Telegram Web Link
Оё мусалмон мӯи сунъӣ бар сар карда метавонад?

# Савол

Оё мусалмон мӯи сунъӣ бар сар карда метавонад?

# Ҷавоб

Барои мусалмон истифодаи…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3694
Канали мо » @donish_su
Андарзҳои Мавлавӣ

Ҳар кӣ ӯ бинҳод нохуш суннате,
Сӯйи ӯ нафрин равад ҳар соате.

Модари бутҳо бути нафси шумост,
З-он ки он бут мору ин бут аждаҳост.

Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл,
Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст, ҷаҳл.

©️Мавлоно

#шоҳбайт
@donish_su
9-май – Рузи Галаба муборак! (Табрикот)

Дар ин мақола маълумот дар бораи Рузи Галаба, Рӯзи Ғалаба, иди Ғалаба оварда шуда, дар охир якчанд табрикнома ва табрикот барои рузи Галаба оварда мешавад >>

-------------

Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=3407
Канали мо » @donish_su
9-май – Рӯзи Ғалаба (Рузи Галаба – иншои озод)

9-май – Рӯзи Ғалаба (иншои озод). Рузи Галаба иншо дар бораи рузи Галаба, Маълумот дар бораи иди Галаба, иди Ғалаба ин ҳама аз сомонаи www.donishju.net >>

-------------

Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=3416
Канали мо » @donish_su
Чандон бихӯрам шароб, к-ин бӯйи шароб,
Ояд зи туроб, чун шавам зери туроб.
Гар бар сари хоки ман расад махмуре,
Аз бӯйи шароби ман шавад масту хароб!

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Барои занон ҷоиз аст, ки Қуръонро бо овози баланд бихонанд?

# Савол

Оё барои занон ҷоиз аст, ки Қуръонро бо овози баланд бихонанд? Оё барои занон чоиз аст,…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3696
Канали мо » @donish_su
Андарзҳои Мавлавӣ

Шукри қудрат қудратат афзун кунад,
Ҷабри неъмат аз кафат берун кунад.

Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ,
Аҳмаду Бӯҷаҳл худ яксон будӣ.

©️Мавлоно

#шоҳбайт
@donish_su
Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
Аз нав фалаке чунон дигар сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Ҳар субҳ рубоие аз #Рубоиёти_Хайём дар канали Дониш
Манбаъ: www.DONISHJU.net
Ҳуҷайра (суолҳои тестӣ аз биология)

Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар бораи Ҳуҷайра. Суолхои тести аз фанни биология дар бораи Хучайра.

-------------

Мавзӯҳои Ҳуҷайра:

Хуҷайра, сохт, вазифа ва таркиби он

Хосияти ҳаётии ҳуҷайра.

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12828
Канали мо » @donish_su
Дар вақти хонандаи мактаб будан Эдисон хатчае оварда ба модараш дод ва гуфт: «Инро аз мактаб доданду гуфтанд, ки танҳо модарат хонад.»
Модар ба чашмони пуроб хатчаро ба Эдисон хонд: «Писари шумо нобиға аст. Ин мактаб барои ӯ кифоят намекунад. Аз ин рӯ хоҳишмандем, ӯро ба тарбияи худ гиред.»

Солҳо гузаштанду Эдисон ба нобиғаи аср табдил ёфт. Модараш аз олам гузашт. Рӯзе Эдисон аз хона хатчаеро ёфт, ки дар кӯдакияш аз мактаб ба модараш фиристода шуда буд. Бале, ин ҳамон хатчае буд, ки худи Эдисон оварда ба модараш дода буд. Ӯ он варақро кушода, хонду гиряи бисёр кард, чунки он ҷо чунин навишта шуда буд:
«Писари шумо аҳмақ аст. Мо ба ӯ дигар иҷозаи таҳсил дар ин мактабро намедиҳем.»

Эдисон баъд аз гиряи зиёд дар дафтари хотироташ навишт:
«Томас Алва Эдисон аҳмақе буд, ки тавассути як модари қаҳрамон ба нобиғаи қарн табдил ёфт!»

Ана ҳамин аст қудрати МОДАР!

Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Фурухтани нушокихои спиртӣ / машрубот ҷоиз аст?

# Савол

Оё барои мусалмон ҷоиз аст, ки нӯшобаи спиртӣ бифурӯшад?

# Ҷавоб

Овардан, нӯшидан,…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3698
Канали мо » @donish_su
Андарзҳои Мавлавӣ

Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Сахт дармонад амири сустриш,
Чун на пас бинад, на пеш аз аҳмақиш.

Лафзҳову номҳо чун домҳост,
Лафзи ширин реги оби умри мост.

©️Мавлоно

#шоҳбайт
@donish_su
Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст!

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Бофта (суолҳои тестӣ аз биология)

Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар бораи Бофта. Суолхои тести аз фанни биология дар бораи Бофта.

-------------

Мавзӯҳои вобаста ба Бофта:

Бофтаҳо, аъзо ва танзими узвҳо

Мубодилаи газҳо дар

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12833
Канали мо » @donish_su
Оё аз пули закот роҳ сохтан иҷозат аст?

# Савол

Оё аз пули закот роҳ сохтан иҷозат аст?

# Ҷавоб

Аз моли закот…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3700
Канали мо » @donish_su
Андарзҳои Мавлавӣ

Чун қалам аз об буд, дафтар зи об,
Ҳар чӣ бинвисӣ, фано гардад шитоб.

Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид,
Узри аҳмақро намешояд шунид.

Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад,
Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.

©️Мавлоно

#шоҳбайт
@donish_su
Гул гуфт, ки ман Юсуфи Мисри чаманам,
Ёқути гаронмояи пурзар даҳанам!
Гуфтам: «Чу ту Юсуфӣ, нишоне бинамой!»
Гуфто, ки ба хун ғарқа, нигар, пираҳанам!

Ҳар субҳ рубоие аз #Рубоиёти_Хайём дар канали Дониш
Барои муваффақ шудан аввалин коре, ки бояд кунед, завқу ҳавасатонро ба инобат гирифтан аст. Яъне чи тавр? Шумо аз хурдӣ чӣ орзу доштед? Дар оянда аз пушти кадом касб зиндагиатонро пеш бурданӣ ҳастед? Бояд аз он замон интихоб кунеду аз пайи амалаш шавед. Нақши падару модаратонро низ дар интихоби дурусти касбатон хеле муҳим аст. Агар онҳо аз хурдӣ завқу ҳаваси Шуморо ба назар гиранду тамоми шароитҳоро барои муваффақ шуданатон муҳайё созанд, пас Шумо, албатта, ин зинаи фаъолиятро бомуваффақ паси сар хоҳед кард ва дар оянда низ роҳи дурустеро интихоб карда метавонед.

#муваффақият
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Оё садақа (фитр) додан ба “ҷугӣ” ё “лулӣ” равост?

# Савол

Оё садақа (фитр) додан ба “ҷугӣ” ё “лулӣ” равост?

# Ҷавоб

Садақаи Фитр…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3702
Канали мо » @donish_su
2024/09/21 01:14:21
Back to Top
HTML Embed Code: