Telegram Web Link
Аз хато кардан натарсед! Ҳеҷ кас бехато нест. Ҳамин иштибоҳҳоянд, ки моро чизи наве меомӯзонанд. Аз он ки ба иштибоҳ дучор мешавед, наҳаросед.

#тавсияи_равоншинос #муваффақият
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Ҳуҷҷатҳои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб

Хуччатхои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб. Накшаи таълими. Барномахои таълими. Китобхои дарси.

-------------

Меъёри мазмуни маълумоти мактаби муосирро се ҳуҷҷати асосӣ – нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ муайян мекунанд.…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12876
Канали мо » @donish_su
Аз моли шахси девона закот медиҳанд?

# Савол

Аз моли шахси ноқисулақл закот медиҳанд?

# Ҷавоб

Дар молу мулки шахси девона…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3736
Канали мо » @donish_su
Зиндагӣ бар орзу дорад асос,
Хешро аз орзуи худ шинос.

@donish_su
Зоғе бе доғе нест. Зиндагӣ ҳар қадар олитар дарду ҳасраташ ба ҳамон андоза бузургтар. Агар бозгаште будӣ ҳеҷ инсоне бо тариқи собиқаш намерафт.
_______

... инсон таҷрибапазир нест. Як хаторо ҳазор нафар такрор мекунад, вале панд намегирад. Ва ҳангоме ки умраш ба ҷое расид, аз тамоми кардаву гуфтааш пушаймон мешавад ва дар ҳасрати умри дигаре меуфтад то аздастдодашояшро ислоҳ намояд, вале ҳайҳот! Онгоҳ ба дигарон аз хатоҳои хеш панд медиҳад. Агар мардум пандпазир мебуд, аз замони Одам то ба ин дам Инсон фаришта мешуд. Вале афсӯс, ки то ба ҳол ғӯли биёбон боқӣ мондааст ...

Девори Хуросон
@donish_su
Ҳеҷ гоҳ барои хушбахт будан нафареро интизор нашавед. Ҳеҷ кас ғайр аз худатон ба Шумо хушбахтӣ намеорад. Зиндагии хушбахтонаро барои худ эҷод кунед ва баъд метавонед, онро бо касе тақсим намоед.

#тавсияи_равоншинос #муваффақият
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Оё се ракъат витри воҷиб қазо хонда мешавад?

# Савол

Оё се ракъат витри воҷиб қазо хонда мешавад?

# Ҷавоб

Оре, агар намози…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3738
Канали мо » @donish_su
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
©️ Сино

#шоҳбайт
@donish_su
Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест,
Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳону мулки гетӣ яксар.
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Мотивҳо – нерӯи ҳаракатдиҳандаи идрок

Мотивхо – неруи харакатдихандаи идрок.

-------------

Мотивонидани раванди омӯзиш тасодифӣ нест, балки омили умдаи завқу шавқбедоркунӣ ба меҳнати омӯзондагӣ, фаъолияти фаҳмидагирии фанни таълимӣ, муайянкунандаи сермаҳсулии ҷараёни дидактикист.

Мотивҳо – қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи раванди…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12882
Канали мо » @donish_su
Дар намоз барои саҷдаи саҳв ба як тараф салом медиҳанд ё ҳар ду тараф?

# Савол

Дар намоз танҳогузор саҷдаи саҳвро як тараф медиҳад ё ҳар ду тараф?

#

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3742
Канали мо » @donish_su
Ҳаво сардасту боронист дилам майли Ватан дорад,
Мисоли мурғи осмонӣ дилам майли чаман дорад,
Худоё, сабру тоқат деҳ, дар ин мулки ғарибона,
Ғариб андар дилаш дарду ба сар чашмони ғам дорад.

@donish_su
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Дили зан нисбат ба дили мард тезтар метапад.

Инсон тақрибан 90%-и хобҳои дидаашро аз хотир мебарорад.

Дандонҳо ягона қисмати организми инсонанд, ки хусусияти барқароршавӣ надоранд.

Занҳо нисбат ба мардон тақрибан 2 маротиба бештар мижжа мезананд.

Мушаки аз ҳама пурқуввати бадани инсон ин забон аст.

Инсон ҳангоми табассум кардан аз 17 ва ҳангоми ғазабнок гардидан аз 43 мушак истифода мекунад.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Омӯхтан ва ташаккул додани мотивҳо

Омухтан ва ташаккул додани мотивхо.

-------------

Бо масъалаи амиқи татқиқоти паҳлӯҳои гуногуни раванди педагогӣ ва сифати шахсият мо ҳамеша муроҷиат мекунем. Омӯхтани мотивҳо яке аз вазифаҳои амалии басо душвор буда, вале агар баландбардории…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12886
Канали мо » @donish_su
Баъди намози шом ду ракъат намоз мехонанд, он кадом намоз аст?

# Савол

Баъди намози шом ду ракъат намоз мехонанд, он кадом намоз аст? Аниқтараш кадом намоз гуфта ният…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3744
Канали мо » @donish_su
Ҳар чанд сари ту мушти ҳар кал хӯрдаст,
В-он чеҳраи ту силии ҳайкал хӯрдаст,
Ойинаи рушан аст пешонии ту,
Аз баски ба хоки ишқ сайқал хӯрдаст.

Ин шӯру ғурури ту зи ҷои дигар аст,
Ин боди бурутат аз ҳавои дигар аст.
Бебок дили халқи худоро машикан,
Ё пиндорӣ туро худои дигар аст?

©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Дар сурати 40 дарсад афзудани дурахши Офтоб тамоми моеъҳои рӯи Замин бухор мегарданд. Олимон ҳадс мезананд, ки пас аз 1,1 миллиард сол Офтоб 10 дарсад дурахшонтар хоҳад шуд.

Нури Офтоб ба Замин дар муддати 8,3 дақиқа мерасад. Дар ин муддат он 149,6 миллион километрро тай мекунад.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
2024/09/24 10:22:02
Back to Top
HTML Embed Code: