Telegram Web Link
Мешавад гулзор, нор аз лутфи Ҳақ,
Мешавад гулзор нор, аз қаҳри Ҳақ.
© ?

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from ТАФАККУР (Ozod Hodizoda)
Масал дар бораи савдогар

Пирамарде дар бозор тарбуз мефурӯхт ва дар тахтачае навишта буд:
"Як дона тарбуз — се сӯм. Се дона тарбуз — даҳ сӯм".
Ҷавонмаре меояду бо се сӯм як тарбуз мегирад. Баъд боз як тарбузи дигар бо се сӯм. Баъд боз бо се сӯми дигар як тарбуз. Ҳангоми рафтан хушҳолона ба савдогар мегӯяд:
– Бубин ман се дона тарбуз гирифтам, аммо нӯҳ сӯмат додам. Савдо карданро ҳам намедонед, мӯйсафед.

Мӯйсафед чизе нагуфт ва аз пасаш нигоҳ карда гуфт:

— Чун ҳамешагӣ ба ҷои як тарбуз се тарбуз мегиранд, аммо боз ба ман ақл ёд дода тарзи савдоро омӯзонадани мешаванд.

Тарҷумон: Озод Ҳодизода


#масал
Ба шабака ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
@tafakkur_tjk
Бо корҳои беҳуда машғул шудан, аз мақсади асосӣ дур шудан аст.

#муваффақият
@donish_su
Шеър дар бораи Конститутсия (Сарконун, Қонуни асосӣ)

Шеърхо дар васфи Конститутсия, Сарконун. 6 ноябр – рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон, рӯзи Қонуни асосӣ / Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърхо.

Сад нома аз ин пеш агар буд маро,
Аз номаи бахт кай хабар буд…

Бахш: Шеър, ғазал, рубоӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=11753
Канали мо » @donish_su
Конститутсия – бахтномаи миллат

Дар ин мақола ки Конституция – бахтномаи миллат ном гирифтааст, иншо ё реферат дар бораи конститутсияи Чумхурии Точикистон оварда мешавад >>

-------------

Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар…

Бахш: Дониш | Иншо ва мавзӯи озод

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=4157
Канали мо » @donish_su
Конститутсия – гуфтаниҳои ногуфта (далелҳои ҷолиб)

Яке аз калонтарин конститутсияҳои амалкунандаи олам қонуни асосии Ҳиндустон мебошад. Конститутсияи Ҳиндустон аз 395 боб иборат буда, то ин дам ба он 500 маротиба тағйироту иловаҳо ворид шудааст. Конститутсияи мазкур аз 117400 калима иборат…

Бахш: Дониш

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=2903
Канали мо » @donish_su
Табрикот барои рузи Конститутсияи Чумхурии Точикистон

Табрикнома ва табрикот дар васфи рузи контитусия, Конститутсияи Чумхурии Точикистон. 6 ноябр рузи Сарконун, конституция.

Ҳамватанони азиз! Табрикоти самимонаи моро ба муносибати ҷашни Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Дар ин рӯзи муҳимму идона Шумо ва…

Бахш: Табрикнома

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=20970
Канали мо » @donish_su
Конститутсия – бахтномаи миллат (иншо, эссе)

Рузи конститутсия дар Точикистон, аввалин конститутсия, мақола / макола / эссе / иншо дар бораи Конститутсияи Чумхурии Точикистон / Сарконун, конституция дар ин саҳифа

Зери мафҳуми “конститутсия” дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан Қонуни

Бахш: Дониш

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=20972
Канали мо » @donish_su
Ба айвони дабистон сабт дидам инчунин байте,
Падар оқил набошад тифл бадомӯз мегардад.
© Абдурраҳмони Ҷомӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Хона он аст, ки хонанд дар он,
Гар нахонанд, варо хона махон.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Нияти ду ракъат намозе, ки барои ҳаққи масҷид хонда мешавад, чигуна аст?

# Савол

Тарзи нияти ду ракъат намозе, ки барои ҳаққи масҷид хонда мешавад, чигуна аст?

#

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4234
Канали мо » @donish_su
Агар мард ба ҳамсараш тариқи паёмак “се талоқат кардам” нависад, вале

# Савол

Агар мард ба ҳамсараш тариқи паёмак “се талоқат кардам” нависад, вале ба забон чизе нагӯяд, талоқ…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4236
Канали мо » @donish_su
Ман ҳамчун донор панҷ сол боз хун месупорам. Хун додан ҳаром аст?

# Савол

Ман ҳамчун донор панҷ сол боз хун месупорам. Шунидам, ки хун додан ҳаром аст. Оё ин…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4238
Канали мо » @donish_su
Магар?

Васати ҳодиса асҳоби назар нест магар?
Ханда пайғоми хушовои шарар нест магар?

Эй намояндаи хушбовари ахбори умум,
Хабари марги гули ёс хабар нест магар?

Ҳаст як шаҳр ҳунар дар паси девор асир,
Аҷабо, роҳкушои баҷигар нест магар?

Чи касе баст раҳи чашма дар ин ташназамин?
Ба дарахтон амалаш айни зарар нест магар?

Хоксорӣ накун, эй хуб, дар ин кибрсаро,
Кафш, ҳар ҷо ки равӣ, дар паси дар нест магар?

Ҳайф, уфтод яке, бурд яке, мурд яке,
Мурдани замзамаи ишқ хатар нест магар?

Сухани харбузаву турбу каду куҳна шудаст,
Ҳарфпардози нав аз байни башар нест магар?

Орзу, ҷоизаи гунгтарин гунг зи туст,
Зистан бо даҳани баста ҳунар нест магар?

© Орзу Исо

#шеър
@donish_su
Не меҳру вафои дӯстдорон монад,
Не душмании кинагузорон монад.
Не маҳвашии лолаъизорон монад,
Не ғамкашии синафигорон монад.
© Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ

#шоҳбайт
@donish_su
Чаро бояд китоби бадеӣ хонд?
Агар дар ҷомеа андеша гум шавад, чӣ ҳодиса рух медиҳад?
Чаро адабиёти ҷаҳонро бояд ҷиддӣ мутолиа кард?
Чаро китоб ва мутолиа кафили пешрафти ҷомеа аст?
Ҳафиз Раҳмон ба Раҳим Бобоҷонов (Раҳими ғармӣ) чӣ гуфт ва аз ӯ чӣ шунид?
Пайём ва вокуниши Одинамуҳаммад дар сохтани китобхона чӣ буд?

Ин ва дигар мавзуъҳои ҷолиб дар суҳбати Ҳафиз Раҳмон, устоди Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон дар барномаи "Китобхон"

Дар саҳифаи "Ютуби"-и #КИТОБХОН
Ман дар бонк кор мекунам. Оё маоши он ҳалол аст?

# Савол

Ман дар бонк кор мекунам. Оё маоши он ҳалол аст?

# Ҷавоб

Кору…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4240
Канали мо » @donish_su
Forwarded from Китобхон - کتابخوان (Muhammadnazar)
❗️📖 Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

👇Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем:

👉 Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода натавонем.

👉 Коҳиши тавонои таҳлил ва тафаккури интиқодӣ. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба тақвияти маҳорати тафаккури интиқодӣ ва мантиқӣ кумак мекунанд. Бидуни китоб хондан ин маҳоратҳо заъиф мешаванд.

👉 Аз даст додани дониши ҷадид. Китобҳо манобеи ғании иттилоот ва донишанд. Бидуни мутолиа мумкин аст аз пешрафтҳо ва ёфтаҳои ҷадид дар ҳавзаҳои мухталиф бехабар бимонем.

👉 Коҳиши халлоқият. Китобҳо ба тавсеаи халлоқият ва таҳрики тахайюл кумак мекунанд. Бидуни хонадони онҳо халлоқият ва тавоноии фикр кардан ба ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид мумкин аст уфт кунад.

👉 Заъф дар ҳалли масъала. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба фард кумак мекунад то роҳкорҳои мутанаввеъе барои мушкилот пайдо кунад. Бидуни китоб хондан маҳоратҳои ҳалли масъала коҳиш меёбад.

👉 Коҳиши ҳамдилӣ. Китобҳо ба афрод ин имконро медиҳанд то аз нигоҳи дигарон ба дунё бингаранд ва эҳсосоти онҳоро дарк кунанд. Бидуни мутолиа ин ҳамдилӣ ва дарк мумкин аст коҳиш ёбад.

👉 Заъф дар маҳоратҳои навишторӣ. Нахондани китоб боиси коҳиши тавоноӣ дар навиштан мешавад, зеро мутолиа ба беҳбуди сабки навишторӣ ва баён кумак мекунад.

👉 Афзоиши ҳаяҷон (стрес). Мутолиаи китоб метавонад ба коҳиши ҳаяҷон ва изтироб кумак кунад. Агар китоб нахонем, мумкин аст равишҳои муассири муқобила бо ҳаяҷонро аз даст бидиҳем.

👉 Коҳиши диққат ва тамаркуз. Хондани китобҳо ниёз ба тамаркуз дорад ва боиси тақвияти ин тавоноӣ мешавад. Бидуни китоб хондан мумкин аст тавоноии тамаркуз ва таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт коҳиш ёбад.

👉 Кунд шудани ҳофиза. Мутолиаи муназзами китобҳо ба тақвияти ҳофиза кумак мекунад. Бидуни ин одат мумкин аст ҳофиза заифтар шавад.

👉 Маҳдуд шудани дунёи зеҳнӣ. Китобҳо ба шумо дидгоҳҳои мутанаввеъе аз ҷаҳон медиҳанд. Бидуни онҳо додгоҳҳо ва афкори мо маҳдудтар хоҳанд шуд.

👉 Коҳиши эътимод ба нафс. Афроде, ки иттилооти бештаре доранд, маъмулан дар баҳсҳо ва муколимот эътимод ба нафси бештаре доранд. Бмдуни китоб хондан мумкин аст дар муколимот эҳсоси заъф кунӣ.

👉 Заъф дар иртибототи иҷтимоӣ. Китобҳо мавзуъҳои ҷолибе барои баҳс дар муколимоти иҷтимоӣ фароҳам мекунанд. Бидуни мутолиа мумкин аст доира муколимот маҳдудтар шавад.

👉 Коҳиши ангеза барои ёдгирӣ. Мутолиаи китоб ба таври доимӣ ангеза ва алоқа барои ёдгириро афзоиш медиҳад. Бидуни он мумкин аст ин ангезаро аз даст бидиҳем.

👉 Аз даст додани илҳои ва ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид. Китобҳо метавонанд илҳомбахш бошанд ва ғояҳои ҷадид ба зеҳни ту биёранд. Бидуни онҳо мумкин аст дар фикр кардан дар идеяҳои наву халлоқона дучори мушкил шавем.

👉 Уфти таҳсилӣ ё ҳирфаӣ. Дар муҳитҳои таҳсилӣ ва корӣ мутолиаи доимӣ барои пешрафт зарурӣ аст. Бидуни он мумкин аст дар масири таҳсилӣ ё ҳирфаии худ пешрафти камтаре дошта бошем.

👉 Афзоши замони талафшуда. Афроде, ки мутолиа намекунанд, мумкин аст заони бештареро сарфи фаъолиятҳои беарзиш ё вақтгир кунанд. Хондани китобҳо як фаъолияти созанда аст, ки аз талаф шудани замон ҷилавгирӣ мекунад.

👉 Адами ошноӣ бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои дигар. Китобҳо ба шумо ин фурсатро медиҳанд, то бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои мухталиф ошно шавед. Бидуни мутолиа дидгоҳи мо мумкин аст маҳдудтар ва тангназаронатар шавад.

👉 Коҳиши қудрати тасмимгирӣ. Мутолиаи китобҳо ба беҳбуди маҳоратҳои тасмимгирӣ кумак мекунад. Агар мутолиа накунем, мумкин аст дар шароити буҳронӣ ва муҳим тасмимҳои нодуруст ва зиф бигирем.

👉 Эҳсосӣ пучӣ ва беҳадафӣ. Китобҳо метавонанд ба фард маъно ва самт диҳанд. Бидуни хондан мумкин аст эҳсосӣ беҳадафӣ ё адами рушди шахсӣ дошта бошем.

👆Ин паёмадҳое ҳастанд, ки бо адами мутолиа метавонанд дар зиндагии фард зоҳир шаванд ва бар кайфияти зиндагии шахсӣ, иҷтимоӣ ва ҳирфаӣ таъсир бигзоранд.

📃 Баргардон аз форсӣ ба сириллик.

Баргардонанда: Муҳаммадназар

📖 Китобхонро дар 📱 📱  📱 📱 пайгир бошед
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
2024/11/15 09:59:20
Back to Top
HTML Embed Code: