз тасоҳули беш аз ҳад кор гирифта муртакиби тафрит шуданд. Ва яке аз шеваҳои ифрот ва ё ташаддуд ин аст, ки дар ҳуҷҷут қарор додани ривояти як ровӣ ҳофиз будани вай шарт қарор дода шавад, тавре, ки аз Имом Молик ва Абуҳанифа чунин назар нақл шудааст.

2- Раъйи Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди ривояти мубтадиъ.

Дар мавриди қабулият ва адами қабулияти ривояти аҳли бидъат ақволи мутааддид ва мухталифе вуҷуд дорад. Назари ҷумҳури уламои ҳадис ин аст, ки агар ровии мубтадиъ ва ё муттаҳам ба бидъат доъӣ ба тарафи бидъаташ набошад ва низ ривояташ таъйиди бидъаташро накунад, ривояташ қобили қабул мебошад.
(12 ج 1 ص: 299).

Аммо Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ин маврид назар ва ё шарти хосе дорад ва он инки ривояти мубтадиъро дар сурати одил будан ва ё доштани сифати адолат метавон пазируфт.

3- Назари Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди ривояти мастур.
Ҳадиси мастур яке аз анвои маҷҳул ба шумор меравад, тавре, ки уламои ҷарҳ ва таъдил тасреҳ намудаанд, ки ҳар гоҳ аз ровӣ танҳо як нафар ривоят карда бошад ва аз тарафи ҳеҷ имоме мавриди таъдил қарор нагирифта бошад онро маҷҳул гуфта мешавад. Аммо агар ду нафар ва ё бештар аз ду нафар аз як ровӣ ривоят карда бошанд аммо аз тарафи ба сиқа будани он ҳукм нашуда бошад, он ровиро мастур гуфта мешавад.
1 ص: 408

Аммо назари Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди ровии мастур ин аст, ки бо васфи адами вуруди тавсиқ ва ё таъдили мушаххасе аз ҷумлаи ровиёни одил ба шумор меравад.
Чунончи имом Сархасӣ мегўяд:
الحسن عن أبی حنيفة أنه – أی المستور – بمنزلة العدل فی رواية الأخبار ؛ لثبوت العدالة له ظاهرا بالحديث عن رسول الله صلی الله علیه وسلم « المسلمون عدول بعضهم علی بعض » (9 ج 1 ص: 370).
Яъне «бо таваҷҷуҳ ба ривояти Ҳасан аз Имом Абуҳанифа (раҳ) шахси мастур дар ривояти ахбор ва аҳодис ба асоси ин ҳадиси Паёмбар (с), ки «мусалмонон назди яке дигар одиланд», аз ҷумлаи ровиёни одил ба шумор меравад

4- Назари Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди ҳадиси мурсал:

Ҳадиси мурсал таърифоти мутаадиде дорад, ва машҳуртарини он ин аст, ки тобеӣ аз Паёмбар (с) ривоят кунад ва дар мавриди ҳукми он аз лиҳози ҳуҷҷат будан ва ё набудан назароти мухталифе вуҷуд дорад. Ҷумҳури уламои ҳадис бар ин назаранд, ки мурсал аз ҷумлаи аҳодиси заиф ба шумор меравад .
Аммо Имом Абуҳанифа (раҳ) ва бархе уламои дигари ҳадиси мурсалро ҳадиси саҳеҳ медонанд.
Чунончи имом Нававӣ (раҳ) мегўяд:
ثم المرسل حديث ضعيف عند جماهير المحدثين والشافعی ، وکثير من الفقهاء ، وأصحاب الأصول ، وقال مالک وأبو حنيفة فی طائفة صحيح » (14 ج 1 ص: 222- 223

Ин буд назароти Имом Абуҳанифа (раҳ) дар мавриди бархе масоили машҳури усули ҳадис, ки ба таври намуна иброз гардид. Ва бидуни шак бо мутолеаи орои дақиқ ва илмӣ дар ин масоил ва соири масоили дигар ин ҳақиқат возеҳ ва равшан мегардад, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) на танҳо дар ҳадис ва улуми он ворид буда балки дар ин бахши муҳим ҳам метавон аз вай ба унвони як имом ва муҷтаҳид ёд кард.

Хулосаи баҳс ва натиҷагирӣ.

Натоиҷи ба даст омада аз ин мақола ба таври зайл аст:

Маърифии чеҳраҳо ва шахсиятҳои таърихӣ ва мазҳабӣ дар ҳар аср ва замон, ба хотири рафтан ба як ояндаи мураффаҳ ва дурахшон, ояндае ки тамоми меъёрҳои инсонӣ ва фазоили ахлоқӣ монанди тақво ва диёнат, ухуват ва садоқат, исор ва фидокорӣ ва ғайра ҳукмфармо бошад амрест ниҳоят зарурӣ ва ҳаётӣ.
Яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи Ислом Имом Абуҳанифа (раҳ) аст, ки бар иловаи инки Имом яке аз пурнуфузтарини мазоҳиби чоргонаи Аҳли Суннат ба шумор меравад, ҳамчунон дар соҳоти мухталифи илмӣ монанди фиқҳ, ҳадис ва амалӣ монанди ибодат, зуҳд ва парҳезгорӣ, гуфтани сухани ҳақ, ҳилм ва бурдборӣ ҳайсияти намунаро доштааст.
Имом Абуҳанифа (раҳ) назар ба хусусияти аср ва шаҳре, ки дар он зиндагӣ мекард ва низ назар бар вижагиҳои худаш бар иловаи ҳифзи Қуръон, ҳадиси Паёмбар (с)-ро низ ҳифз намуда буд.

Ҷойгоҳи Имом Абуҳанифа (раҳ)-ро дар ҳадис метавон аз касрат ва шуҳрати устодони вай дарк намуд, ки назар ба эҳсоияи Ҳофиз Музӣ ба 50 устод мерасад.
Дар мавриди нубуғи Имом Абуҳанифа (раҳ) дар ҳадис далоил ва шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки умдатарини онҳо ҳамоно шаҳодат ва гувоҳии як теъдод уламо ва низ мавҷудияти масониди мутааддиде аст, ки зери унвони он аҳодис ва ривоёти Имом Абуҳанифаро ҷамъ карда шудааст.
Оғози таваҷҷуҳ ва иҳтимоми Имом Абуҳанифа (раҳ) ба ҳадис аз соли садуми ҳиҷрӣ шуруъ шуда буд ва дар асари ин таваҷҷуҳ аҳодиси зиёдеро ҳам ҷамъ ва захира намуда буд, аммо назар ба шароити сахтгиронааш ва ё ба хотири машғулияташ дар истинботи масоил натавонист ба ривояти ҳадис таваҷҷуҳи бештареро маътуф созад.

Аҳодиси Имом Абуҳанифаро бо васфи кам буданаш метавон аз манобеи машҳури ҳадис монанди Китобул осори Имом Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ ва низ китобҳои Имом Абуюсуф ва ҳамчунон китобҳое, ки ба унвони ҷомеул масонид ва ё муснади Имом Абуҳанифа таълиф шудааст, дарёфт кард.
Дар мавриди масониде, ки ба тарафи аима мансуб шудааст бояд донист, ки ин масонид таълифи худи имомон набуда балки баъдҳо тавассути дигарон таълиф ва ҷамъоварӣ шудааст.
Имом Абуҳанифа (раҳ) тавре, ки дар фиқҳ ва масоили он ба унвони як имом ва муҷтаҳид ва дар мавриди осор ва ривоёт ба сифати як ҳофиз шинохта мешуд, ҳамчунон дар бархе аз масоили улуми ҳадис ороъ ва назариёти хосе доштааст ва ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи уламои ҳадис қарор гирифтааст. Бинобар ин, ин масъаларо ба шакли як воқеият бипазирем, ки Имом Абуҳанифа (раҳ) на танҳо дар ҳадис ва улуми он ворид будааст, балки дар ин бахш ҳам метавон аз вай ба унвони як имом ва муҷтаҳид ёд кард.

Ин буд чанд нуктае, ки ба унвони хулоса ва ё натиҷаи баҳс мавриди тазаккур қарор додем.
Ба халифаи аббосӣ Мансур хабар расида буд, ки Абӯҳанифа (рҳ) дар таҳқиқи масоили динӣ бо раъйи худаш кор мекунад ва қиёсро бар нас (далел)-и шаръӣ тарҷеҳ медиҳад. Вай фавран Абӯҳанифаро фаро хонд ва пурсид: Дар бораи хабаре, ки ба мо расидааст, чӣ мегуӣ?
Абӯҳанифа (рҳ) фармуд:

«Эй амири муъминон, кор на ба он сура- тест, ки ба ту расида. Ман аввал ба китоби Худо амал менамоям, пас аз он ба суннати расули Худо (с), сипас ба ҳукмҳо ва намунаҳои ама- лие, ки аз Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ (ба мо) расидааст ва пас аз он ба ақвол ва амалкарди дигар саҳобагон. Агар онҳо дар масъалае бо ҳам ихтилофи назар дошта бошанд, аз ақволи онҳо якеро интихоб менамо-ям ва агар ин ҳам мавҷуд набошад, он гоҳ қиёсро ба кор мебарам ва дар миёни Худо ва халқаш ҳеҷ гуна қаробате вуҷуд надорад»
📚 Ваҳбӣ Сулаймон Ғовҷӣ, Абӯҳанифа Нўъмон имоми аиммаи фуқаҳо. – С. 138. – Димишқ: Дорулқалам, 1993.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🌴Имом Абӯҳанифа رحمه الله ба имом Абуюсуф гуфтааст:

"Вақте ҳадисе ба таври саҳеҳ собит шуд,қавли маро канор бигузор ба ҳадис чанг бизан"

✍🏻Бале имом Абӯҳанифа رحمه الله ин суханро гуфтааст, аммо ба ман ва шумо на. Ин суханро Имом ба шогирдонаш ва муҷтаҳиддин гуфта буд. Ба кудакҳои илм на. Ва алакай шогирдонаш Қозӣ Абӯ Юсуф ва имом Муҳаммад ба хотири ин сухан баъди вафоти устодашон баъзе фатвоҳои имом Абӯҳанифаро иваз карда фатвои нав додаанд. Ин кор алакай ҳал шудааст. Имрӯз нав мардум аввалхусус мардуми Низоъи (Салафият, Ваҳҳобият) хеста ин суханро баҳона карда фатвои мазҳабро тарк мекунанд, ки ин дуруст нест.

🖊
ЯК ҚИСМ АЗ ҶОҲИЛОН АЗ БАСКИ ДАЛОЛАТ ВА СИЁҚИ АЛФОЗРО НАМЕФАҲМАНД ГУМОН КАРДАНД ИН СУХАН БА ИНҲО ТААЛУҚ ДОРАД ШИОРЕ БАРДОШТА МЕГӮЯНД ҚАВЛИ ИМОМРО БАР ДЕВОР МЕЗАНЕМ АГАР ҲАДИС ЁФТЕМ БА ҲАДИС ЧАНГ МЕЗАНЕМ.

🌴Аллома Ибни Обидин Дар ҳошияи худ – «Радду-л-мӯҳтор бар Дурру-л-мухтор» овардааст:

«Вақте Имом (рҳ) ба ёрони худ амр намуд, ки он қавлеро аз вай бипазиранд, ки далелаш барои онҳо собит шуда бошад, пас ҳар қавле, ки онҳо бо далел гуфта бошанд ва ҳар масъалае, ки бар пояи ин асли Имом (рҳ) бино карда бошанд, он қавл ва мазҳаби Абӯҳанифа (рҳ) ба шумор меравад»

✍🏻 Чигунае, ки дар боло ⤴️ мебинед Аллома Обидин رحمه الله гуфтааст: "Вақте Имом (рҳ) ба ёрони худ амр намуд, ки он қавлеро аз вай бипазиранд, ки далелаш барои онҳо собит шуда бошад"

✍🏻Пас маъум мешавад ки имом Абуҳанифа رحمه الله ин суханашро ба ёрони худ гуфтааст на ба ҳама. Агар ин сухани имом ба хама таълуқ медошт ҳато мардуми аввом хам ба фатво додан даст мезаданд ва дар шаръат фатфоҳои аҷибу ғариб содир мекарданд! Ва мувофиқи ҳадиси Паёмбар (с) ҳам худ гумроҳ мешуданд ҳам мардумро гӯмроҳ мекарданд.

✍🏻Зеро мазҳаб бо усул ва қавоиде, ки имом Абӯҳанифа (рҳ) мазҳабро бар пояи шогирдонаш бино намудааст, комилан мутобиқ мебошад ва аз сўи дигар, мазҳаб бар асоси шўрои илмӣ ва назароти дастиҷамъии онҳо поягузорӣ шудааст.
Forwarded from ꧁Ҳидояти Занон꧂  (فَاصْبِرْ صَبْرًا جَمِيلًا)
🖊Лағад задан ба падар ва модар дар манҳаҷи тавҳиддии Салафиён ҳалол аст.

✔️Бо қалами муваҳиди Абусалаффӣ Ҳамид❗️

«Як ҷавон буд, ки дар куча бадахлоқи мекард вале чанд руз бо бародарони тавҳидди монанди шайх #Абуабдуллоҳ_Мутаввакил ва #Абдузоҳир_Доъи нишасту бархост кард ва ду моҳ арабӣ хонд ва ду моҳ тафсири Қуръон ва шарҳи алҳадис хонд ва доим аз Қуръон ва ҳадис гап мезад.

- Рӯзе он ҷавони салаффиро диданд, падари пири худро зери лағад гирифта буд ва лағад мезад. Ӯро гуфтанд аз Худо битарс чаро падаратро лағат мезанӣ?

- Гуфт: Чаро назанам?

- Гуфтанд: Худованд дар Қуръон мегӯяд, ки ба падар ва модар ҳато ӯф ҳам нагӯ

- Ҷавони салаффӣ гуфт: Ман ҳам ба падарам уф нагуфтаам, вале дар Қуръон ва ҳадис наёмадааст, ки падаратро лағад назан.

- Мардум гуфтанд: Дар ҳадиси Паёмбар(с) омадааст, ки "Беҳтарин мусалмон ҳамон аст, ки мардум аз даст ва забонаш дар амон бошанд" (Бухороӣ)

- Ҷавони салаффӣ гӯфт: Бале ин дар ҳадис омадааст ва манҳам на ба забон падарамро озор медиҳам ва на ба даст ӯро мезанам. Аммо дар ҳеҷ ҳадис наомадааст, ки лағад задани падар ва модар ҳаром аст. Агар ҳадис доред биёред далели худро, ман онҳоро лағад назанам.

- Мавлави соҳиби масҷид бо шунидани ин сухани ҷавони салаффӣ ба хотири наҷоти ҷони пирамарди бечора фавран давида рафт ва чанд китоби фиқҳӣ Ҳанафиро оварда ба он ҷавони салаффӣ нишон дод, ки бубин дар китобҳои фиқҳи Имом Абуҳанифа (р) лағад задани падар ва модар ҳаром аст.

- Ҷавони салаффӣ гуфт: Ман фиқҳи ҳанафиро қабул надорам. Ман фақат Қуръон ва ҳадисро қабул дорам. Лағад задани падар ва модар ҳалол аст ва то вақти ҳаром будан лағад задани падар ва модаро аз Қуръон ва Ҳадис нишон надиҳед, ман падар ва модарамро лағад мезанам.

- Ва ҳар кас лағад задани падар ва модарро ҳаром бигуяд он шахс мушрик ва бидъати аст, зеро Қуръон ва ҳадис лағад задани падар ва модар ҳаром наомадааст вале Шумо ҳанафиҳо ҳаром мегуед.

- Лизо Шумо ҳанафиҳо лағад задани падар ва модарро ҳаром медонед, мутобиқи Қуръон ва ҳадис мо салаффиён, бидъати ва мушрик ва кофир ҳастед.

✍🏻Як ришсафеди бузургсол, ки ин лағад заданҳои ҷавони салаффиро медид, ба ӯ гуфт: Агар ин тавр падар ва модаратро лағад бизани он бечораҳои заъиф мемиранд ва хунашон дар гардани ту хоҳад буд.

- Ҷавони салаффӣ ҷавоб дод: Нахайр Шумо ҳанафиҳо ба фиқҳи ҳанафӣ амал мекунед ва мо салаффиҳо ба Қуръон ва Суннат амал мекунем ва дар Қуръон ва ҳадис лағад задани падар ва модарро ҳалол аст.

- Лизо агар ин ду (падар ва модарам) ба хотири амал кардани ман ба Қуръон ва ҳадис зери лағадҳои ман бимиранд, гуноҳашон дар гардани худашон аст.

- Он ришсафед гуфт: Оё падар ва модарад гуноҳ карданд, ки туро нон доданд, либос пушонидаанд ва шабу рӯз заҳматҳо кашидаанд то бузургат карданд. Ки ҳоло онҳоро зери лағад гирифтаӣ? То чанд рӯз бадахлоқ ва қиморбоз буди ва ҳамин падар ва модарат туро заҳмат кашиданд то аз зиндон бароӣ? Ва ҳоло падар ва модари заиф ва нотавон шуданд бо онҳо ин корро мекунӣ?

- Ҷавони салафӣ дар ҷавоб гуфт: Бале гуноҳ аз ин бузургтар ин аст, ки падару модарам ҳанафӣ мушрик ва бидъати буданд ва маро мисли худашон ҳанафӣ мушрик ва бидъати тарбия кадранд.

❗️
Агар шайх Абуабдуллоҳ Мутаввакил ва Абдузоҳир Доъӣ ва дигарон бародарони муваҳиди салаффӣ намебуданд ман ҳам мисли падар ва модарам ҳанафии мушрик ва бидъати мебудам ва барои абад дузах мерафтам.

⚠️Ҳоло дар ҳамин дунё интиқоми худро аз ин ду (падар ва модарам) муқаллиди ҳанафии мушрик ва бидъатӣ мегирам. Ҳам интиқом ва ҳам амал бар Қуръон ва ҳадис!😢

📚Ба қалами Шайхул Муваҳиди Ғайрул Муқалиди Абусалаффӣ Аҳмад дар мақолаи "Ман муваҳҳид ҳастам, Ман салафӣ ҳастам" овардааст! Нақл ва муалифи мақола аз худи Низоъиҳо (салафиҳо) аст боз нагӯед туҳмат мекунед!

✍🏻Бародарону хоҳарони азиз ин аст он роҳу равише, ки имрӯз ғайри муқалид (салафиҳо ва ваҳобиҳо) дар он ҳастанд. Бисёраш пардапуш баъзеаш ошкор! Имрӯзҳо тамоми кушиши худро мекунанд то мардумро ба тарафи худ майл созанд ҳамин ки шахсерро пурра ба тарафи худ ҷалб карданд баъдан корҳо ва ақидаи пардапуши худро меомузонанд.⤵️
Forwarded from ꧁Ҳидояти Занон꧂  (فَاصْبِرْ صَبْرًا جَمِيلًا)
Қуръону Суннат гуфта доду фарёд мекунанд, магар ҳамин аст асли дини поки мо? Бисёр бидъат, ақида, ва бадном кардани уламои мазҳаби дар назди мардум маҳз ба ҳамин хотир аст, ки то мардумро хусусан аз пайравии як мазҳаб дур кунанду ақидаи Мактаби Ибни Таймия ва ибни Абдулваҳоб ва шайхои худро паҳн кунанд. Қуръону Ҳадис намегуяд магар ба хотири фитна андохтан албата Қуръону ҳадис дар дасти низоӣ афтад охир ҷангу низо мешавад албата дар дасти фитнагар афтад фитна мешавад. Аллоҳ таъоло динашро аз ин палидҳои динфуруш, аз ин фирқаҳои гумроҳе, ки зуҳур кардаанд ва мекунанд ҳифз намояд.

- Эй мардум агар аз ҳақиқати роҳу равиш ва корҳои имруза мардуми Низоӣ (Салафият ва Ваҳҳобият) он гуна ки ман огоҳам ва медонам агар шумо медонистед ҳар оина аз инҳо мегурехтед чи гунае, ки Оҳу 🦌 аз Шер 🐅 мегурезад.
✍🏻Абу Имрон

🕊•┈┈┈❁🌿🧕🏻🌿❁┈┈┈•🕊

📲
https://www.tg-me.com/hidoyati_zanon
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
✍🏻Васфи имом Абуханифа(р) аз забони пайравони Мазхаби имом Шофеи(р)😍
Audio
Васияти имом Абу ханифа.
Дарси 2.🗒️

Имон ин амал кардан нест!.m4a
2024/06/25 23:43:08
Back to Top
HTML Embed Code: