Telegram Web Link
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд...
©️ Ҳофизи Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Муборакамон бод!
Forwarded from 🇹🇯 ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИ (¹⁰ª𓅃ᴬᴰᴹᴵᴺ |--|)
🇹🇯Аввалин иштирок, аввалин ғалаба ва аввалин роҳхати мунтахаби Тоҷикистон ба плей-офф дар Ҷоми Осиё! 🇹🇯

Ба пеш шербачаҳо!
🇹🇯
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Оилаи муосир
Барои #тафаккур

@donish_su
Осмон бо он бузургӣ тоби як одам надошт,
Бар замин бингар, чӣ бореро таҳаммул мекунад!
©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
👉 Кӯдакро аз хурди бояд ба роҳи Ҳақ омода намуд, зеро бод дарахти хурдро бо осони каҷ мекунад ва агар пеши бодро нагирем  дарахт то хушк шуданаш каҷ мемонад.

@donish_su
Чу хуршед саодат намоён шавад,
Ситора зи пешаш гурезон шавад.

Уқоби шикорӣ натарсад зи бум,
Ду марди хуросонӣ дусад марди рум.


Агар дасти Яздон диҳад равнақам,
Ба Искандария занам байрақам.

©️ ?

#шоҳбайт
@donish_su
Ризқ ҳарчанд бегумон бирасад,
Шарти ақл аст ҷустан аз дарҳо.
В-арчи кас беаҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо!

Саъди Шерозӣ

@kitobkhon2021
Одоб мисли атр аст,
Мо барои худамон истифода мекунем, аммо дигарон ҳам аз он лаззат мебаранд.

@donish_su
Ахлоқ – Хазинаи маърифат

Тасмим гирифтем мавзӯҳои Хазинаи маърифатро дар ин сомона нашр кунем. Тамоми мавзӯҳои мухталифи Хазинаи маърифатро дар ин барчасп бихонед.

Ятимӣ аслӣ (кулл) на онест, ки бе падару модар аст, ятими аслӣ (кулл) онест, ки…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12603
Канали мо » @donish_su
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ
©️ Унсурӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Гар ту дорӣ доғу дарди тоҷикӣ,
Ростиро, марди марди тоҷикӣ.

Гар дили моро бихонӣ, тоҷикӣ,
Гавҳари моро бидонӣ, тоҷикӣ.

Фарқ набвад аз куҷоӣ, эй ҳабиб,
Гар ту моӣ, гар ту моӣ, эй ҳабиб.

Берун аз ҳар қайду бастӣ, зинда бош!
Мисли мо миллатпарастӣ, зинда бош!

©️ Лоиқ

#шоҳбайт
@donish_su
Ҷавонмарде, ки дил бо хештан баст,
Равад дар баҳру дарё эмин аз шаст.
Нигаҳро ҷилвамастиҳо ҳалол аст,
Вале бояд нигаҳ дорӣ дилу даст.

МУҲАММАД ИҚБОЛ

@kitobkhon2021
"Саройи Санг"-и Ато Мирхоҷа дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻

Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб
Ваҳдат зи ваҳдат мужда дод,
Аз бахту давлат мужда дод
Бо голи зебое, ба сар,
Аз Иди миллат мужда дод.

Футболи тоҷик зинда бод,
Пирӯзиаш фархунда бод!

©️ Озарахш

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
Илон Маск дигар №1 нест
Тоҷири маъруф Илон Маск аз садри феҳристи сарватмандтарин одами сайёра берун шудааст. Ҷойи ӯро акнун Бернар Арно, президенти гуруҳи ширкатҳои LVMH (Louis Vuitton Moet Hennesy) гирифтааст. Дороиҳои вайро $205,8 млрд ҳисоб кардаанд.
Аслан аз хондани ин хабар дороиҳои ману шумо 10 дирам ҳам зиёд намешавад...
Чун фурӯхт ӯ лафзи модарро чунон,
Мефурӯшад ӯ Ватанро бегумон.
Чун надонист қадри лафзи модарӣ,
Кай бидонад қадри манзил, қадри нон?
©️ ?

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
Рӯзе яке аз дӯстони Салмони Форсӣ ба наздаш даромад. Дид ки ӯ хамир мекунад. Аз ӯ пурсид, ки хидматгор куҷост?
Салмон чунин ҷавоб дод:
– Мо ӯро барои коре фиристодаем. Раво надидем, ки ба ӯ ду корро фармоем.

📖 "Родмардоне дар атрофи паёмбар"

🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: www.tg-me.com/fonustj
Мамлакат аз ақл шавад пойдор,
Кори ту аз ақли ту гирад қарор.
©️ Халқӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Мавзӯи 21. Тарбияи ақлии (фикрии) хонандагон

Тарбияи аклии (фикрии) хонандагон.

-------------

Зермавзӯҳо:

1. Тарбияи ақлӣ – асоси ташаккули шахсият
2. Мазмун ва вазифаҳои тарбияи ақлӣ
3. Ташаккули

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12627
Канали мо » @donish_su
2024/11/15 12:59:20
Back to Top
HTML Embed Code: