Telegram Web Link
БУРҶИ ДОНИШ

Илму дониш аз азал сармояи тоҷик буд,
Тоҷу тахту появу перояи тоҷик буд.

Ганҷу ганҷураш китобу ҳикмату андарз буд,
Пиру барнояш ҳама донову донишварз буд.

Махзани олам пур аст аз дафтару девони ӯ,
Сар шавад Қомуси илм аз номи фарзандони ӯ.

Илм дар авҷи Сурайё гашта ӯро дастрас,
Рафта ҷойе ки наояд то кунун дар ёди кас.

Давлати тоҷик бошад давлати донишасос,
Расми давлатдорӣ аз ӯ карда олам иқтибос.

То ҷаҳон будаст, бо ҳикмат ҳукумат доштаст,
Пеши душман ҳам ба илми хеш ҳурмат доштаст.

Адлу донишро баҳам дар як садаф парвардааст,
Армуғоне з-ин ду гавҳар дар ҷаҳон овардааст.

Субҳи дониш медамад аз лавҳи Обистои ӯ,
Дардҳо дармон шавад аз ҳикмати Синои ӯ.

Аз канори модар аст оғози донишгоҳи мо,
Аз чароғи фитрати ӯ ҳаст равшан роҳи мо.

Модаре ки Буалӣ Синову Фирдавсӣ бизод,
Бар ҷаҳон ӯ Рӯдакиву Хусраву Хайём дод.

Ҳаст Исмоили Сомонӣ ҳам аз сомони ӯ,
Руста Беруниву Форобӣ ҳам аз домони ӯ.

Ҷавҳари дониш, ки бисришта ба шири модар аст,
Тоҷиконро илму дониш дар сиришту гавҳар аст.

Мо ба ҳар асре зи дониш қасри нав афроштем,
Бо забони модарӣ базри маориф коштем.

Аҳмади Дониш, ки ёри Аҳмади Мухтор буд,
Инқилобе дар шуури мардуми бедор буд.

Чашми Айниро ба субҳи давлати нав боз кард,
Айнӣ ойинро ба илми асри нав пардоз кард.

Гашт эҳё дар ҷаҳон таърихи деринсоли мо,
Парфишон шуд бар фалак Симурғи зарринболи мо.

“Тоҷикон”- шаҳномаи аллома Бобоҷон Ғафур,
Васл кард оянда бо бигзаштаи наздику дур.

Машъали дониш ба каф дидем Истиқлолро,
Чеҳраи нуронии ҷонпарвари иқболро.

Мо ба дониш дар ҷаҳон дигар ҷаҳон парвардаем,
Миллати худро дар он аз даҳр гирд овардаем.

Як ҷаҳони маънавӣ мисли ҷаҳони Мавлавӣ,
К-андар он ҳар бостонӣ бӯстонест аз навӣ.

Мо ба дониш роҳ бар рӯйи ҷаҳон бикшодаем,
Роҳҳои дӯстии ҷовидон бикшодаем.

Мо ба дониш ганҷҳо аз хок берун кардаем,
Мазраъи пурбор аз саҳрову ҳомун кардаем.

Мо ба дониш кохҳои нурро афрохтем,
Сангтуда, Нораку Сарбанду Роғун сохтем.

Мо ба дониш карда оби рӯдҳои худ маҳор,
Даст бурда то ба танзими зимистону баҳор...

Ганҷҳои кишвари мо ҳаст беҳадду шумар,
Лек ганҷи аслии мо ҳаст дониш бо ҳунар.

Ин ду бо ҳам асли бефасли тавоноӣ бувад,
Халқ фармояд: тавоноӣ зи доноӣ бувад.

Дар замоне ки ҷаҳон печида дар илму фан аст,
Илму фан ҳайф аст агар дар дастбурди раҳзан аст.

Ҳайф бошад илму дониш мояи ғафлат шавад,
Сарфи кори ҷангу қатлу фитнаву ғорат шавад.

Илму дониш аз пайи тадбири кори ин ҷаҳон
Ҷо диҳад дар мағзи ҷони хеш ҳар пиру ҷавон.

Илму донишро бибояд парчами уммед кард,
Машъале дар дасти қавми пайрави Хуршед кард.

Он ки дар ҳафтод пушташ дониши ӯ хайр буд,
Марҳаме бар захму реши хештан ҳам ғайр буд.

Он ки донишро нисори аҳли олам кардааст,
Хешро масъули фарзандони Одам кардааст,

Боз бояд ин рисолатро ба он фарҳангу фар,
Ҳам барои худ пазирад ҳам пайи суди башар.

Баҳри ин мақсуд аз Хуршеди Донишгоҳи мо,
Сӯйи фардои дурахшон бод равшан роҳи мо.

©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Шаш рафтори ҷоҳилонаро баҳри шумо ёдовар мешавем, дӯстон. Кӯшиш кунед чунин рафторҳоро дар худ нигоҳ надоред!

1. Бесабаб ҷангу ҷидол кардан;

2. Суханҳои бефоида ва нодаркор гуфтан;

3. Дар вақти номуносиб сухан гуфтан;

4. Ҳамаро бовар кардан;

5. Дӯстро аз душман ҷудо накардан;

6. Он чизе, ки дар дил дорӣ зикр кардан (надоштани қобилияти нигоҳ доштани сир, бар мухолифин имтиёз додан).

#хазинаи_маърифат
Мо дар телеграм » @donish_su
Танбале мегуфт: Корам беш аз мӯйи сар аст,
Рост мегуфт ӯ: бидидам, ки бар сар мӯйе надошт.
©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Вақти мо хеле арзиши баланд дорад, онро бо «рӯйи турш» барбод додан аҳмақист.

@donish_su
Диҳад нутфаро сурате чун парӣ,
Кӣ кардааст дар об суратгарӣ?
©️ Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Агар ба чашмони одам нигоҳ карда гап занӣ ва ё ӯро гӯш кунӣ, ӯ имкони камтар дурӯғ гуфтанро дорад.

#равоншиносӣ
@donish_su
Ба даст оҳаки тафта кардан хамир,
Беҳ аз даст бар сина пеши амир.
©️ Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Часто слышал, про эти «секреты успеха» разных людей. У всех будто-бы уникальные истории и подходы к жизни: кто-то был веганом, бросил учебу, спит только 4 часа или наоборот 12 часов, жил в гараже и т. п.

На самом деле многие думают, что им нужно пройти такой же путь, чтобы тоже добиться успеха, но это не так. И никакого «секрета» тоже не существует, Карл!

Упорный труд и настойчивость — вот что объединяет успешных.

P. S. есть 7 минутный ролик на таджикском с Абдулло Курбоновым, советую посмотреть.
Бахшанда бошед. Гуноҳи дигаронро бубахшед. Фаромӯш насозед, ки дар дил гирифтани кина аввалан ба худи шумо таъсири манфӣ мерасонад.

#тавсия
@donish_su
Борҳо бурдам ҳасад бар соати девори худ,
Ман басо бекор будам, ӯ ҳама дар кори худ.
©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Ватанам ифтихорам!

Ватан! Чӣ гуна калимаи зебост, сода, дилнишин ва равон. Дар он ҷаҳон-ҷаҳон маъно нуҳуфтааст. Ватан болу пар, бахту иқбол, орзу ва умеди инсон мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори…

Бахш: Панднома

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=4063
Канали мо » @donish_su
Тоҷикистон кай соҳибистиқлол гардид?

# Савол

Тоҷикистон кай соҳибистиқлол гардид? Точикистон кай сохибистиклол гардид?

# Ҷавоб

9 сентябри соли 1991

Бахш: Таърих

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=2521
Канали мо » @donish_su
Ғазал/шеър дар васфи Истиқлолият

Истиклолият шеърхо. Шеър дар васфи / бораи Истиклолият. Истиқлолият неъмати бебаҳост. Неъмате бехтар зи истиклол нест.

-------------

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.
Даври ӯ чун даври соғар нашъабахш,
Аҳди…

Бахш: Шеър, ғазал, рубоӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=6755
Канали мо » @donish_su
Истиклолият муборак – Табрикот барои истиқлолият

Истиқлол муборак! Якчанд табрикнома барои истиклолият дар ин саҳифа оварда мешаванд. Метавонед истифода баред. Чашни Истиклол муборак!

Табрикоти самимонаи моро бо Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кунед!

Ин ид рамзи озодӣ ва қудрат аст.…

Бахш: Табрикот

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=10536
Канали мо » @donish_su
Чизеро, ки алҳол доред, шукр кунеду қадр кунед.

@donish_su
Forwarded from АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 (Абдурашид Қаюмзод)
Ҷашнвораи филмҳои даҳдақиқаӣ

Нигоҳи ҳама ба пардаи синамо буд.
Намоиши филм шурӯъ шуд.
Шурӯъи филм тасвири сақфи як утоқ буд.
Ду дақиқа аз филм гузашт
Чаҳор дақиқаи дигар ҳам гузашт
Ҳашт дақиқаи аввали филм танҳо тасвири сақфи утоқ буд.
Садои эътирози ҳозирин баланд шуд.
Хелеҳо толори синаморо тарк карданд.
Ниҳоят дурбин ҳаракат карду поин омад ва кӯдаки маъюберо нишон дод, ки кунҷи хона хобида буд.
Ҷумлаи зернависи филм:
"Ин танҳо ҳашт дақиқа аз зиндагии ин кӯдак буд, ки шумо тоқати диданашро надоштед. Пас қадри зиндагиатонро бидонед".

АЗ ҲАР ЗОВИЯ
Ин сар даме тиҳӣ зи хаёлат намешавад,
Ё раб, аҷаб бало, ки ба гардан гирифтаем.
©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Барои рӯзи хуб доштан "рӯзро бо китоб хондан оғоз кунед."

#тавсия
@donish_su
Маслиҳатҳои муфид барои кадбонуҳо

Маслихатхои муфид барои кадбонухо

Расми 2. Дар вақти таомпазӣ пешдоман пӯшед

Барои он ки дегчаи сирдори нав муддати зиёд хизмат кунад, намакобро дар он ҷӯшонед (1 қошуқча намак ба 1 л об)

-------------

Барои…

Бахш: Дониш | Таълими меҳнат

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13296
Канали мо » @donish_su
2024/09/27 20:16:53
Back to Top
HTML Embed Code: