Telegram Web Link
Ҳар он кас, ки мағзаш бувад бошитоб,
Фаровонсухан бошаду дерёб.

Чу гуфтори беҳуда бисёр гашт,
Сухангӯй дар мардумон хор гашт.

Зи дониш чу ҷони туро моя нест,
Беҳ аз хомушӣ ҳеҷ пероя* нест.

©️ Фирдавсӣ

*пероя - зебу зинат, ороиш

#шоҳбайт
@donish_su
Зи неру бувад мардро ростӣ,
Зи сустӣ дурӯғ ояду костӣ.

Тавонгар бувад, ҳар киро оз* нест,
Хунук** он касе, к-озаш анбоз нест.

Мудоро хирадро бародар бувад,
Хирад бар сари ҷон чу афсар бувад.

©️ Фирдавсӣ

*оз - ҳирс, тамаъ, ҳавою ҳавас
*хунук - хушбахт


#шоҳбайт
@donish_su
Зи андӯҳ бошад рухи мард зард,
Ба ромиш* физояд тани родмард.

Зани хубрух ромишафзоӣ бас,
Ки зан бошад аз дард фарёдрас.

Ба зан гирад ором марди ҷавон,
Агар тоҷдор аст, агар паҳлавон.

©️ Фирдавсӣ (Шоҳнома)

* ромиш - роҳат

#шоҳбайт
@donish_su
Магӯ он сухан, к-андар он суд нест,
К-аз он оташат баҳра ҷуз дуд нест.
©️ Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Фурӯтан бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш бузургу тавоно бувад.
©️ Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Бипарҳез, аз ҳар чӣ нокарданист,
Маёзор онро, ки н-озурданист.
©️ Фирдавсӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой,
Ки гар ақлу раъяш набошад басе,
Бимириву аз ту намонад касе.
©️ Саъдӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from ТАФАККУР (Ozod Hodizoda)
Барои мулоҳиза

Усули "99"


Подшоҳе надиме дошт, ки ҳамеша шоду масрур мегашт. Шоҳ ҳамеша шод гаштани ӯро дида ҳайрон мешуд. Рӯзе аз вазираш пурсид:
- Ман подшоҳам. Тамоми нозу неъматхои дунё дар наздам муҳайёст. Лекин наметавонам, ҳамеша хурсанд бошам. Фалони надими ман аст, аз ҳисоби ман маош мехӯрад, лекин ҳамеша шоду масрур менамояд.
Вазири оқил гуфт:
- Подшоҳи аъзам шумо як бор ба ӯ усули "99" ро истифода баред, он гоҳ ба ҳолаш нигаред.
- Чӣ гуна будааст ин усули "99"?
Гуфт:
- Дар кӯзае 99 танга андохта пинҳона ба пушти дараш гузоред. Баъд таъсири услубро бинед.
Бо фармони подшоҳ чунин кор карданд.
Надим саҳар чун аз хона баромад дар пушти дараш кӯзаро дида ҳайрон шуд. Ба ҳар тараф нигоҳ кард, лекин касеро надид. Шодон ба хонааш ба назди кӯдаконаш рафту тангаҳоро холӣ карда шумурд. Дар дохили вай 99 тангаи тилло буд, бори дигар шумурд, боз 99 баромаданд. Баъд шояд каси оваранда яктояшро аз кӯча афтодааст гӯён кофту ковкунон ба сарои роҳ расид, лекин тангаи тиллоро наёфт, ночор маъюс ба сарои подшоҳ дохил шуд. Шоҳ ба рӯи надимаш назар карда дид, ки дар ҳақиқат усули "99" ба вай сахт таъсир карда буд.....

P/S: Аксар вақт мо ҳамин 99 неъматро дороем, аммо, дунболи ҳамон 1 мегардем ва ба хотири он худро нороҳат эҳсос мекунем. Қаноъат чӣ қадар чизи хуб аст?!

26.04.2020 сол.

Аз маҷалаи "Ҳидоят"

Тарҷумон: Озод Ҳодизода

#ҳикояи_ибратнок
Ба дӯстон ирсол намо:
👇👇👇
@tafakkur_tjk
Forwarded from Қорӣ Исмат (.)
Тоҷикона…
Даҳшатноктарин ибора шояд ибораи "мардони ғайбаткунанда" бошад...

#тафаккур
@donish_su
Forwarded from SoftClub Academy
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ассалому алейкум дӯстон 👋

Марҳамат, подкасти нав дар ютуб каналамон🎙️

https://www.youtube.com/watch?v=gQEsIOLqBxI
Ҳар як марҳилаи ҳаёти мо маънои онро дорад, ки мо бояд аз болои худ кор кунем!

#тафаккур
@donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
ВАҚТ БА ХАЙР!
Рӯзи хубе дошта бошед!

————————-
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: www.tg-me.com/fonustj
Чаро мо тоҷикон ин қадар бахилем?!
Чаро мо теша ба решаи якдигар мезанем?!
Чаро вақте як нафар як кор кард, пешравӣ кард, ободоние кард, бояд коре кунем, ки дилмонда шавад, аз роҳаш баргардад, дигар накунад?!

Чанд рӯз пеш дарёфтам, ки сомонаи hazina.tj бештар аз 2500 мавзӯву мақолаи сомонаи ман - donishju.net, ки тӯли 5 сол аст пеш мебарам, матн менависам, мақола менависам, мавзӯҳоро аз китобҳо ҳуруфчинӣ карда нашр мекунам, пурра ва тавассути скрипт ба худашон НУСХАБАРДОРӢ кардаасту карда истодааст. Тамоми маводи сомонаи маро дуздидааст.

Тамоми корро карда истодаам, ки молики он ин корро бас кунад, маводи моро надуздад, дуздидаҳояшро нест кунад, ё ақалан бо ман дар тамос шавад, вале нашуд.

Мегӯед чӣ зиён дорад? Вақте ман ин қадар меҳнат мекунам, онҳо ҳамин тавр гирифта дар худашон мегузоранд ва маблағ кор мекунанд (сомонаашон ба реклама ҳам пайваст аст). Дар системаҳои ҷусторӣ ба ҷои сомонаи ман аз онҳо мебарояд, дар ҳоле, ки меҳнати ман аст. Хулас, касе ки як каме муҳтаво эҷод кардааст, мефаҳмад.

Тасмим гирифтам як муддат тамоман дар сомона чизе нашр накунам, чунки гӯё мисли ғулом бе ягон дастмузд барои онҳо кор карда истода бошам.
Ҳоло аз пайи шикояти расмӣ ба Google, Yandex, Timeweb (ҳостинге, ки сомонаашон ҷойгир аст) ва мақомот ҳастам.
___________

Мегӯед чаро маводи тоҷикӣ дар интернет нест?
Мегӯед чаро барномасозони муваффақи кишвару миллат барои ҳаммиллатони худ коре намекунанд?
Айб дар худи мост. Дар худи мо....

Муҳаммад
www.donishju.net
Табрикот барои 8 март (Иди Модарон, занон)

Дар ин мақола чанд табрикот барои занон ва модарон ҷамъоварӣ шудааст. Табрикнома барои модар, табрикот барои зан, иди Бонувон муборак, идат муборак модар, расм, картинка. Ин ҳама аз сомонаи www.DONISHJU.net >>>>

Рӯзи байналхалқии бонувон,…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=8357
Канали мо » @donish_su
Иншо / Эссе дар бораи МОДАР

Иншо дар бораи МОДАР, Модар иншо ва эссе дар ин саҳифа оварда мешаванд.

Ҷаннат зери қудуми модарон аст…

Модар дар ҳаёти кас ҳама чиз аст: тасалло дар маълумию имдодгарӣ, дар бадбахтӣ, қувва…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=10717
Канали мо » @donish_su
Модар фаришта буд, аммо болу пар надошт (шеърҳо)

Якчанд шеър дар васфи Модар шеърхо, шеъри “Модар фаришта буд аммо болу пар надошт” дар шакли пурра аз сомонаи мо барои шумо. Инҷо хонед >>

Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=10563
Канали мо » @donish_su
Шеъри Модар – Ба кунчи сандали биншаста шабхо модари пирам

Шеър дар васфи модар ба қалами Лоиқ Шералӣ тааллуқ дорад. Ба кунчи сандали …

Ба модарам

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=9322
Канали мо » @donish_su
Шеър дар бораи МОДАР

Дар ин мақола якчанд шеър дар васфи модар оварда мешавад. Шеърхо дар васфи Модар, шеъри Модар >>>

Меҳри модар

Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=8447
Канали мо » @donish_su
Қадри модар (Кадри модар, иншо-эссе)

Қадри модар (Кадри модар, иншо-эссе)

-------------

Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
«Дар ду ҷаҳон он надид рӯи хуш»,
Теғаи нигаҳ ҳар ки ба рӯяш кашид.

Модар қиматтарин…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=2883
Канали мо » @donish_su
2024/11/15 09:44:38
Back to Top
HTML Embed Code: