Telegram Web Link
Агар аз гӯшу бинӣ ё чашм об барояд, таҳоратро мешиканад?

# Савол

Агар аз гӯшу бинӣ ё чашм ягон намуд об барояд, таҳоратро мешиканад?

#

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3867
Канали мо » @donish_su
Соҳиби ин Ватан, на меҳмонам,
Аз ҳама ҷойи Тоҷикистонам.

Ман зарафшонии Бадахшонам,
Ман бадахшонии Зарафшонам.

Ман зи хатлониёни Дарбандам,
Ман зи шуғнониёни Хуҷандам.

Пораҳои дили ман аз Рашт аст,
Гавҳари дидаи ман аз Ашт аст.

Истаравшан умеди равшани ман,
Исфара зодгоҳу маъмани ман.

Тулуи офтобам аз Лахш аст,
Гармии рӯзгорам аз Вахш аст.

Хонаам дар канори Ҷайҳун аст,
Нури фонуси ман зи Роғун аст.

Соғари дасти ман зи Саррез аст,
Аз зулоли ҳаёт лабрез аст.

Гар ба Фархор хонам, овозам
Мерасад то фарози Дарвозам.

Ман зи кӯлобиёни Файзобод,
Ҳафт пушту ҳазору як авлод.

Ҳар чанори Ватан бародари ман,
Буттаи наргисаш чу хоҳари ман.

Чун падар такядори ман кӯҳаш,
Офтобаш ба сар чу модари ман.

Ин ҳама банд-банд пайвандам,
Дар Душанбе – ҳисори дилбандам.

Чунки дар пайкари Ватан ҷонам,
Решапайванди Тоҷикистонам!

©️ Сулаймони Аҳтам

#шоҳбайт
@donish_su
Мо бар онем, ки дар мулк адолат бошад,
Мо бар онем, ки ҳам оя, ҳам оят бошад.
Кори мо нест фақат сохтани хомаи гил,
Кори мо ин, ки дар он хома муҳаббат бошад.
Кори мо нест фақат коштани тухме чанд,
Кори мо ин, ки дар он кишт садоқат бошад.
Кори мо нест фақат сохтани ҷодаи рост,
Кори мо ин, ки дар он ҷода ҳақиқат бошад.
Кори мо нест фақат сохтани пайкарае,
Кори мо ин, ки дар он пайкара миллат бошад.
Кори мо нест фақат тантанаи Сомонӣ,
Кори мо ин, ки дар он тантана тинат бошад.
Кори мо нест фақат лофу газоф аз ваҳдат,
Кори мо ин, ки ба ваҳдат абадият бошад.
Кори мо нест фақат ёди Бухорои Шариф,
Кори мо ин, ки зи мо низ шарофат бошад.
Кори мо нест фақат ёди Самарқанди чу қанд,
Кори мо ин, ки Самарқанд асолат бошад.
На бар инем, ки ислом нишинад бар тахт,
Мо бар онем, ки ислом саломат бошад.

Лоиқ Шералӣ
Аввалин маротиба телевизион соли 1936 дар Амрико пайдо шудааст.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Дар оянда телефонҳо вуҷуд нахоҳанд дошт, онҳоро имплантҳои мағзии Neuralinks иваз мекунад - гуфт Илок Маск

@donish_su
Мавзӯи 32. Барномаи педагогии воситаҳои омӯзиш

Барномаи педагогии воситаҳои омӯзиш. Навъҳои барномаи педагогии воситаҳо (БПВ). Барномаи педагогии воситахои омузиш. Навъхои барномаи педагогии воситахо (БПВ).

-------------

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки мавзӯи мазкур бо мавзӯи «Методҳои таълим» робитаи ногузастанӣ дорад…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13011
Канали мо » @donish_su
То чашм гиря накунад, дар қалб тиру камон намебарояд.
©️ Ҷон Чинӣ

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Оё баъд аз ғусли ҷанобат намоз хондан мумкин аст?

# Савол

Оё баъд аз ғусли ҷанобат намоз хондан мумкин аст?

# Ҷавоб

Обҳое, ки…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3869
Канали мо » @donish_su
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
©️ Аскар Ҳаким

#шоҳбайт
@donish_su
Он косагаре, ки косаи сарҳо кард.
Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард.
Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод,
В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
10 дарси аҷиби зиндагӣ аз Алберт Эйнштейн

Мароқ (ҳавас)-и худро пайравӣ намо;

Диққататро ба ҳамин ҳозир ҷалб намо;

Ҳамин ҳозир зиндагӣ кун;

Тасаввурот пурқудрат аст;

Истодагарӣ беарзиш аст;

Хатоӣ намо;

Арзиш соз;

Натиҷаҳои гуногунро интизор мабош;

Дониш аз таҷриба бар меояд;

Қонунҳоро омӯз, баъдан беҳтар бозӣ кун!

Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Нест ягон роҳи дигар ба ҷуз ширинии гиряи якҷоя, ки қалбҳоро ба якдигар васл накунад.
©️ Ж. Ж. Руссо

Чӣ саодат ба он нафароне, ки ашки чашм доранд.
©️ Гёте

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Ҷаҳон пур гаштааст аз панди инсон,
Ки бояд зистан ин сону он сон.
Ба як ҳарфат кунам онро хулоса,
Чунон зӣ, к-одамон хонандат Инсон!
©️ Аскар Ҳаким

#шоҳбайт
@donish_su
Ин чарх чу тосест нагун афтода.
Дар вай ҳама зиракон забун афтода.
Дар дӯстии шишаву соғар нигаред:
Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Ташхиси омӯзандагӣ

Ташхиси омузандаги.

-------------

Ташхисро ҳамчун муносибати умумӣ ва ташхискуниро ҳамчун раванди (қисми таркибии) амалии фаъолияти педагогӣ бояд фаҳмид. Ташхис, бори дигар ёдовар мешавем – ин равшантар кардани ҳамаи шароитҳои ҷоригардидаи раванди дидактикӣ, дақиқ муайян…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13016
Канали мо » @donish_su
Аз ҳама шоҳи хурдтарин дар ҷаҳон Ионаи I аз Фаронса будааст. Ӯ ҳангоми дар батни модар будан шоҳ эълон шуда буд ва баъди 5 рӯзи таваллуд вафот кард.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Оё дар намозҳои қазоӣ азон ва қомат гуфта мешавад ё не?

# Савол

Оё дар намозҳои қазоӣ азон ва қомат гуфта мешавад ё не?

# Ҷавоб

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3871
Канали мо » @donish_su
Рӯзе омад, ки барои рӯзҳои гиря кардаам, гиря кардам.
©️ ҳазрати Абубакр (р.а.)

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Эй он, ки намешиносӣ ту аҷдодат,
Фардо биравӣ зи хотири авлодат.
Дар ёди пасоянд намонӣ асло,
Гар ёди ниёкон бубарӣ аз ёдат.
©️ Аскар Ҳаким

#шоҳбайт
@donish_su
2024/09/23 20:19:19
Back to Top
HTML Embed Code: