Telegram Web Link
Forwarded from ФОНУС (fonews)
ҲАМВАНД ШАВЕД: 👉 https://www.tg-me.com/fonustj
Имрӯз, ки дастгоҳ дориву тавон,
Бехе, ки бар саодат орад, биншон.
Пеш аз ту азони дигарон буд ҷаҳон,
Баъд аз ту азони дигарон бошад, ҳон!
©️ Сайфиддини Бохарзӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Бедории миллӣ, ҳаракати миллӣ, истеъморзадагӣ ва истеъморзудоӣ*. Ҳар тоҷике бояд ин барномаро бубинад!

* истеъмор - сиёсати тасарруфи сарзамини дигарон ва эҷоди ҷомеъаи муқим дар он барои судҷӯӣ аз манобеъ ва баҳракушӣ аз мардуми он сарзамин, колонизатсия.

#тавсия

https://www.youtube.com/watch?v=9gBy5MLky-g
Дунё гузарон аст ба ҳар бешу каме,
Хоҳеш ба шодӣ гузарон, хоҳ ғаме.
З-ин манзилат албатта бурун хоҳӣ рафт,
Хоҳе ба ҳазор солу хоҳе ба даме.
©️ Сайфиддини Бохарзӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Вақтатонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ надиҳед!

#тафаккур - @donish_su
Forwarded from ТАФАККУР (Ozod Hodizoda)
Имшаб туро ба хуби, нисбат ба моҳ кардам,
Ту беҳтар зи моҳи, ман иштибоҳ кардам.


#ишқ
Ба шабака ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
@tafakkur_tjk
Дил бар ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад,
Навбати пирӣ чу ояд, навҷавонӣ бигзарад!
Китфу бозуе ту дорӣ, эй ҷавони паҳлавон,
Китфу бозуят бимонад, паҳлавонӣ бигзарад.
©️ Шамси Табрезӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Фарқ набвад аз ҷанубӣ ё шимол,
Фарқ бошад ту ҳаромӣ ё ҳалол.

Фарқ набвад аз шимолӣ ё ҷануб,
Фарқ он бошад, ки зиштӣ ё ки хуб.

Миллати мо миллати яклахт нест,
З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.

То ғамони хешро ғамхора нест,
Миллати мо миллати якпора нест.

Як забону сад забонча дорад ӯ,
Сайд бар сайёди худ биспорад ӯ.

Хешро нашнохта бегонадӯст,
Аз ҳақиқат ғофилу афсонадӯст.

Шаҳманиш будан барояш каҳкашист,
Хештаннашносии ӯ худкушист.

Пеш рафтанҳош вопас рафтан аст,
Аз паи як зумра нокас рафтан аст.

Миллат аз якшохагӣ шохаш шикаст,
Сар ба боло карду андар гум нишаст.

Гар ту дорӣ доғу дарди тоҷикӣ.
Ростиро, марди марди тоҷикӣ.

Гар дили моро бихонӣ, тоҷикӣ,
Гавҳари моро бидонӣ, тоҷикӣ.

Фарқ набвад аз куҷоӣ, эй ҳабиб,
Гар ту моӣ, гар ту моӣ, эй ҳабиб.

Берун аз ҳар қайду бастӣ, зинда бош!
Мисли мо миллатпарастӣ, зинда бош!

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

@kitobkhon2021
#тафаккур бояд кард!

Худро аз ин дом раҳо кунед!

@donish_su
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд...
©️ Ҳофизи Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Муборакамон бод!
Forwarded from 🇹🇯 ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИ (¹⁰ª𓅃ᴬᴰᴹᴵᴺ |--|)
🇹🇯Аввалин иштирок, аввалин ғалаба ва аввалин роҳхати мунтахаби Тоҷикистон ба плей-офф дар Ҷоми Осиё! 🇹🇯

Ба пеш шербачаҳо!
🇹🇯
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Оилаи муосир
Барои #тафаккур

@donish_su
Осмон бо он бузургӣ тоби як одам надошт,
Бар замин бингар, чӣ бореро таҳаммул мекунад!
©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
👉 Кӯдакро аз хурди бояд ба роҳи Ҳақ омода намуд, зеро бод дарахти хурдро бо осони каҷ мекунад ва агар пеши бодро нагирем  дарахт то хушк шуданаш каҷ мемонад.

@donish_su
Чу хуршед саодат намоён шавад,
Ситора зи пешаш гурезон шавад.

Уқоби шикорӣ натарсад зи бум,
Ду марди хуросонӣ дусад марди рум.


Агар дасти Яздон диҳад равнақам,
Ба Искандария занам байрақам.

©️ ?

#шоҳбайт
@donish_su
Ризқ ҳарчанд бегумон бирасад,
Шарти ақл аст ҷустан аз дарҳо.
В-арчи кас беаҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо!

Саъди Шерозӣ

@kitobkhon2021
Одоб мисли атр аст,
Мо барои худамон истифода мекунем, аммо дигарон ҳам аз он лаззат мебаранд.

@donish_su
2024/09/22 16:31:00
Back to Top
HTML Embed Code: