Telegram Web Link
Ботинат чӣ гуна, ки бошад, суханат низ ҳамон аст. Ахлоқат аз чеҳраат хонда мешавад.

#хазинаи_маърифат #ахлоқ
@donish_su
Он ки бифрӯшад забони модараш,
Ҳам тавонад хоки меҳанро фурӯхт.
Он ки туф созад ба рӯйи миллаташ,
Ҳам бихоҳад халқи худ бо тир дӯхт.
©️ Хусрав

#шоҳбайт
@donish_su
Ҷанг андохтани ҳайвонҳо чӣ ҳукм дорад?

Суоли шаръӣ – 4. Ҷанг андохтани ҳайвонҳо чӣ ҳукм дорад? Ҳукми ҷанг андохтани ҳайвонҳо / сагҳо. Чанг андохтани хайвонхо

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3612
Канали мо » @donish_su
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Гоҳе бо як роҳнамои кӯчак сарнавишти хелеҳо иваз мешавад...
Инсоне, ки ахлоқи хуб дорад, дар ҳама синну сол хубу зебост.
Маънои ҳадис

#хазинаи_маърифат #ахлоқ
@donish_su
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёниву не аз қатъи мӯст.

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.

Қуввати авранг аз илму фан аст,
Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.


©️ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

#шоҳбайт
@donish_su
ДОНИШ
Аз барномаи @kitobkhon2021
#тавсия

Шакли пурраи барнома нашр шуд
👇🏻👇🏻👇🏻
https://www.youtube.com/watch?v=IsRDDZEz-gE
Кишвар аз бепулӣ не, аз беахлоқӣ маҳв мегардад.
©️ Ситсерон

#ахлоқ
#хазинаи_маърифат
@donish_su
Зи бадгавҳарон-бад, наёяд аҷаб,
Нашояд сутурдан сиёҳӣ зи шаб.

Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед!

Зи бадасл чашми беҳӣ доштан
Бувад хок дар дида анбоштан.

©️ Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Фарзҳо ва суннатҳои ғусл (фарз ва суннати гусл кардан)

Суоли шаръӣ – 5. Фарзҳо ва суннатҳои ғусл (фарзхо ва суннати гусл кардан).

ФАРЗҲО ВА СУННАТҲОИ ҒУСЛ…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3615
Канали мо » @donish_su
Аз ахлоқу номус дида, сарупои (маҳр) бузургтаре барои духтари ҷавон нест.
©️ Ҳазрати Фотима (р.а)

#ахлоқ
#хазинаи_маърифат
@donish_su
Ҳар он кас, ки мағзаш бувад бошитоб,
Фаровонсухан бошаду дерёб.

Чу гуфтори беҳуда бисёр гашт,
Сухангӯй дар мардумон хор гашт.

Зи дониш чу ҷони туро моя нест,
Беҳ аз хомушӣ ҳеҷ пероя* нест.

©️ Фирдавсӣ

*пероя - зебу зинат, ороиш

#шоҳбайт
@donish_su
Зи неру бувад мардро ростӣ,
Зи сустӣ дурӯғ ояду костӣ.

Тавонгар бувад, ҳар киро оз* нест,
Хунук** он касе, к-озаш анбоз нест.

Мудоро хирадро бародар бувад,
Хирад бар сари ҷон чу афсар бувад.

©️ Фирдавсӣ

*оз - ҳирс, тамаъ, ҳавою ҳавас
*хунук - хушбахт


#шоҳбайт
@donish_su
Зи андӯҳ бошад рухи мард зард,
Ба ромиш* физояд тани родмард.

Зани хубрух ромишафзоӣ бас,
Ки зан бошад аз дард фарёдрас.

Ба зан гирад ором марди ҷавон,
Агар тоҷдор аст, агар паҳлавон.

©️ Фирдавсӣ (Шоҳнома)

* ромиш - роҳат

#шоҳбайт
@donish_su
Магӯ он сухан, к-андар он суд нест,
К-аз он оташат баҳра ҷуз дуд нест.
©️ Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Фурӯтан бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш бузургу тавоно бувад.
©️ Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Бипарҳез, аз ҳар чӣ нокарданист,
Маёзор онро, ки н-озурданист.
©️ Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой,
Ки гар ақлу раъяш набошад басе,
Бимириву аз ту намонад касе.
©️ Саъдӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from ТАФАККУР (Ozod Hodizoda)
Барои мулоҳиза

Усули "99"


Подшоҳе надиме дошт, ки ҳамеша шоду масрур мегашт. Шоҳ ҳамеша шод гаштани ӯро дида ҳайрон мешуд. Рӯзе аз вазираш пурсид:
- Ман подшоҳам. Тамоми нозу неъматхои дунё дар наздам муҳайёст. Лекин наметавонам, ҳамеша хурсанд бошам. Фалони надими ман аст, аз ҳисоби ман маош мехӯрад, лекин ҳамеша шоду масрур менамояд.
Вазири оқил гуфт:
- Подшоҳи аъзам шумо як бор ба ӯ усули "99" ро истифода баред, он гоҳ ба ҳолаш нигаред.
- Чӣ гуна будааст ин усули "99"?
Гуфт:
- Дар кӯзае 99 танга андохта пинҳона ба пушти дараш гузоред. Баъд таъсири услубро бинед.
Бо фармони подшоҳ чунин кор карданд.
Надим саҳар чун аз хона баромад дар пушти дараш кӯзаро дида ҳайрон шуд. Ба ҳар тараф нигоҳ кард, лекин касеро надид. Шодон ба хонааш ба назди кӯдаконаш рафту тангаҳоро холӣ карда шумурд. Дар дохили вай 99 тангаи тилло буд, бори дигар шумурд, боз 99 баромаданд. Баъд шояд каси оваранда яктояшро аз кӯча афтодааст гӯён кофту ковкунон ба сарои роҳ расид, лекин тангаи тиллоро наёфт, ночор маъюс ба сарои подшоҳ дохил шуд. Шоҳ ба рӯи надимаш назар карда дид, ки дар ҳақиқат усули "99" ба вай сахт таъсир карда буд.....

P/S: Аксар вақт мо ҳамин 99 неъматро дороем, аммо, дунболи ҳамон 1 мегардем ва ба хотири он худро нороҳат эҳсос мекунем. Қаноъат чӣ қадар чизи хуб аст?!

26.04.2020 сол.

Аз маҷалаи "Ҳидоят"

Тарҷумон: Озод Ҳодизода

#ҳикояи_ибратнок
Ба дӯстон ирсол намо:
👇👇👇
@tafakkur_tjk
Forwarded from Қорӣ Исмат (.)
Тоҷикона…
2024/09/22 14:28:36
Back to Top
HTML Embed Code: