Telegram Web Link
Сармаст ба майхона гузар кардам дӯш.
Пире дидам масту сабӯе бар дӯш.
Гуфтам: «Зӣ Худо шарм надорӣ, эй пир?»
Гуфто, ки «Карим аст Худо, бода бинӯш!»

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Саҳари барвақт ҳангоми хестан аз хоб, мегӯйӣ ки машқи субҳгоҳӣ мекунам, аммо танбалӣ туро намемонад, ки ин амалро иҷро кунӣ. Имрӯз ваъда медиҳӣ ки фардо ҳатман ба назди ҳамсинфонам меравам. Боз худатро фиреб медиҳиву ин амалашро низ иҷро намекунӣ. То ба ягон мушкилӣ дучор нашавӣ, фикри зиндагӣ ва роҳи рост дар сарат намезанад. Чаро?

Намедонӣ магар? Чунки худфиреб ҳастӣ. Ба виҷдонат ваъда медиҳиву иҷрояш намекунӣ. Оқибаташро боре фикр кардаӣ? Ҳеҷ корат барор надорад. То ба кай худатро фиреб медиҳиву зери танқиди дигарон қарор мегирӣ? Мард на онест, ки худфиребу дурӯғгуву ғайбатчӣ бошад. Мард онест, ки худбовар бошад. Ба гуфтаи худ амал карда тавонад. Виҷдонашро идора карда тавонад...

Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Системаи принсипҳои дидактикӣ

Системаи принсипхои дидактики.

-------------

Таърихи дидактика бо хусусияти устуворона, бо саъю кӯшиши татқиқотчиён зоҳир намудани принсипҳои умумии омӯзиш ва дар асоси онҳо аниқ ифодакунии он талаботҳои муҳимро ба назар гирифта, барои муаллимон дар…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12900
Канали мо » @donish_su
Оё аз моли майит закот дода мешавад?

# Савол

Оё аз моли майит закот дода мешавад?

# Ҷавоб

Аз моли майит закот…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3758
Канали мо » @donish_su
Умр кам, фазлу адаб бисёр аст,
Касби он кун, ки туро ночор аст.
©️ Абдураҳмони Ҷомӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Духтаре пас аз издивоҷ наметавонист бо модари шавҳараш унс бигирад ва ҳар рӯз миёни онҳо ҷангу даъво буд. Оқибат рӯзе духтар бо ҳадафи нопок назди дорусозе, ки дӯсти самимии падараш буд рафт ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки заҳре барояш омода созад, то тавонад модари шавҳарашро ба қатл расонад. Дорусоз гуфт:

— Агар заҳри хатарноке ба ту бидиҳам ва модари шавҳарат дарҳол бимирад, мардум шак хоҳанд кард.

Пас, маҳлулеро аз ҳар гуна гиёҳҳо омода карда, ба ӯ доду фармуд:

— Ҳар рӯз аз он миқдоре ба ғизои пиразан бирез, то оҳиста – оҳиста асар кунад ва саранҷом ӯро бикушад.

Баъд аз он табиб тавсия дод, ки дар ин муддат бо пиразан баҳсу муноқиша накунад ва аз худ рафтори хуб нишон диҳад, то мардум шак набаранд. Зан маҳлулро гирифт ва бо хушҳолӣ ба хона баргашт. Ҳар рӯз миқдоре аз онро ба ғизои модар мерехт ва бо меҳрубонӣ ба ӯ медод. Ҳафтаҳо мегузашту аз меҳру муҳаббати келин рафтори хушдоман низ рӯз аз рӯз беҳтар мешуд, то ҷое, ки модар ҳар ҷо менишаст, васфи хубии келинашро мекард. Ниҳоят рӯзе зан аз амалаш дилреш шуда, назди дорусоз рафт ва гуфт:

— Дигар аз хушдоманам мутанаффир нестам. Ҳоло ӯро монанди модарам дӯст медорам ва намехоҳам, ки бимирад. Хоҳишам ин аст, ки доруи дигаре диҳед, то асари заҳрро аз бадани хушдоманам дур созад.

Дорусоз лабханде заду гуфт:

— Духтарам, ором бош. Он маҳлулеро, ки ба ту дода будам, заҳр набуд, балки аз беҳтарин гиёҳҳои шифобахш омода шуда буд. Заҳр дар зеҳни худи ту буд, ки ҳоло бо ишқу меҳрубонӣ ба модари шавҳарат аз байн рафтааст.

#панд
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гузерпойро.
©️ Абдураҳмони Ҷомӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Агар пулу мол аз роҳи ҳаром бошад ҳам аз он закот адо менамояд?

# Савол

Агар пулу мол аз роҳи ҳаром бошад ҳам аз он закот адо менамояд?

#

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3761
Канали мо » @donish_su
Сад хона китоб хондию нест ба ёд,
Бояд, ки китобхона дар сина бувад!
©️ Тошхӯҷаи Асирӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз.
То з-ӯ талабам воситаи умри дароз.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт ин роз:
«Ман ҳам чу ту будаам, даме бо ман соз!»

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Эрмитаж – осорхонаи калонтарини байналмилаллӣ буда, таърихи хело ҳам қадима дорад, ки дар Руссия ҷойгир аст. Дар ин осорхона зиёда аз 3 млн номгӯй аз фарҳангу таърихи тамоми давлатҳои ҷаҳон гирд оварда шудааст. Ёдгориҳои аҷиб аз асри санг сар карда, то инҷониб дар ин осорхона нигоҳ дошта шудаанд.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Мафҳуми методи таълим ва усулҳои он

Мафхуми методи таълим ва усулхои он.

-------------

Ба саволи анъанавӣ – чӣ тавр бояд омӯхт – ҷустуҷӯи ҷавоб моро ба категорияи методҳои таълим рӯ меоваронад. Зеро бидуни методҳо ба мақсади гузошташуда ноил гаштан,…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12905
Канали мо » @donish_su
Бахил – Хазинаи маърифат

– Бахил ва фақир ба ҳамдигар монанд ҳастанд: ҳар ду ҳаётро бо нодорӣ мегузаронанд.

(ҳазрати Алӣ (р.а.))

-------------

– Бахилӣ бемориест бар руҳ.

(Ҷон Дриден)

-------------

– Оҷизтарин нафар…

Бахш: Панду андарз

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12948
Канали мо » @donish_su
Агар закотро ба имоми масҷид диҳад, ҷоиз аст ё не?

# Савол

Агар закотро ба имоми масҷид диҳад, ҷоиз аст ё не? Агар закотро ба имоми масчид дихад,…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3763
Канали мо » @donish_su
Андарзҳои Мавлавӣ

Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар навиштан шеру шир.

Кори мардон равшаниву гармӣ аст,
Кори дунон ҳилаву бешармӣ аст.

Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,
Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

©️Мавлоно

#шоҳбайт
@donish_su
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Таснифоти (гурӯҳбандии) методҳои таълим (омӯзиш)

Таснифоти (гурухбандии) методхои таълим (омузиш).

-------------

Методҳои таълим хеле зиёданд, муайян кардани миқдори онҳо имкон надорад. Таснифоти методҳо аз нигоҳи мантиқ, хусусият, муносибат ва вазифаҳои таълимиашон бояд ба гурӯҳҳои муайян тақсим шаванд. Аммо…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12907
Канали мо » @donish_su
Оё пеш аз вақт азон додан дуруст аст?

# Савол

Оё пеш аз вақт азон додан дуруст аст?

# Ҷавоб

Дуруст нест, агар…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3764
Канали мо » @donish_su
2024/09/24 06:34:15
Back to Top
HTML Embed Code: