Telegram Web Link
Бар санг задам дӯш сабӯйи кошӣ,
Сармаст будам, ки кардам ин авбошӣ.
Бо ман ба забони ҳол мегӯфт сабӯй:
«Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ»

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Назорати донишазхудкунии талабагон

Чунонки қайд карда шуд, назорати донишазхудкунии талабагон дар мактаб басо зарур аст. назорат ҳамчун раванди қонунмандии воқеии дидактика аст ва барои он ки маҳсулоти донишандӯзии талабагон аз миқдор ба сифат майл дода шавад, назорат…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13015
Канали мо » @donish_su
Маслиҳатҳои муфид барои саломатӣ №2

Обро зиёдтар саҳар нӯшида, бегоҳ камтар нӯшед;

Беҳтарин вақт барои хоб аз соати 22 то 4 аст;

Ҳангоми гап задан дар телефон, онро дар гӯши чап гузоред;

Зиёд бо телефон гуфтугӯ накунед;

Ҳангоме ки қувваи телефонатон ба охир расида истодааст, бо телефон гап назанед, чунки қувваи радиатсионӣ 1000 маротиба пурзӯртар аст.

#тавсияҳо
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Орзу кардани марг аз нигоҳи шариат дуруст аст?

# Савол

Оё таманно ва орзу кардани марг аз нигоҳи шариат дуруст аст? Агар касе маргро орзу кунад…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3873
Канали мо » @donish_su
Барои шири рехташуда гиря кардан фойдае надорад. Ягона коре, ки бояд кард, ин минбаъд нарезондани шир аст.
©️ Дейл Карнегӣ

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Чу муъмин оинаи муъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рӯгаронем.

Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.

©️ Ҷалолиддини Балхӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Санҷиши комёбшавӣ ва инкишоф

Санчиши комёбшави ва инкишоф.

-------------

Масъалаи ташхисонии санҷиш ҳоло ҳаллу фасли худро ёфтааст. Санҷиши омӯзандагӣ – ин маҷмӯи супоришҳо баҳри ҳолдоншавӣ аз сатҳи азхудкунии ҷанбаи (қисми) мазмуни муайяни омӯзиш аст.

Дар шароити имрӯза санҷишҳо…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13019
Канали мо » @donish_su
Дар Арабистони Саудӣ рӯзи корӣ аз рӯзи якшанбе оғоз шуда, рӯзи панҷшанбе ба анҷом мерасад. Рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар ин мамлакат ҳамчун рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳисоб мераванд.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Намудҳои ашки чашм:

Тавбакорон барои гуноҳҳояшон ашк мерезонанд.

Зоҳидон барои дур будан аз маконашон (охират) бо ҳисси ғурбат ашк мерезонанд.

Содиқон барои хомӯш нашудани имонашон, аз тарс ашки чашм мерезонанд.

©️ Яҳё бини Муаз

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Калиди бахтро аз мо гирифтанд,
Кунун қулфи хамушӣ дар лабонам.
Наметонам бигӯям, менависам,
Ки хаста аз тамоми ину онам…
©️ Шоира Раҳимҷон

#шоҳбайт
@donish_su
Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст,
В-ар нур ба мо намерасад, нор* бас аст.
Гар ҳирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад,
Ноқусу* калисиёву зуннор* бас аст.

нор - оташ
ноқус - зангӯлаи калисо
зуннор - риштае, ки ғайри мусулмонон дар мамлакатҳои исломӣ онро ба камар баста мегаштанд


#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Ташхискунии омӯзандагӣ (педагогика)

Ташхискунии омузандаги.

-------------

Ташхисонидани омӯзандагӣ аз ташхискунии омӯзандагӣ ҷудоӣ надорад, зеро дуруст тасаввуркунӣ нисбати дастовардҳои натиҷаҳо метавонад фақат дар алоқамандии шароити (роҳҳои, воситаҳои) он натиҷаҳо гирифта шавад.

Омӯзандагӣ – ин қобилияти (лаёқати) талабагон нисбати…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13021
Канали мо » @donish_su
Истамбул – ягона шаҳр дар ҷаҳон, ки ҳам дар Осиё ва ҳам дар Аврупо ҷойгир аст. Ин шаҳр соли 667 пайдо шуда, бо бисёр хусусият аз дигар шаҳрҳо бартарӣ дорад. Аз солҳои аввал то ҳол пойтахти се империяи бузург – Империя Рим, Империяи Усмониён ва Империяи Византия будааст. Истамбул соли 2010 ба қатори беҳтарин шаҳрҳои фарҳангии ҷаҳон дохил шудааст.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
#Бойгонии_Китобҳои_Ҷаҳонӣ



╭─┅═ঈ📚ঈ═┅─╮
  @olamikitobho❤️ 📚
╰─┅═ঈ📚ঈ═┅─╯

╭─┅═ঈ📚ঈ═┅─╮
  @olamikitobho❤️ 📚
╰─┅═ঈ📚ঈ═┅─╯


╭─┅═ঈ📚ঈ═┅─╮
  @olamikitobho❤️ 📚
╰─┅═ঈ📚ঈ═┅─╯



https://www.tg-me.com/olamikitobho


╭─┅═ঈ📚ঈ═┅─╮
  @olamikitobho❤️ 📚
╰─┅═ঈ📚ঈ═┅─╯

╭─┅═ঈ📚ঈ═┅─╮
  @olamikitobho❤️ 📚
╰─┅═ঈ📚ঈ═┅─╯

╭─┅═ঈ📚ঈ═┅─╮
  @olamikitobho❤️ 📚
╰─┅═ঈ📚ঈ═┅─╯
Маълумот дар бораи Тавҳид

# Савол

Мехоҳам дар бораи масъалаи тавҳид маълумот диҳед. Маълумот дар бораи тавхид дар Ислом.

#

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3875
Канали мо » @donish_su
Ашки чашме, ки аз барои Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) рехта мешавад, қалбро нуронӣ мекунад ва инсонро аз дубора гуноҳ кардан нигоҳ медорад.

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ӯ пой кушодам дилро.
Аз бод маро бӯи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро!
©️ Ҷалолиддини Балхӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нӯш кунему ном бар нанг занем.
Саҷҷода ба як пиёла май бифрӯшем,
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ

Умумиятхои ичтимои, ниходхои ичтимои, ташкилотхои ичтимои.

-------------

Ҷомеа ҳамчун низоми иҷтимоӣ-фарҳангии том аз бисёр зернизомҳо (зерсистемаҳо) иборат мебошад. Яке аз навъҳои муҳими низоми иҷтимоӣ умумиятҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Умумияти иҷтимоӣ – ин…

Бахш: Сотсиология

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13036
Канали мо » @donish_su
Лаҳзаҳои ҷолиб дар ҳаёт №2

Эҳсос кардан, ки гӯё, ниҳоят ба ягон ҷой тааллуқ доред;

Ба қароре омадан, ки бо ҳаётатон чӣ кор кардан мехоҳед;

Пас аз хӯроки хушмазза худро қаноатманд эҳсос кардан;

Ҳангоми зиёд ғамгину озурда будан зуд хоб рафтан;

Вохӯрдани ашхосе, ки барои тағйири ҳаёти шумо нақш доранд;

Ҳангоме ки шабе хоби бароҳат доштед;

Нӯшидани як пиёла чой;

Дарёфтан, ки ҳама чиз хуб рафта истодааст.

Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
2024/09/23 22:32:18
Back to Top
HTML Embed Code: