Telegram Web Link
Ҳар шабонарӯзро 3 қисм кунед:

1. Дар қисми аввал дониш омӯзед.
2. Дар қисми дуюм ба дониши андӯхтаатон амал кунед.
3. Қисми сеюмро бо бедонишон бигзаронед.

Ин пандест аз Абдурраҳмони Ҷомӣ.

Мазан пушти по бахти фирӯзро,
Ба қисмат се кун ҳар шабонрӯзро.

Якеро ба таҳсили дониш гузор,
Ки бедонишӣ нест ҷуз айбу ор.

Ба дониш шав андар дувум коргар,
Савумро ба бедонишон бар ба сар!

©️ Абдурраҳмони Ҷомӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Вақт ошкорсози ҳама чиз аст. Ба вақт вақт бидеҳ.

@donish_su
Оё бе таҳорат ба қабристон рафтан мумкин аст?

# Савол

Оё бе таҳорат ба қабристон рафтан мумкин аст?

# Ҷавоб

Қабл аз рафтан…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4034
Канали мо » @donish_su
Ҳар нафаре, ки ба наздат меояд, муомилаи баробар бикун, то ин ки нафари заиф аз адолати ту ноумед нашавад ва нафари пурқувват хаёл макунад, ки он чиро ҳақ накардааст ба даст оварда метавонад.
©️ ҳазрати Умар (р.а.)

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Фурӯғи коинот аз офтоб аст,
Фурӯғи одамият аз китоб аст.
©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Муайян кардани хусусияти матоъ (Кори лаборотории №1)

Муайян кардани хусусияти матоъ (Кори лаборотории №1).

-------------

Таҷҳизот: намунаи матоъҳо, асбобу анҷомҳо.

Рафти кор. Хосияти матоъро бо таҷриба тавассути узвҳои ломиса, босира, сомеа муайян кунед.

Намунаи ду матои…

Бахш: Таълими меҳнат

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13187
Канали мо » @donish_su
Магӯ, ки дар замин гандум дорам, то вақте, ки ба анборат ворид нагардад.
Вақт ошкорсози ҳама чиз аст.

#андарз
@donish_su
Магӯ, ки фарзанди хуб дорам, то он вақте, ки оиладор нашавад.
Вақт ошкорсози ҳама чиз аст.

#андарз
@donish_su
Бахил ва фақир ба ҳамдигар монанд ҳастанд: ҳар ду ҳаётро бо нодорӣ мегузаронанд.
©️ ҳазрати Алӣ (р.а.)

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Магӯ, ки бародари хуб дорам, то он вақте, ки мерос тақсим нагардад.
Вақт ошкорсози ҳама чиз аст.

#андарз
@donish_su
Дар вақти додани закот “ин моли закот аст” гуфтан шарт аст?

# Савол

Оё дар вақти додани ушр ё закот ба мустаҳиқ “ин моли ушр ё закот аст” гуфтан…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4040
Канали мо » @donish_su
Макони ҷовидони мо, Ватан,
Ҳаёти нурфишони мо, Ватан.
Замини поки ҳамнажоди мо,
Ҳавою обу нони мо, Ватан.

Ба мо ту қиблагоҳӣ, эй Ватан,
Ба мо ту сарпаноҳӣ, эй Ватан!

#шоҳбайт
@donish_su
Магӯ, ки дӯсти вафодор дорам, то он вақте, ки рӯзи вазнинро набинӣ.
Вақт ошкорсози ҳама чиз аст.

#андарз
@donish_su
Бахилӣ бемориест бар руҳ.
©️ Ҷон Дриден

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Ғам махӯр, ин имтиҳони навбатиро бигзарем,
Даври андӯҳу замони хастагиро бигзарем.
Бар халоиқ неъмати Холиқ биборад он замон,
Ранҷиши ёрону дилозурдагиро бигзарем.
©️ Нилуфар Воҳидова

#шоҳбайт
@donish_su
Магӯ, ки ҳамсари ғамхор дорам, то он вақте, ки рӯзи бадро набинӣ.
Вақт ошкорсози ҳама чиз аст.

#андарз
@donish_su
Оё дар биҳишт ё дӯзах ҷинҳо ҳам ҳастанд?

# Савол

Оё дар биҳишт ё дӯзах ҷинҳо ҳам ҳастанд? Агар дар ҷаннат бошанд, дар кадом мартаба қарор…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4044
Канали мо » @donish_su
2024/09/21 23:13:37
Back to Top
HTML Embed Code: