Telegram Web Link
Гӯш кун, бо диққат гӯш гун, телефона чанд лаҳза канор гузору гӯш кун: хар ҳанг мезанад, саг ав-ав мекунад, пишак мияв-мияв мекунад, қурбоқа вақ-вақ мекунад, гов бонг мезанад.... Барои чӣ, чаро, медонӣ? Барои он ки падару модари хар ҳанг мезаданд, падару модари саг ав-ав мекарданд...... Падари ту кист? Тоҷик. Модарат? Тоҷик.... Пас, туро чӣ ҷин зада, ки фақат ба русӣ гап мезанӣ!? Ин ки русӣ медонӣ хуб аст, агар ингилисиву фаронсавию олмонӣ бидонӣ боз беҳтар... Ҳатто ӯзбакиро ҳам бидонӣ, хуб аст! Аммо, пеш аз инҳо, беҳтар аз инҳо забони модариатро биёмӯз..... Русию ингилисӣ донистанат роҳатро барои донишманд шудан фарохтар ва сосонтар мекунад: олим мешавӣ, шахси муътабар мешавӣ... Аммо, агар форсиро (тоҷикиро), ки забони модариат аст, надонӣ, одам ҳам нестӣ, ба Худо одам ҳам нестӣ! Фаромӯш макун! Фаромӯш макун!

Абдуқодири Рустам
@kitobkhon2021
Ҷанбаҳои асосии инкишофи ақлии (фикрии) шахсият

Чанбахои асосии инкишофи аклии (фикрии) шахсият.

-------------

Инсони солимфикр аз модар бо муғҷаҳои қобилияти зиёди бунёдкорӣ (баъзеҳо бо аломатҳои махсуси генеалӣ) тавлид меёбад. Ҳар кас дар сатҳи қобилияти умумиаш метавонад 10 – 12 забонро…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12632
Канали мо » @donish_su
Forwarded from АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 (Абдурашид Қаюмзод)
Вақте касе дар бонк пул пасандоз мекунад, яъне доро аст ва касе, ки аз бонк қарз мегирад, муҳтоҷ аст.
Бонкҳо аз қарзгирандаҳо солона 20 то 30% суд меситонанд, аммо ба онҳое ки пасандоз мегузорнд бо ҳамин миқдор фоида мебахшанд. Яъне аз муҳтоҷи дармонда ситонида ба ғанӣ тақдим мекунад.

Ин аст фалсафаи ҳаром будани рибо.
Ҳукми нигоҳ доштани саг дар хона

Суоли шаръӣ – 3. Саг нигоҳ доштан дар хона ҷоиз аст? Ҳукми нигоҳ доштани саг дар хона.

-------------…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3601
Канали мо » @donish_su
Ятими аслӣ (кулл) на онест, ки бе падару модар аст, ятими аслӣ (кулл) онест, ки аз илму ахлоқ маҳрум мондааст.
©️ Ҳазрати Алӣ (р.а.)

#хазинаи_маърифат #ахлоқ
@donish_su
Дуруду салом ба ҳамаи Шумо дӯстони гиромӣ, умедворам, ки хуб ҳастед!
Ба ин канал обуна шавед, воқеъан канали судманд аст:
👇👇👇

https://www.tg-me.com/KoriIsmat1917
Чу доно туро душмани ҷон бувад,
Беҳ аз дӯстмарде, ки нодон бувад.

Ба омӯхтан чун фурӯтан шавӣ,
Суханро зи донандагон бишнавӣ.

Ҳар он кас ки дониш фаромӯш кунад,
Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.

©️ Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Гуфтӣ, бовар кардам; исрор кардӣ, ба шубҳа афтодам; қасам хӯрдӣ, яқин кардам, ки дурӯғ аст.

зарбулмасал ва мақолҳо
@donish_su
Тарбияи меҳнатӣ-омили умдаи ташаккули шахсият

Тарбияи мехнати-омили умдаи ташаккули шахсият.

-------------

Тарбияи меҳнатии мактаб ба омодагии психологӣ ва амалии мактабиён равона шудааст. Меҳнат – асоси зиндагӣ, ғановати маънавӣ – ва моддӣ, вазифаи муқаддаси инсон, меъёри…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12635
Канали мо » @donish_su
Забони мо забони ширадор аст,
Мусаффотар зи оби чашмасор аст.

Забони Бӯҳанифа, Пири Тӯсӣ ,
Забони Рӯдакии мондагор аст...

Забони тоҷикӣ нобасту беғаш,
Забони андалеби навбаҳор аст.

Забони мо забони аҳли ҷаннат,
Ки ин ҳарфи расули Кирдугор аст.

©️ Кӯҳзоди Фатҳулло

#шоҳбайт
@donish_su
Намудҳои фаъолияти меҳнатии талабагон ва моҳияти тарбиявии онҳо

Намудхои фаъолияти мехнатии талабагон ва мохияти тарбиявии онхо.

-------------

Талабагони синфҳои ибтидоӣ (аз синфҳои II – IV) илова ба таълими «Санъати миллӣ ва меҳнат) унсурҳои корҳои дастии ҳаётан муҳим – сабзонидани гулҳо, сабзавоти…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12636
Канали мо » @donish_su
Ахлоқи миллат мисли дандонҳост. Яке бипӯсад, дигареро нороҳат ва дард медиҳад.
©️ Бернард Шоу

#хазинаи_маърифат #ахлоқ
@donish_su
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.

Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»

Мероси падар хоҳӣ, илми падар омуз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.

©️ Саъдӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Касбогоҳӣ дар мактаб

Касбогохи дар мактаб.

Дар оянда орзуи соҳиби ягон касб шудани кӯдакон хеле бармаҳал, ҳатто аз давраи синни томактабӣ ҳангоми бо бозичаҳо сару кор доштанашон пайдо мешавад. Аммо ҳоло ин орзу хомакӣ ва тахминӣ…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12637
Канали мо » @donish_su
Ахлоқи зан дар бепулӣ ва ахлоқи мард дар серпулӣ фаҳмида мешавад.

#хазинаи_маърифат #ахлоқ
@donish_su
Сарви болои мино гар чун гул ойӣ дар чаман,
Хоки поят наргис андар чашми биное кашад.
Руйи тоҷиконаат бинмой то доғи ҳабаш,
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ занад.
©️ Саъдӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Таърихи Артиш (артиши милли)

Ҳеҷ як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд дошта наметавонад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи лашкар созмон медоданд. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=3310
Канали мо » @donish_su
Forwarded from Nurullo Sulaymonov | blog (Nurullah Sulaymonov)
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Аз барномаи @kitobkhon2021
2024/09/22 12:26:07
Back to Top
HTML Embed Code: