Telegram Web Link
Дар баёни «нафс» — Панду андарз

Оқил он бошад, ки ӯ шокир бувад
В-он гаҳе бар нафси худ қоҳир бувад.

Ҳар кӣ хашми худ фуру хӯрд эй ҷавон,
Бошад ӯ аз растагорони ҷаҳон.

Он бувад аблаҳтарини мардумон,
К-аз пайи нафсу ҳаво бошад давон,

В-он гаҳе пиндорад он торикрой
Хоҳад омурзиданаш охир Худой.

Гарчӣ дарвешӣ бувад сахт, эй писар,
Ҳам зи дарвешӣ набошад хубтар.

Хар кӣ ӯро нафси тавсан ром шуд,
Аз хирадмандони некӯном шуд.

Бар муроди нафс то гардӣ асир,
Сабр бигзину қаноат пеша гир.

Дар риёзат нафси бадро гӯшмол
То наяндозад туро андар вубол

Ҳар ки хоҳад, то саломат монад,
Аз ҷамеи халқ рӯ гардонад ӯ.

Мардумонро cap ба cap дар хоб дон,
Гашт бедор он ки ӯ рафт аз ҷаҳон.

Он ки ӯ ранҷонадат, узраш пазир,
То биёбӣ мағфират бар вай магир.

Ҳақ надорад дӯст халқозорро,
Нест ин хислат яке диндорро.

Аз ситам ҳар кӯ дилеро реш кард,
Он ҷароҳат бар вуҷуди хеш кард.

Он кӣ дар банди дилозорӣ бувад,
Дар уқубат кори ӯ зорӣ бувад.

Эй писар, қасди дилозорӣ макун
В-аз Худои хеш безорӣ макун.

Хотири касро маранҷон, эй писар,
В-арна хӯрда захм бар ҷон, эй писар.

Номи мардум ҷуз ба некӯӣ мабар,
Гар ҳамехоҳӣ, ки гардӣ муътабар.

Қуввати некӣ надорӣ, бад макун,
Бо вуҷуди худ ситам беҳад макун.

Рав, забон аз ғайбати мардум бубанд,
То набинӣ даступои худ ба банд.

Ҳар кӣ аз ғайбат забонаш баста нест,
Ончунон кас аз уқубат раста нест.

#Пандномаи_Аттор

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Бо мо ҳамроҳ бошед 👉🏼 @donish_su
Гуноҳе гар гузар созад ба гардун дар шаби торик,
Фуруд оранд аз гардун варо бар гардани тоҷик.
©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Кумитаи волидайни мактаб ва маърифати педагогию психологии он

Кумитаи волидайни мактаб ва маърифати педагогию психологии он.

-------------

Яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти ҳамкории педагогии мактаб ва оила тавассути кумитаи ҷамъиятчигии волидайн пардохта мешавад. Нисбати ҳамкории кумитаи волидайн ва университети падару модарон…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12699
Канали мо » @donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
МУШИ ОБӢ ВА РӮБОҲ
Муши обие рӯбоҳро накуҳиш кард:
-Оҳ, рӯбоҳ, оҳ бедодгар! Раҳме ба бегуноҳон надорӣ. Охир барои чӣ қозу мурғобиҳои бечораро куштӣ?
Рӯбоҳ бо тамасхур гуфт:
-Эй муши обӣ! Ба ман бигӯ, оё дар ҳамин ҳол ҳасад ё ҳисси ҳамдардӣ ба тақдири қозу мурғобиҳо туро чунин боинсофу насиҳатгӯ кардааст?
-Бале, танҳо ҳисси ҳамдардӣ, -ҷавоб дод муши обӣ ва илова кард:
-Шахсан маро ҳеч ҳайвоне дар қатл гунаҳкор карда наметавонад.
Рӯбоҳ гуфт:
-Ба бахти ту моҳиҳо гунгангд. Агар онҳо низ чун қозҳо доду фарёд бардошта метавонистанд, дар ин ҳавз бо як овоз туро лаънат мехонданд.

ПАНД: Эй маломатгарон! Аввал гиребони хуб бӯед, баъд айби дигарон ҷӯед!

✍️Мартин Лутер
—————————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: www.tg-me.com/fonustj
Чаҳор чиз баданро лоғар ва заиф мекунад:

1. Кӯтоҳдастӣ;
2. Фироқу ҷудоӣ аз дӯстдошта;
3. Ҷуръати душман;
4. Қабул накардани насиҳат ва хандидан ба олимону оқилон.

Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
Мавзӯи 26. Моҳияти раванди таълим

Мохияти раванди таълим.

-------------

Зермавзӯҳо:

1. Мафҳуми раванди таълим
2. Системаҳои дидактикӣ ва модели (навъҳои) омӯзиш
3. Мақсади омӯзиш

-------------

1. Мафҳуми раванди таълим

Раванди таълим…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12702
Канали мо » @donish_su
Чаҳор чиз ҷисми инсонро бемор мекунад:

1. Сухани бисёр;
2. Хоби бисёр;
3. Хӯрдани бисёр;
4. Ҷимоъи бисёр.

Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
Forwarded from ДОНИШ (Mohammad)
Суханеро, ки дар мақол орӣ,
Аввал он беҳ, ки дар хаёл орӣ.
© Биноӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Дар азони Бомдод “Ассалоту хайрун минан-навм”-ро фаромӯш кардан

# Савол

Шахсе танҳо намоз мегузорад ва азону иқоматро ҳам мегӯяд. Бисёр ҳолатҳо дар вақти азони намози бомдод…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3654
Канали мо » @donish_su
Мафҳуми раванди таълим

Мафхуми раванди таълим.

-------------

Раванди таълим яке аз ҷараёни асосии яклухти педагогиро ташкил мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин раванди дар байни ҷараёнҳои таркибии педагогика – тарбия ва инкишоф хеле мураккаб ва…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12705
Канали мо » @donish_su
ДОНИШ pinned a photo
Системаҳои дидактикӣ ва модели (навъҳои) омӯзиш

Системахои дидактики ва модели (навъхои) омузиш.

-------------

Дар таҳти система (аз лот. systemа – яклухтии аз қисматҳо иборат, пайвасткунӣ) ҷудокунии яклухтии таҳсилот ба маҳакҳои муайянро гӯянд. Системаҳои дидактикӣ хусусияти сохти ягонагии дохилӣ дошта, ягонагии…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12709
Канали мо » @donish_su
Оё ҷоеро, ки бо спирт тар шудааст, ношуста намоз гузоридан дуруст аст

# Савол

Оё ҷоеро дар бадан, ки бо спирт тар шудааст, ношуста намоз гузоридан дуруст аст (дар андоми…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3658
Канали мо » @donish_su
Forwarded from ДОНИШ (Mohammad)
Мард бояд, ки худ падар бошад,
Боиси фахри сад писар бошад.
© Биноӣ

#шоҳбайт
@donish_su
2024/09/25 12:25:11
Back to Top
HTML Embed Code: