Telegram Web Link
Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имруз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
АГАР КИТОБ НАХОНЕМ, ЧӢ ИТТИФОҚ МЕУФТАД:

1.Ё дар ҳама заминаҳо изҳори назар мекунем, ё аслан тавони изҳори назар надорем;

2. Хеле ҳарфҳои такрорӣ мезанем;

3. Доираи вожадонии мо бисёр маҳдуд мешавад;

4. Далелҳо дар зеҳни мо тақрибан дар ҳолати хоб қарор мегиранд;

5. Авомгароӣ дар зеҳни мо рушд мекунад.

6. Ба овозаҳо зуд бовар мекунем;

7. Тафовути миёни инсонҳоро кашф намекунем;

8. Тавону ангезаи ёдгирии мо коҳиш меёбад;

9. Аз таҳлил ва интиқоди созанда бехабар мемонем;

10. Аз донистан метарсем ва ба иштибоҳ фикр мекунем, ки медонем;

11. Ҳарфҳои насанҷида зиёд мезанем;

12. Доманаи лаззати мо маҳдуд мегардад;

13. Роҳат ва осон таҳти таъсири таблиғот ва пропоганда қарор мегирем;

14. Аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ ва дигарон огоҳ намешавем;

15. Ҷаҳли мураккаб дорем, яъне намедонем, ки намедонем.
Forwarded from Alif Academy
Ягонагӣ муборак, азизон 💙

••••••••••••••

С Днём единства, дорогие друзья 💙
Навъҳо ва вазифаҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ

Навъхо ва вазифахои ниходхои ичтимои.

-------------

Ниҳодҳои иҷтимоӣ вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Сотсиологҳо кӯшиш кардаанд то вазифаҳои иҷтимоии ниҳодҳои иҷтимоиро дар шакли низоми муайяну мураттаб ба тасниф дароранд. Яке аз таснифоти ҷолиб ва…

Бахш: Сотсиология

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13047
Канали мо » @donish_su
Дар тамоми дорухонаҳои Туркия санҷидани фишори хун ройгон мебошад.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Қисми зиёди хасташавиҳои дардҳои эҳсоскардаамон, аз руҳамон тавлид мегардад. Хасташавии бадан, хело нодир ба чашм мерасад.
©️ Ҷ. А. Ҳедфилд

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Дуо ҳангоми дидани моҳи нав

# Савол

Дар баромадани ҳар моҳ мардум дуоеро мехонанд ва мегӯянд, ки ҳар ки ин дуоро бихонад, то…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3887
Канали мо » @donish_su
Шӯри аҷабе дар сари мо мегардад,
Дил мурғ шудасту дар ҳаво мегардад.
Ҳар зарраи мо ҷудо-ҷудо мегардад,
Дилдор магар дар ҳама ҷо мегардад?!
©️ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Оила ҳамчун муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ (сотсиология)

Оила хамчун мухимтарин ниходи ичтимои.

-------------

Намунаи классикии ниҳоди иҷтимоии оддӣ оила аст. Оиларо А.Г.Харчев ҳамчун иттиҳоди одамоне таъриф додааст, ки ба никоҳ ва хешутабории хунӣ асос меёбаду ҳамзамон бо умумияти ҳаёти маишӣ…

Бахш: Сотсиология

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13049
Канали мо » @donish_su
Дурустарин роҳи истроҳат кардани вуҷуд, истироҳат кардани ақл аст.
©️ Наполеон

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Садақаи фитр ба ҳама воҷиб аст ё не?

# Савол

Садақаи фитр ба ҳама воҷиб аст ё ки фақат ба шахсони сарватманд, чунки дар маҳаллаи мо…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3889
Канали мо » @donish_su
Ҳошо, ки ба олам аз ту хуштар ёрест!
Ё хубтар аз дидани рӯят корест?
Андар ду ҷаҳон дилбару ёрам ту басе,
Ҳам партави туст, ҳар куҷо дилдорест!
©️ Ҷалолиддини Балхӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Ташкилотҳои иҷтимоӣ (сотсиология)

Ташкилотхои ичтимои (социология).

Ташкилотҳои иҷтимоӣ бо ниҳодҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд мебошанд. Бисёр сотсиологҳо ташкилотҳои иҷтимоиро яке аз навъҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ- ниҳодҳои мураккаб меҳисобанд.

Истилоҳи «ташкилот» дар ҳамаи соҳаҳо васеъ истифода мешавад. Дар кибернетика,…

Бахш: Сотсиология

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13051
Канали мо » @donish_su
Дар Арабистони Саудӣ нархи бензин аз об ду маротиба арзон мебошад. Мардум аз бензин дида ба об эҳтиёҷ доранд, чунки дар он ҷо аксарияти мардум аз набудани ин неъмати бебаҳо танқисӣ мекашанд.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Нафаре, ки хизмати вуҷуд мекунад, он шахс озод нест.
©️ Сенека

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Оё дар ҷои торик намоз хондан мумкин аст ё не?

# Савол

Оё дар ҷои торик намоз хондан мумкин аст ё не?

# Ҷавоб

Намоз…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3893
Канали мо » @donish_su
Мегиряму зору ёр гуяд зарқ* аст,
Чун зарқ бувад, ки дида дар хун ғарқ аст?
Ту пиндорӣ, ки ҳар диле чун дили туст,
Ней-не санамо, миёни дилҳо фарқ аст!
©️ Ҷалолиддини Балхӣ

* риё, фиреб

#шоҳбайт
@donish_su
Ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ. Бюрократия ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ

Ташкилотхои расми ва гайрирасми. Бюрократия хамчун ходисаи ичтимои.

Ташкилотҳои иҷтимоиро ба ташкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҷудо менамоянд. Меъёри ин ҷудосозӣ сатҳи ба расмиятдарории робитаю ҳамкорӣ ва муносибатҳои мавҷуда мебошад. Асоси ташкилоти расмиро…

Бахш: Сотсиология

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13056
Канали мо » @donish_su
Дурӯғ умри дароз надорад. Дер ё зуд ошкор мегардад. Барои ҳамин кӯшиш кунед, то аз ин амал даст кашед.

@donish_su
2024/09/23 14:25:37
Back to Top
HTML Embed Code: