Telegram Web Link
Гирди “Дастархон” “Фурсати баён”-и хубе барои “Гуфтумони муфид” дар мавриди “Китобхон”-ист. Бо “Хирад” будан аз истифодаи хуби “Фурсати донистан”* дар мавриди “Подкастҳои тоҷикӣ” * сарчашма мегирад.
“Подкастҳои тоҷикӣ” - телеграмканали муфид! Даҳҳо подкасти тоҷикиро як ҷо гирд овардем, то вақти шумо сарфа шавад! Ба “Подкастҳои тоҷикӣ” ҳамроҳ шавед: https://www.tg-me.com/tajik_podcst

*- ишора ба номи чанд подкасте ки инҷо нашр мешавад
Ақидаҳои дигаронро ба худ бор накунед

#тафаккур - @donish_su
ДОНИШ
“Бани Одам аъзои як пайкаранд” Ки акнун паи қатли якдигаранд, “Чу узве ба дард оварад рӯзгор” Дигар узвҳоро ба он як чӣ кор? Чунин гуфт Саъдиву гӯям ба он: Куҷоӣ ту Саъдӣ иваз шуд замон Бани Одами имрӯза дев асту шар Яке гургу он барра бошад дигар. ©️
Ба номи “Ҳуқуқи Башар ” мекушем
Ба теғу туфангу ҳаҷар мекушем!

Куҷоӣ ту Саъдӣ бибинӣ чӣ сон
Бани Одам инҷо кашидааст синон

Паи нону ҷону мақоманд ҳама
Надоранд зи хашми Худо воҳима

Куҷоӣ ту Саъдӣ, ки аъзои тан
Бибинӣ фитодааст ҳама аз бадан

©️ Лоиқ Шералӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Ба тими мо ҳамроҳ шавед: https://www.tg-me.com/tajik_podcst
Дар Бухорои шариф чанде касиф
Мактаби тоҷикиро дар бастаанд.
Маҳзани тоҷикро дуздидаанд,
Муҳраи тоҷикро бишкастаанд.

Дар Самарқанди самарманд
Аз ғурури тоҷикӣ тарсидаанд,
Гардани торихро бишкастаанд,
Синаи торихро бибридаанд.

Офарин, эй Ҳуррият!
Чанд кӯҳу санг додӣ…
Манзили тоҷикро кӯҳсор кардӣ.
Санг додӣ то занад бар фарқи ҳамдигар…
Орият додӣ ба насли ориён якчанд санг,
Хидмати бисёр кардӣ –
Рӯҳашонро хор кардӣ…

Муфассал

©️ Лоиқ Шералӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҷаҳон ба як уқёнуси иттилоот шабоҳат дорад. Мавҷи беинтиҳои хабару маълумот машҳуртарин оббозро ҳам ғарқ мекунад. Расонаву расоначаҳо мисли киштиҳои бузург ҳар сония сели маълумоти мухталиф ва лозиму нолозимро ба ин уқёнус сар медиҳанд. Танҳо "Фонус аст, ки мисли қаиқча танҳо маълумоти зарурӣ ва ҷолибу хонданиро пешниҳод мекунад. "Фонус"-ро ҳамроҳатон гиред. На танҳо дар торикӣ, дар равшанӣ ҳам кор меояд! 🔶 ҲАМВАНД ШАВЕД: www.tg-me.com/fonustj
Сайфо, зи ҷафои даҳр бисёр манол,
Ҳаргиз макун аз замона изҳори малол.
К-ин давлати дигарону ин меҳнати ту
Чун нек нигаҳ кунӣ, хаёл аст, хаёл!
©️ Сайфиддини Бохарзӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
ҲАМВАНД ШАВЕД: 👉 https://www.tg-me.com/fonustj
Имрӯз, ки дастгоҳ дориву тавон,
Бехе, ки бар саодат орад, биншон.
Пеш аз ту азони дигарон буд ҷаҳон,
Баъд аз ту азони дигарон бошад, ҳон!
©️ Сайфиддини Бохарзӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Бедории миллӣ, ҳаракати миллӣ, истеъморзадагӣ ва истеъморзудоӣ*. Ҳар тоҷике бояд ин барномаро бубинад!

* истеъмор - сиёсати тасарруфи сарзамини дигарон ва эҷоди ҷомеъаи муқим дар он барои судҷӯӣ аз манобеъ ва баҳракушӣ аз мардуми он сарзамин, колонизатсия.

#тавсия

https://www.youtube.com/watch?v=9gBy5MLky-g
Дунё гузарон аст ба ҳар бешу каме,
Хоҳеш ба шодӣ гузарон, хоҳ ғаме.
З-ин манзилат албатта бурун хоҳӣ рафт,
Хоҳе ба ҳазор солу хоҳе ба даме.
©️ Сайфиддини Бохарзӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Вақтатонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ надиҳед!

#тафаккур - @donish_su
Forwarded from ТАФАККУР (Ozod Hodizoda)
Имшаб туро ба хуби, нисбат ба моҳ кардам,
Ту беҳтар зи моҳи, ман иштибоҳ кардам.


#ишқ
Ба шабака ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
@tafakkur_tjk
Дил бар ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад,
Навбати пирӣ чу ояд, навҷавонӣ бигзарад!
Китфу бозуе ту дорӣ, эй ҷавони паҳлавон,
Китфу бозуят бимонад, паҳлавонӣ бигзарад.
©️ Шамси Табрезӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Фарқ набвад аз ҷанубӣ ё шимол,
Фарқ бошад ту ҳаромӣ ё ҳалол.

Фарқ набвад аз шимолӣ ё ҷануб,
Фарқ он бошад, ки зиштӣ ё ки хуб.

Миллати мо миллати яклахт нест,
З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.

То ғамони хешро ғамхора нест,
Миллати мо миллати якпора нест.

Як забону сад забонча дорад ӯ,
Сайд бар сайёди худ биспорад ӯ.

Хешро нашнохта бегонадӯст,
Аз ҳақиқат ғофилу афсонадӯст.

Шаҳманиш будан барояш каҳкашист,
Хештаннашносии ӯ худкушист.

Пеш рафтанҳош вопас рафтан аст,
Аз паи як зумра нокас рафтан аст.

Миллат аз якшохагӣ шохаш шикаст,
Сар ба боло карду андар гум нишаст.

Гар ту дорӣ доғу дарди тоҷикӣ.
Ростиро, марди марди тоҷикӣ.

Гар дили моро бихонӣ, тоҷикӣ,
Гавҳари моро бидонӣ, тоҷикӣ.

Фарқ набвад аз куҷоӣ, эй ҳабиб,
Гар ту моӣ, гар ту моӣ, эй ҳабиб.

Берун аз ҳар қайду бастӣ, зинда бош!
Мисли мо миллатпарастӣ, зинда бош!

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

@kitobkhon2021
#тафаккур бояд кард!

Худро аз ин дом раҳо кунед!

@donish_su
2024/11/15 15:56:14
Back to Top
HTML Embed Code: