Telegram Web Link
1️⃣3️⃣.САБАБИ НУКТАГИРӢ АЗ АБӮҲАНИФА ЧӢ БУД?

✏️Имрӯз дар ҷаҳон 60%-и мусулмонон пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ намуда, дар бархе аз кишварҳои исломӣ қонун ва аҳкоми хонаводагӣ дар пояи ин мазҳаб амалӣ мегардад. Асосгузори ин мазҳаб Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад, ки ҳамасрон ва донишмандони баъдӣ дониш ва истеъдоди баланди истинбот, парҳезгорӣ ва саховатмандии ӯро сутудаанд ва хидматҳои ӯро дар ҷодаи фиқҳ эътироф намудаанд.
 
Аммо дар тӯли таърих аз даврони зиндагии ӯ то ба имрӯз аз ҷониби бархе мардум нуктагириҳое дар бораи ин шахсияти бузург ба назар мерасад. Ба вижа дар ҷодаи забондонӣ, яъне грамматикаи арабӣ ва фарогирии аҳодиси набавӣ аз Абӯҳанифа нуктагирӣ намудаанд. Чунонки, Ибни Халликон ривоятеро меорад, ки Имоми Аъзам дар иборае ба ҷойи ҳолати насб ҳолати ҷарро истифода бурдааст ва инро далели тақсири Абӯҳанифа дар илми забон шуморидааст. Вале ҳақиқат он аст, ки ин далел баёнгари тақсири Абӯҳанифа дар забондонӣ нест. Зеро донишмандони илми наҳв истеъмоли исмҳои шашгонаро дар ҳама ҳолоти эъробӣ дар баъзе лаҳҷаҳои арабӣ баён намудаанд, ки мардуми Кӯфа низ инро ба таври густурда истифода мебаранд.
Инчунин дар ради ин нуктагирӣ ривоят шудааст, ки Абӯҳанифа (р) аз як оят ё ҳадис чандин масъаларо истинбот менамуд, ки ин пеш аз ҳама аз иттилооти пурраи ӯ аз қонуну қоида ва мафҳуму вожаҳои арабӣ дарак медиҳад.

1️⃣4️⃣.Абӯҳанифа ва мактаби раъй
Бархе аз муҳаддисон ва фақеҳони муосири Абӯҳанифа (р) ва баъд аз он нуктагирӣ намудаанд, ки ӯ раъй ва қиёсро бар ҳадис муқаддам мегузорад ва ҳатто дар пайи ин нуктагирӣ мактаби фиқҳии ӯро "мактаби раъй" хонда, дар муқобили он "мактаби ҳадис"-ро зикр намудаанд. Ин гурӯҳ ақидаи худро ба он тарҷеҳ медиҳанд, ки Абӯҳанифа мисли дигар имомон дар пайи гирдоварии аҳодис тавофи шаҳру деҳаҳо накардааст. Аз ин рӯ иттилооти ӯ маҳдуд ба теъдоде аз аҳодис буда, дар куллияи аҳодис ба таври комил ишроф надоштааст.
 
Агар ба жарфои ин нуктагириҳо назар намоем, маълум мешавад, ки ин ҳама беасос буда, аз рӯйи таассуб ва огоҳӣ надоштан аз ҳақиқати ҳоли ӯ маншаъ гирифтааст. Зеро дар ради ин суханҳо худи Абӯҳанифа гуфтааст: "Ба Худо қасам, ҳар кӣ бигӯяд, ки мо қиёсро бар насс (Қуръону ҳадис) муқаддам доштаем, дурӯғе гуфтааст". Дар дигар ҷо мегӯяд: "Нахуст ба китоби Худо амал мекунам, сипас ба суннати паёмбари акрам (с), пас аз он ба назариёти саҳоба, ки дар он иттифоқ бошад. Аммо агар дар масъалае ихтилоф дошта бошанд, дар сурате, ки байни ду ҳукм иллате ёфт шавад, бо истифода аз қиёс ҳукмеро бар дигаре тарҷеҳ медиҳем, то маъно рӯшан гардад. Аммо чун кор ба тобеин расад, мо низ мисли онҳо иҷтиҳод менамоем".
 
Донишмандони мунсифи замон ва баъд аз ӯ дар иттилои комил доштани ӯ аз аҳодиси набавӣ суханҳо гуфтаанд.

1️⃣5️⃣. Ҳадисдонии Имоми Аъзам
 
✏️Чунон ки имом Ибни Юнус мегӯяд:

"Абӯҳанифа ҳадисро хуб дар ёд дошт. Фиқҳро ба ҳадис мувофиқ намуда, таҳқиқ мекард ва фиқҳи дар ҳадис бударо аз дигарон беҳтар медонист".

✍🏻Имом Абӯюсуф (р) мегӯяд:

"Ҳеч касро дар тафсири ҳадис надидам, ки асрори нозуки фиқҳро чун Абӯҳанифа нуктасанҷона маънидод карда тавонад".

📝Яҳё ибни Муин мегӯяд:

"Абӯҳанифа дар ҳадис мавриди эътимод буд ва танҳо аз аҳодис сухан мегуфт, ки ҳифз кардаву дар ёд дошт".

✏️Гузашта аз ин дар ҳудуди ҳафдаҳ китоби муснад аз муснадҳои Имоми Аъзамро ба тавре мураттаб фармудаанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо ба эътибори ҳаҷм аз "Сунан"-и Имом Шофеӣ камтар намебошад. Шояд дар китобҳои ҳадис, ки чанде пас аз замони Имоми Аъзам (р) гирдоварӣ шудаанд, ҳадисҳое дида шавад, ки такя ба он ҳукм кардааст. Ин бошад ба он далел шуда наметавонад, ки Имоми Аъзам аз ин ҳадисҳо огоҳ набуд. Баръакс шояд ин ҳадисҳо ба ӯ расида буданд, вале ӯ бинобар шуруте, ки дар пазируфтани ривоятҳои ҳадис дошт, дар он иллате ё заъфе ёфта, онҳоро сазовори мавриди истидлол қарор надодааст.

✍🏻Дар охир сухани имом Шаъронии Шофеиро меорем, ки мегӯяд:

"Ин бадгӯиро касе мекунад, ки нисбат ба Имом Абӯҳанифа (р) таассуб дорад ва дар иртибот бо умури динӣ бисёр ҷасуру бебок мебошад ва дар сухан гуфтан, беэҳтиёт аст ва аз ин дастури илоҳӣ ҳамоно аз гӯш, чашм ва қалб ва дар мавриди ҳар яке аз онҳо суол карда мешавад". 
1️⃣6️⃣.АБӮҲАНИФА - ФАҚЕҲИ ИСЛОҲГАР
 
✍🏻Абӯҳанифаро аз зумраи фуқаҳои ислоҳгар медонанд. Ӯ дар роҳи истихроҷи аҳкоми фиқҳӣ равише ғайр аз дигар фаҳонро пеш гирифт. Пайравони Абӯҳанифа мазҳабу равиши ӯро аҳли раъй меноманд, зеро Абӯҳанифа қоил ба раъй аст. Чунонки баъд аз судури ҳар фатвое унвон мекард, ки "ин назари мост". Ӯ танҳо дар шароите иқдом ба қабули аҳодиси мутавотир мекард, ки аз тобеин нақл шуда бошад ва ҳадису хабари муфрадро қабул надошт. Ба нақл аз Ибни Халдун мегӯянд, ки аз маҷмӯи аҳодиси мунтасиб ба паёмбар (с) ӯ фақат ба дурустии 17 ҳадис бовар доштааст. Ин шеваи ӯ метавонад ба хотири мутакаллим будан ва таъсираш дар равиши фиқҳии вай бошад. Ҳамчунин ӯ қиёсу истиҳсонро ҳам ба унвони усул дар иҷтиҳод пазируфт. Бояд гуфт, ки мазҳаби ҳанафӣ бар ҳафт асл устувор мебошад, ки ба қарори зайланд:

1. Қуръон
2.Суннат
3. Қавли саҳоба
4. Қиёсу раъй
6. Истиҳсон
7. Иҷмоъ
8. Урф
🔷 Навъҳои қозӣ (довар, ҳукумкунанда, додрас ):

📜أبو حنيفة عن الحسن بن عبيد الله عن خبيب (أو حبيب و هو الصواب) بن أبي ثابت عن ابن بريدة عن أبيه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: القضاة ثلاثة، قاضيان في النار ؛ قاض يقضي في الناس بغير علم و يوكل بعضهم مال بعض و قاض يترك علمه و يقضي بغير الحق فهذان في النار و قاض يقضي بكتاب الله فهو في الجنة.

Имом Абуҳанифа (р) бо санади хеш ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: Се навъ қози вуҷуд дорад . Ду навъе ҷаҳаннами ҳастанд ва як навъ биҳишти аст . Шахсе дар миёни мардум бидуни дониш қазоват мекунад , ки аз ин тариқ баъзе аз мардум моли баъзеи дигарро мехӯранд ва як қози ки ( илм дорад аммо ба хотири тарс ё ришва ва дигар чизҳо) илми худро раҳо карда ва ба ноҳақ файсала мекунад, ин ҳар ду ҷаҳаннами ҳастанд. Ва як қози , ки тибқи шариъат қазоват мекунад биҳишти аст.

(Тирмизӣ, Абудовуд, ибни Моҷа, ва Ҳоким дар "Мустадрак" ин ҳадисро ривоят кардаанд)
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔷 Парҳез аз бад гуфтани замона;

📜أبو حنيفة عن عبد العزيز عن ابن قتاده (عن أبيه) قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: لا تسبوا الدهر فإن الله هو الدهر.

Имом Абуҳанифа (р) бо санади хеш ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: Замонаро бад нагуед чун соҳиби замон ва гардонандаи он Аллоҳи мутаъол аст.

( Имом Муслим ва гайра бо ҳамин лафз ривоят кардаанд, Имом Бухорӣ бо ин лафз:
قال الله: يسب بنو آدم الدهر ، و أنا الدهر بيدى الليل و النهار،
ривоят кардааст)
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
АҚИДАИ ИМОМ ИБНИ ҲАҶАР ДАР МАВРИДИ ИСТИВО

Имом Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ояи
Истиво-ро аз ҷумлаи муташобеҳот дониста мегӯяд:
استوى على العرش هو من المتشابه الذي يفوض علمه الي الله تعالى
«Истиво дорад бар Арш-ин оят аз ҷумлаи муташобеҳоте аст, ки маънояш ба сӯи Аллоҳ ҳавола (вогузор) карда мешавад» 📕(Фатҳул-борӣ ҷ1 саҳ:136).
Дар ҷои дигар аз қавли Имом Ибни Баттол (вафот 449 ҳ.қ) дар маънои истиво чунин нақл мекунад:
و قالت مجسمية معناه الاستقرار
«Муҷассима гуфтанд, ки маънои истиво истиқрор (қарор гирифтан) аст»
Сипас дар саҳифаи дигар чунин нақл мекунад: «Ибни Баттол мегӯяд:
و قال ابن بطال عرض البخاري في هذا الباب الرد على الجهمية المجسمة في تعلقها بهذه الظواهر و قد تقرر أن الله ليس بجسم فلا يحتاج إلى مكان يستقر فيه فقد كان و لا مكان
Мақсади Бухорӣ дар ин боб рад бар Ҷаҳмияи Муҷассима дар чанг заданашон бар зоҳири ин (оят) мебошад, ба таҳқиқ (назди Аҳли Суннат) муқарар шудааст, ки Аллоҳ ҷисм нест, пас Ӯ таъоло ниёзе ба сӯи макон надорад то дар он қарор гирад пас ба таҳқиқ Аллоҳ буд ва макон набуд» 📕(Фатҳул-борӣ шарҳи бухорӣ ҷ13 саҳ: 316). Дар ҷои дигар ин ҳадисро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нақл мекунад :
إن أحدكم إذا قام في الصلاة فإنه يناجي ربه، و إن ربه بينه و بين القبلة
«Ба дурустӣ кадоме аз шумо дар намоз меистад дар ҳақиқат бо Парвардигори худ муноҷот мекунад ва Парвардигораш байни ӯ вабайни қибла аст» (Ривояти Бухорӣ №405)
Сипас дар шарҳи ҳадис имом ибни Ҳаҷар мегӯяд:
و فيه الرد على من زعم أنه على العرش بذاته و مهما تؤول به هذا جاز أن يتأول به ذاك
«Дар ин ҳадис рад аст бар шахсе, ки гумон мекунад Аллоҳ бо Зоташ болои Арш аст, ва замоне ки ин ҳадис таъвил карда мешавад, (пас) ҷоиз аст ки он нас (ояи 5сураи тоҳо)-низ ба ҳамон чиз таъвил карда шавад»
📕 (Фатҳул борӣ шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ 1 саҳ: 508).
Шахси оқил дар ин сухани гарон арзиши имом ибни Ҳаҷар бо чашми дил назар кунад барояш кифоя аст, инҷо ба он мазмун мегӯяд, ки агар ин ҳадисро таъвил мекунед пас насси истиворо низ таъвил бояд кард. Зеро Худо аз макон гирифтану қарор доштан болои чизе поку муназзаҳ аст, фарқе намекунад ки ин макон Арш бошад Ё замин ё ҷои дигаре!. Дар ҷои дигар дар мавриди Сифати Ъулувв-и Аллоҳ таъоло мегӯяд:
و لا يلزم من كون جهتي العلو و السفل محال على الله أن لا يوصف بالعو لأن و صفه بالعلو من جهتة المعنى و المستحيل كون ذاك من جهة الحس
«Ва аз инки тарафи боло ва поён (собит кардан) барои Худо ҷоиз нест, ин тақозо онро намекунад, ки Парвардигорро ба ЪУЛУВВ васф накунем, зеро васф кардани Худо ба Ъулувв аз нигоҳи маънавӣ аст ва ин ъулувв аз нигоҳи ҳисси маҳол аст барои Худо»
📕 (Фатҳул-борӣ шарҳи бухорӣ ҷ6 саҳ:136).

📣Аҳли бидъат гумон мекунад, ки касе сифати Ъулувви Аллоҳро ҳиссӣ нагӯяд гӯё ӯ мункири сифот будааст, ки ин ҷуз дурӯғ чизе нест. Ақидаи имом ибни Ҳаҷар инҷо возеҳу ошкор аст, аммо аҳли бидъат, ки сарфаҳми суханони Ӯ намераванд худашро бо суханонаш ҷанг меандозанду чунин даъво мекунад, ки гӯё Ӯ ақидаи салафро баён кардааст аммо худаш дар мазҳаби аҳли бидъат будааст. Локин барои фаҳми суханони имомоне чун ибни Ҳаҷари Асқалонӣ раҳимаҳуллоҳ ақли солиму фаҳмиши беғараз лозим аст. (Аллоҳ паноҳ диҳад аз ҳамоқат). Ончи имом Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ гуфтааст бо мутобиқ бо ақидаи аҳли суннат буда ,аз ин ҳисоб муҷассимаҳо , мушаббиҳаҳо ,аҳли бидъат ба Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ забондарозӣ мекунанд . Аз он ҷумла ибни Усаймин ки яке аз пешвоёни муҷассимаҳо ва мушаббиҳаҳо аст иброз мекунад ки Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ва имом Нававӣ (р) дар ақида дар иштибоҳ рафтаанд , ба гуфти худаш гӯё дар ақидаи аҳли суннат бошаду инҳо дар ғайри ақидаи аҳли суннат ҳастанд. Дар ҳоле ки худаш дар ақидаи аҳли суннат нест балки дар аҳли бидъат аст.
Худо ҳамаи гузаштагони моро раҳмату мағфират кунад.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
МО БА ИМОМИ АЪЗАМ ИФТИХОР МЕКУНЕМ

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: «Агар илм дар Сурайё мебуд, ҳароина фарзандони Форс ба он мерасиданд: Ин ҳадис башорате буд аз Расули Акрам (с) дар бораи ба дунё омадани фарзандони барӯманди форсу тоҷик, амсоли Имоми Аъзам (р), Имом Ғазолӣ, Имом Бухорӣ, Шайх Абуллайси Самарқандӣ, Имом Мотуридӣ, Табарӣ, Ибни Сино ва даҳҳо ҳазор муфассиру уламои мӯътабар, ки дини ислом аз онҳо зебу фар ёфт.
Зимни таҷлили ҳабдаҳумин солгарди истиқлолияти кишварамон Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2009-ро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намуд. Президенти кишвар хидматҳои ин муҷтаҳиди бузургро хотиррасон карда, аз ҷумла чунин гуфт: Мо ифтихори хоса дорем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъзам мебошад». Нӯъмон ибни Собит соли 80 ҳиҷрии (699 мелодӣ) таваллуд шудааст дар Кӯфаи Ироқ таваллуд шудаст.
Маънои Абӯҳанифа «падари гурӯҳи мусулмонони ба дини Ҳақ пойдору устувор мебошад». Бобои Имоми Аъзам (р) аз тоҷикони Кобул буда, ба Кӯфа ҳиҷрат кардаанд. Падари ишон тоҷир (дӯкондор) буд.Абӯҳанифа ҳанӯз дар хурдсолӣ Қуръонро ҳифз кард. Дар (6-солагиаш падараш ӯро ҳамроҳи худ ба зиёрати хонаи Каъба бурд. Зимни ин сафари муборак Имоми Аъзам бо яке аз саҳобагони Паёмбар (с) Абдуллоҳ ибни Ҳодис вохӯрд. Имоми Аъзам аз саҳобагони Расули Худо (с) чаҳор нафарро дидааст, ки машҳуртарини онҳо ходими Расулуллоҳ (р) Анас ибни Молик (р) мебошанд.
Имом Абӯҳанифа дар 22 –солагиаш шогиди яке аз уламои машҳури ҳамон давр – Ҳаммод ибни Сулаймон Алашъорӣ гардид. Ӯ дар ҳалқаи ин олими варзида 18 сол илм омӯхт.
Мегӯянд, вақте Имом Абӯҳанифа дар хонааш менишаст, ҳеҷ гоҳ пояшро ҷониби хонаи устодаш дароз намекард. Ҳамеша дар ҳаққи устод ва хонаводаи ӯ дуои хайр менамуд.
Баъди вафоти Ҳаммод ибни Сулаймон шогирдони ӯ якдилона Абӯҳанифаро устоди худ интихоб намуданд. Дар китоби «Алҷавоҳир»-ул мудия» омадааст, ки Асад ибнал Фурат гуфтааст: «Шогирдони Абуҳанифа, ки гуфтаҳояшро менавистанд 40 нафар буданд. Ба даҳ нафар машҳуртарини онҳо Абу Юсуфи Қозӣ, Зуфар, Довуд ат Той, Асад ибни Амри Балхӣ , Юсуф ибни Холид ас Самтӣ, Яҳё ибни Закариё, Шайх Аҳмад аз Маннӣ Ал Хоразмӣ, Абдуллоҳ ибни Муборак, Ҳасан ибни Зиёд ва Абдулкарими Ҷурҷонӣ дохил мешаванд. Абуюсуф чунин нақл мекунанд:
-Ман назди Абӯҳанифа илми ҳадия меомӯхтам, вале пул надоштам. Бо маслиҳати падарам чанд муддат аз таҳсил монда, барои пеш бурдани рӯзғор кӯшиш кардам. Боре Имом Абӯҳанифа маро дида пурсид: «Чӣ туро аз омадан ба назди мо боздошт?» Ман гуфтам «Касби маош (Ташвиши зиндагӣ)». Имом ҳамёне иборат аз 100 дирҳамро ба ман дода гуфт: «Ин пулро сарфи зиндагӣ намо. Вақте пулат тамом шуд ба ман – хабар деҳ. Лекин дарсгириро тарк накун! Баъди чанд муддат боз ба ман 100 дирҳам бидод. Ҳар дафъа вақте ки пулам тамом мешуд, ӯ 100 дирҳам медод. Гӯё касе хабар мерасонда бошад, ки пулҳои ман тамом шудаанд. Ин амали ӯ то ба даст овардани илми зарурӣ идома ёфт.
Худо Абӯҳанифаро биёмурзад!»
Мазҳабе, ки Имом Абӯҳанифа дар Кӯфа таъсис дод, тавассути Ироқ, Эрон, Афғонистон ба Осиёи Марказӣ, Ҳиндустону Покистони имрӯза, Туркия ва Мисру Андалусия (Испанияи мусулмонӣ) паҳн шуд. Имрӯз пайравони ин мазҳаб ҳамчунин дар Чин, Сурия, Албания, Босния, Урдун, Лубнон, Русия, Бангладеш ва Япония хеле зиёданд.
Абу Ҳайён Аз Зиёдӣ мегӯяд: «Нақл мекунанд, ки вақте Абӯҳанифа наздик омадани маргашро ҳис кард, саҷдае намуд ва дар ин ҳол ҷон ба ҳақ супурд». Мегӯянд, ки дар ҷанозаи Имоми Аъзам (р) панҷоҳ ҳазор нафар ширкат намуданд.
Рӯҳашон дар садри ҷаннат шод бод,
Қасри дин аз илмашон обод бод! Насиҳат
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ЧАНД НАСИҲАТ АЗ ИМОМИ АЪЗАМ (Р)
1, Бар он чӣ, ки Худованд аз молу дунё ва мақому мартаба ба ту иноят кардааст, қаноат кун.
2, Он чӣ дар даст дорӣ ботадбир сарф кун, то мӯҳтоҷи мардум нашавӣ.
3, Қадри худатро дар чашми дигарон беарзиш макун.
4. Аз дахолат кардан ба корҳои пучу бемаънӣ худдорӣ намо.
5. Дар корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кӯшиш кун, ки ҳалол бихӯрӣ.
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Васиятҳои Имоми Аъзам

1. Шахсеро, ки илм ва дониш ӯро аз муҳаррамоти (он чизҳое, ки шариъат онро ҳаром ҳукм кардааст) Худовандӣ боз надорад ва аз гуноҳон дур накунад, аз ҷумлаи хосирон аст.

2. Ҳангоме, ки ҳадиси саҳеҳ бошад, пас он мазҳаби ман аст.

3. Ҳар касе, ки далили манро намедонад бар ӯ ҳаром аст, ки ба раъйи ман фатво диҳад.

4. Ҳар касе, ки илмро ба хотири дунё меомӯзад, аз баракоти илм маҳрум мешавад ва ҳар касе, ки илмро ба хотири Худо меомӯзад, дар илмаш баракат дода мешавад. Ва дар қалбаш чой мегирад ва афроди зиёде аз он истифода хоҳанд кард.

5. Ҳар кас, ки мехоҳад аз озоби охират наҷот ёбад аз сахтиҳои дунё набояд битарсад.

6. Инсон бояд ҳамеша нафсашро муҳофизат кунад ва дурӯғ нагӯяд.

7. Ҳеҷ гоҳ дар корҳоятон чи дунёӣ бошад ва ё ғайри дунёӣ бепарво мабошед, зеро Худованд аз ҳама чиз аз шумо хоҳад пурсид.

8. Бар тиловати Куръон мудовамат намоед.

9. Маргро пайваста ба ёд биёр ва барои устодон ва касоне, ки аз онҳо илм омӯхтай талаби омурзиш кун.

10. Қабристонҳо ва маконҳои муқаддасро зиёрат кун ва ба мулоқоти уламо ва машоих бештар бирав.

11. Агар касе аз ту машварат хост, ба ӯ машварат бидеҳ. (албатта дар корҳои нек).

12. Аз бухл бипарҳез, ки инсонро расво мекунад.

13. Ҳиммати баланд дошта бош, чун касе, ки ҳимматаш заиф (суст) бошад, қадру манзалаташ кам мегардад.

14. Нисбати риш беаҳамият мабош ва муйлабҳоятро матарош.

15. Зикри Худоро бештар кун ва дуруду салом ба Пайғамбар (с) бештар бифирист.

16.Бар он чизе, ки Худованд (ч) аз моли дунё ва мартаба ба ту иноят карда аст, қаноат кун.

17. Ҳамеша бо мардум сухани нек бигӯ, дӯст ва муҳаббати хуб пеша кун ва бо бадон мадоро дошта бош.

18. Аз хандидани бисёр бипарҳез, ки дилро мемиронад. Ва дар корҳоят саросема мабош.

19. Бо шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гӯё ҳар яке аз онҳоро фарзандони худат медонй зеро ин кор рағбат ва алоқаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард.

20. Пайваста тақво пеша кун ва амонатро ба соҳибаш баргардон.

21. Барои ҳамаи мардум хоссу ом хайрхоҳ бош, мардумро ҳақир машумор ва бо онҳо ҳатман эҳтиром бигузор, ва он чизе, ки дар даст дорй, бо ҳусни тадбир масраф кун то аз мардум бениёз бошй.

22. Дар бозор ва масҷид чизе махур, магар шахсе, ки муътакиф ё мусофир.

23. Роҳе, ки меравй ба ин тарафу он тараф бештар нигоҳ макун.

24. Ба бозор бисёр марав.

25. Он чиро, ки ба донистан ва омухтани он эҳтиёҷ дорй, худро дар ҷаҳлу нодонй нагузор ва ҳарчй зудтар онро биёмӯз.

26. Бо ҳамсояат хушрафторй намо ва бар озор ва азияти он сабр кун.

27. Дар тамоми корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кушиш кун, ки ҳалол бихурй ва ҳалол бипӯшй.

28. Агар шахси омӣ ва бозор бо ту мубоҳиса ва мунозира кард, бо вай мубоҳиса макун, ки обрӯи туро мебарад.

29. Кушиш кун, ки дар ибодат аз дигарон пешқадам бошӣ.

30. Ҳар гоҳе, ки ҳарф мезанӣ, ҷеғ мазан ва садоятро баланд макун.

31. Дар пеши мардум бештар ба зикри Худо машғул бош, то, ки дигарон аз ту биёмӯзанд.

32. Бо ҳавопарастон нишаст ва бархост макун, магар ин, ки хоста бошӣ, ки онҳоро ба суи дин ва роҳи рост даъват кунӣ.

33. Аз лаънат фиристодан ва дашном додан парҳез кун ва ҳамеша сухани рост бигӯй.

34. Ҳамин, ки муаззин азон гуфт, барои адои намоз омода шав.

35. Дар маҷлисҳои илмӣ аз хашму ғазаб кор магир.

Имом Абӯҳанифа (р) ин васиятҳоро на танҳо ба шогирдону фарзандаш, балки ба ҳамаи пайравони мазҳабаш ва умуман ба уммати ислом бахшидааст. Ҳамаи ин васиятҳо мазмуни оёти Куръон ва аҳодиси Паёмбар (с) мебошанд.
ahvol-va-osori-imomi-azam.pdf
2.9 MB
📚АҲВОЛ ВА ОСОРИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ رحمه الله
markazi_islomi_1427955178.docx
104 KB
📚Маҷмуъаи васиятҳои Имоми Аъзам Абўҳанифа (р)
Ҳикматҳо аз рӯзгори Абу Ҳанифа ( имоми Аъзам) 1

Аз имом Абу Ҳанифа суол карданд, ки чи маънӣ аст, ки ҳама умри худро дар илми фиқҳ сарф карди ва дар омӯхтан ва истихроҷи масоилион муболиғат кардаи ва дар илмҳои дигар не?

Гуфт: Расул алайҳис - салом фиқҳро дӯст медошт ва ман бад-он сабаб дар илмҳои дигар шуғл накардам. Дигар он, ки дар ҳама илмҳое, ки шурӯъ кардам чун тааммул кардам, дар ҳар яке офате дидам

Аввал дар илми тиб шурӯъ кардам. Дар вай таносои ва манфиати дунёст Чунончи Ал- ҳ илму илмони, илмул - абдон, ва илмул адён. Яъне илм ду аст. Илми абдон (баданҳо) ва илми адён (динҳо) • чун тааммул кардам, ки агар беморе бувад, вайро қазои аҷал расид бошад ва ҳар чанд ман вайро дору диҳам ҳам ҳеҷ манфиат накунад Пас ман умру моли худро зоеъ карда бошам
Дуюм аз касби дунё (ба муомилаи абрешим) машғул шудам, зеро касб кардан суннати анбиё алайҳимус- салом аст. Боз Расул с/с фармуд:

"Инналлоҳа таъоло ябғазус сашиҳал- фориғ". Яъне Худои таъоло тандурустии бекоро ғазаб мекунад"

Маънии равшантари ин ҳадис он аст, ки Худои Таъоло тандуруст ва ҷавонеро, ки на кори дунё ва на кори охират мекунад бар чунин ашхос ғазаб мекунад. Ман корҳои бисёр карда, ва касби ҳалол ихтиёр намудам то аз ин ду гурӯҳ набошам.
Чизи дунёро дар даст доштам лекин дил бар вай наниҳодам, кидустони дунё сари ҳама гуна хатоҳост. Дар ин маъни Расули акрам с/с фармудаст: " Ҳуб- бул- дунё раъсу кулу хатиатин" • яънедӯст доштани дунё сари хатоиҳост
Савум дар илми усул ( калом) саъй кардам. Дар вай лағжидан ё лаъжонидан аст. Тарсидам, ки кори саъб #вазнин) аст Аз роҳи торик ҳазар кардан воҷиб аст?

Чаҳорум дар илми мунозира муболағат накардам, ки пирозорист дар вай ва затост пиронро озкрдан. Оварданд, ки рӯзе амирал -мӯъминин Али р/а назди Расули акрам с/с барои саволе омад, чун ба назди Расули акрам с/с даромад саволро фаромуш кард. Расул с/с пурсид: ё Али ба чи кор омади? Алӣ гуфт:Барои саволе омадам, аммо он савол бар ман пӯшида шуд Расули акрам с/с гуфт: Дар роҳ аз ту чи ба вуҷуд омад, Али гқфт: Дар роҳ ҷушуди пире мерафтю Ма аз вай пеш гузаштам Расул с/с гуфт: ақиАли ту беадаби карди. Бирав аз он пир бахшиш бипурс. Али рафт рафта аз он ҷуҳуд базшиш пурсид. Он ҷуҳуд гуфт: Туро ба он шарт мебахшам, ки манро пеши Расули Худо с/с бубари. Али чунин кард. Он пирамарди ҷуҳуд аз Расули Худо с)/с хоҳиш кард ки бар ман ислом арза дор зеро аз барои ман Алии бузургворо биҳилпурси равон карди ва илова кард ки ин дини ҳақ аст. Озори пирамарди ҷуҳуд барои мусулмон раво нест
Пас озори пирони мусалмон хатои бузург аст. Ҳар толибул илм ки одати озори пирон дорад аз илму умри хеш манфиат # баракат) ёфта наметавонад

Давом дорад
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Чаро имом Абу Ҳанифа(р)-ро тобеъин гӯянд?

Ибни Халдун аҳли салафро саҳобагон (ҳамсуҳбатони) Муҳаммад С/с номидаст. Касоне ки бо саҳобагон ҳамсуҳбат шуда илми эшонро фаро гирифтанд тобеии номида шуданд. Имом Абу Ҳанифа(р) бо 7 нафар аз асҳоби Муҳаммад с/с вохури доштаст:

1️⃣ Анас ибни Молик
2️⃣ Восилах
3️⃣ Маъқал
4️⃣ Ҷобир
5️⃣ Абдуллоҳ ибни Ҳорис
6️⃣ Абдуллоҳ ибни Абиафво
7️⃣ Оиша духтари Аҷуд

Имом Абу Ҳанифа(р) баъзе ҳадисҳои аз ин саҳобагон шунидаашро нақл намудаст. 👇

1 - Анас ибни Молик мегӯяд ки Расули акрам с/с гуфт:

"Талаб кардани илм (илми шаръи) фарз аст бар ҳар мард ва зани мусулмон"

2- Анас ибни Молик айзан мегӯяд ки Расули худо с/с гуфт:

"Далолаткунандаи кори хайр монанди кунадаи кори хайр аст ва ғам гирифтор шударо кумак ва мадат карда шавад"

3- Абдуллоҳ ибни Ҳорис аз Расули акрам с/с ривоят мекунад, ки гуфт:

"Касеки фақеҳи дини Худо ШАВАД, АЛЛОҲ Таъоло ғамҳояшро дур карда, ризқашро аз тарафе мерасон ки дар гумонаш пайдо шудани ризқ аз он тариқ набуд"

4- Ҷобир(р) аз Расулуллоҳ с/с ривоят кардаст:
Шахси сарватманде пеши Расулуллоҳс/с омада гуфт:

"Ман фарзанд надорам, пас Расулуллоҳ с/с гуфт: Чаро талаби омӯрзиш ва хайру садақоти бисёр намекунӣ, то Худо бароят фарзанд ато кунад? Он мард садақа ва истиғфори зиёд намуд. Аллоҳ таъоло ба ӯ 7 фарзанд ато намуд"

5 - Абдуллоҳ ибни Абиавфо аз Расули Худо с/с ривоят кардааст ки гуфт:

"Шахсе барои Худо масҷиде бино кунад, агарчи он монанди лонаи қаттот (номи парандае) хурд бошад, Аллоҳ таъоло барои ӯ дар биҳишт кушке бино мекунад"

6. Восилах аз Расули Худо с/с нақл кардаст:

"Аз мусибате ки бар сари бародари мусулмонат расидаст, шоди макун ки Аллоҳ ӯро аз он наҷот дода, туро ба он мусибат гирифтор мекунад"

7- Абдуллоҳ ибни Анис аз Расулуллоҳ с/с мегӯяд:

"Чизеро бисёр дӯст дорӣ, вай туро кӯру кар мекунад"

8- Оиша духтари Аҷуд аз Расулуллоҳ(с) ривоят кардаст:

"Бештарини лашкари Худо дар рӯи замин малах аст ман онро намехурам ва ҳаромаш ҳам намегӯям"
2024/11/05 04:22:00
Back to Top
HTML Embed Code: