Telegram Web Link
Баҳо додани ошхонаву тарабхонаҳои милливу хориҷӣ, бо нишон додани муҳит, хӯрок, муносибати пешхидмат, нарх ва ҳатто расид (чек). Ин ҳама дар ин канал 👇🏻👇🏻
https://www.tg-me.com/qorishkamba
__________

Кушаем и делимся вкусами. Честные отзывы ай чигари дил👇🏻👇🏻

https://www.tg-me.com/qorishkamba
Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯии таълим

Методхои проблемави – чустучуии таълим.

-------------

Методҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯӣ дар таълими проблемавӣ истифода бурда мешаванд. Проблема истилоҳи юнонӣ (problemа – вазифа) буда, ба маънои васеаш масъалаҳои мураккаби назариявӣ ё амалӣ,…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12919
Канали мо » @donish_su
Офарин, эй Ҳуррият!
Гарчи озодӣ ато кардӣ барои миллати мо.
Лек бо дасти ҳама туркигароён,
Беш кардӣ иллати мо, зиллати мо!

Офарин, эй Ҳуррият!
Доҳиёнат аз даҳои тоҷикон огаҳ набуданд.
Пуштбони бенавоён буда гуё
Аз навои тоҷикон огаҳ набуданд.

Офарин, эй Ҳуррият!
Зиндагӣ шуд пурхалалтар.
Бонаво гар бенаво шуд,
Камбағал шуд камбағалтар.

* Ҳуррият - ишора ба Шӯравӣ (СССР)

[1989] Лоиқ Шералӣ
@donish_su
Маънои лафзи «Аллоҳ» чист?

# Савол

Маънои лафзи «Аллоҳ» чист? Маънои лафзи «Аллох» чист?

# Ҷавоб

«Аллоҳ» номи зоти…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3778
Канали мо » @donish_su
Аз ашки чашмон набояд чеҳраамон сурх шавад. Ашки чашмонамон чун боронест, ки чашмонамонро аз чангҳои нороҳаткунанда тоза мегардонад.
©️ Чарлз Дикенс

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Суруди халқии «Шӯриши Восеъ»

Восеъ ғазост имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз,
Ғавғои рӯзи маҳшар
Дар фақирост имрӯз.

Восеъ марди майдонай,
Замину замон ларзонай,
Бегу қозӣ ҳайронай.

Восеъ рафт сӯйи Норак,
Кӯпрукша кардай порак,
Манғит шудай оворак...

Бахш: Адабиёти тоҷик | Шеър, ғазал, рубоӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=7666
Канали мо » @donish_su
Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз
Ки рӯзе хушку ҳам мағшуш хоҳад шуд.

Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳад шуд.

Ало, раҳҷӯи манзилҳо,
Ба қадри раҳкушои аввалин бояд расид имрӯз,
Ки фардои шумо ҳам як замоне дӯш хоҳад шуд.

©️Лоиқ Шералӣ [1971]

#шоҳбайт
@donish_su
Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту,
Хиште ду ниҳанд бар мағоки ману ту.
В-он гаҳ зи барои хишти гӯри дигарон,
Дар колбаде кашанд хоки ману ту.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Салом ба ҳама! 👋

Оё мехоҳед забони олмониро омӯзед? 🇩🇪 Канали мо ба Шумо кумак мекунад! 📚 Дарсҳои равшан ва фаҳмо, машқҳои амалӣ ва маслиҳатҳои муфид - ҳамаи инро дар канали мо пайдо хоҳед кард.

Бо мо ҳамроҳ шавед ва забони олмониро бо осонӣ ва шавқмандӣ омӯзед! 🌟

Ба канали мо обуна шавед ва шурӯъ кунед ба омӯзиш! 🚀
__

Привет всем! 👋

Хотите выучить немецкий язык? 🇩🇪 Наш канал вам в этом поможет! 📚 Понятные уроки, практические упражнения и полезные советы - всё это вы найдёте на нашем канале.

Присоединяйтесь к нам и учите немецкий язык легко и с удовольствием! 🌟

Подписывайтесь на наш канал и начинайте учиться! 🚀

Telegram
https://www.tg-me.com/deutsch_mit_sumay
Мавзӯи 31. Хел ва шаклҳои таълим (омӯзиш)

Хел ва шаклхои таълим (омузиш).

-------------

Зермавзӯҳо:

1. Хелҳои омӯзиш
2. Шаклҳои ташкили таълим (омӯзиш)
3. Талабот ба дарси муосир
4.…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12922
Канали мо » @donish_su
Дар инсон калимаи наметонам бояд вуҷуд надошта бошад. Ҳама кореро, ки аз худат бовар дошта бошӣ, ҳатман аз ӯҳдааш мебароӣ. Барои ҳамин аз имрӯз шуруъ кун, то каме ҳам бошад зиндагиатро тағйир диҳӣ. Фикри майишату гаштану хушгузаронии вақтро макун. Фикри онро кун, ки чӣ гуна дар зиндагиат муваффақ мешавӣ. Вақте муваффақ шудӣ, майишат ҳам мешаваду гаштан ҳам.

Фикри ҳеҷ касро накардӣ, аққалан падару модаратро фикр кун. Боре андешидӣ, ки ба заҳматҳову меҳнатҳои волидонат кай ҷавоб мегардонӣ. Дар лаҳзаҳои пириашон чӣ гуна дастгирашон мешавӣ. Биё худфиребиро бас куну чашмонатро пӯшида, аз худат пурс, ки чӣ гуна касӣ. Барои сохтани зиндагиат ҳоло ҳам дер нашудааст. Пас, кӯшиш мебояду халос.

#муваффақият
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Оё дар ҷаннат ибодат ҳаст?

# Савол

Баъди рӯзи қиёмат одамон дар ҷаннат ба чӣ кор машғул мешаванд? Оё дар ҷаннат ибодат ҳаст?…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3780
Канали мо » @donish_su
Баъзан гиряат ояд, шарм накарда гиря бикун, зеро ашки чашм дар гуфтани сухан нақш мебозад.
____________

Ашкони чашм, суханҳои хомӯшонаи дардҳо мебошад.
©️ Волтейр

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Ало, беақлу беғамҳо,
Ки фарқи сурату сират намедонед,
Ба қадри нозҳои ёр мебояд расид имрӯз,
Ба қадри лаҳзаи дидор мебояд расид имрӯз:
Ба қадри соқи симину ба қадри чеҳраи бечин,
Ба қадри ёри гулрухсор мебояд расид имрӯз,
Баҳори ҷилвааш пажмурдаву бенур хоҳад шуд.

Ба пои он ниҳоле, ки нишаста бо нигоре хуш
Даме аз ошиқӣ доред нақди рӯзгоре хуш,
Намедонед, рӯзе шохҳои он,
Шуморо чӯби боми гӯр хоҳад шуд!

Ба базме пеши чашмони шумо гар ёр мерақсад,
Ба худ чун мавҷ мепечад, зи сар то пой меларзад.
Агар қадраш намедонед,
Ҳамчун Зӯҳраи раққоса
Рӯзе то фалакҳо дур хоҳад шуд!

©️Лоиқ Шералӣ [1971]

#шоҳбайт
@donish_su
2024/09/24 10:27:45
Back to Top
HTML Embed Code: