Telegram Web Link
Бештар аз 600 пайгир дар Китобкада. Шумо ҳам китобҳои савтиро ҳангоми пиёда гаштан, дар роҳ, дар нақлиёт, дар кор ... гуш кардан мехоҳед? Пас ...
Давлати Элом

Давлатхои форсизабон. Давлати Элом. Ташкилёбии давлати Элом. Мубориза бахри истиклолият. Бархам хурдани давлати Элом.

-------------

Ташкилёбии давлати Элом

Дар қаламрави Эрон ва як қисми Байнаннаҳрайн аҷдоди мардуми ориёнажод ҳанӯз дар ҳазорсолаи IV пеш…

Бахш: Таърихи умумӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13450
Канали мо » @donish_su
Идеяи бунёди парашют ба Леонардо да Винчи марбут аст. Ӯ ҳанӯз соли 1483 нусхаи пирамидашакли парашютро тарҳрезӣ намуда, чунин гуфта буд:

«Агар одам чодаре аз матои канабии крахмалзада ба андозаи арзу баландии 12 оринҷ дошта бошад, метавонад аз баландии масофааш гуногун, бе ягон хатар худро ҳаво диҳад».

#маълумот
@donish_su
Агар манзили зист, ғизо ва дар тан либос дошта бошед, аз 45 дарсади сокинони сайёра доротаред.

Пурра: donish.su/agar-shumo

#агар
@donish_su
Маълумот дар бораи савганд. Намуд ва каффораи он

# Савол

Дар бораи савганд ва намудҳои он маълумот диҳед. Ҳар як намуди он чӣ каффорат ва тарки…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4230
Канали мо » @donish_su
То тавонӣ бигрез аз ёри бад,
Ёри бад бадтар бувад аз мори бад.
Мори бад танҳо туро бар ҷон занад,
Ёри бад бар ҷону бар имон занад.
© Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Давлати Мод

Давлатхои форсизабон. Ба вучуд омадани давлати Мод. Пурзур шудани давлати Мод. Бархам хурдани давлати Мод.

-------------

Ба вуҷуд омадани давлати Мод

Тахминан дар асри IX пеш аз милод дар тарафи ҷанубу ғарбии баҳри…

Бахш: Таърихи умумӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13451
Канали мо » @donish_su
Чаро хатоҳои дӯстони фақирро зуд қабулу дарҳол қаҳр мекунем, аммо ба хатоҳои дӯстони дорову вазифадор фурсат мебахшем?

Барои #тафаккур
@donish_su
Ғамгин машав! Худо бо мост!

@donish_su
Чидани абру (кош) дар ҳолати розӣ будани шавҳар

# Савол

Дар ҳолати розӣ будани шавҳар зан метавонад, ки абрӯҳояшро бичинад?

# Ҷавоб

Чидани…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4232
Канали мо » @donish_su
Биë эй, ки умрат ба ҳафтод рафт,
Магар хуфта буди, ки барбод рафт.

Зи панҷоҳ дирҳам, агар панҷ кам шавад,
Дилат реши сарпанҷаи ғам шавад.

Чу панҷоҳ солат бурун шуд зи даст,
Ғанимат шумур панҷ рӯзе, ки ҳаст.

© Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Дилеро ношикастан санъати бисёр мехоҳад,
Ба каф оина раҳ рафтан фарози дор мехоҳад.
© ?

#шоҳбайт
@donish_su
Давлати Ҳахоманишиён (Хахоманишиён)

Давлатхои форсизабон. Ахоли. Таъсиси давлати Хахоманишиён. Забткорихои Куруши II. Иктибос аз навиштачоти Бехсутуни Дорои I.

-------------

Аҳолӣ

Дар замонҳои қадимтарин дар марзи имрӯзаи Эрон қабилаҳои ориёӣ зиндагӣ мекарданд. Баъдтар ба он ҷо қабилаҳои…

Бахш: Таърихи умумӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13458
Канали мо » @donish_su
Ҳар касе бар Худо таваккул кард,
Дар дили нор хори ӯ гул кард.
© Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from Китобхон - کتابخوان (Muhammadnazar)
❗️📖 Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

👇Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем:

👉 Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода натавонем.

👉 Коҳиши тавонои таҳлил ва тафаккури интиқодӣ. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба тақвияти маҳорати тафаккури интиқодӣ ва мантиқӣ кумак мекунанд. Бидуни китоб хондан ин маҳоратҳо заъиф мешаванд.

👉 Аз даст додани дониши ҷадид. Китобҳо манобеи ғании иттилоот ва донишанд. Бидуни мутолиа мумкин аст аз пешрафтҳо ва ёфтаҳои ҷадид дар ҳавзаҳои мухталиф бехабар бимонем.

👉 Коҳиши халлоқият. Китобҳо ба тавсеаи халлоқият ва таҳрики тахайюл кумак мекунанд. Бидуни хонадони онҳо халлоқият ва тавоноии фикр кардан ба ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид мумкин аст уфт кунад.

👉 Заъф дар ҳалли масъала. Мутолиаи китобҳои мухталиф ба фард кумак мекунад то роҳкорҳои мутанаввеъе барои мушкилот пайдо кунад. Бидуни китоб хондан маҳоратҳои ҳалли масъала коҳиш меёбад.

👉 Коҳиши ҳамдилӣ. Китобҳо ба афрод ин имконро медиҳанд то аз нигоҳи дигарон ба дунё бингаранд ва эҳсосоти онҳоро дарк кунанд. Бидуни мутолиа ин ҳамдилӣ ва дарк мумкин аст коҳиш ёбад.

👉 Заъф дар маҳоратҳои навишторӣ. Нахондани китоб боиси коҳиши тавоноӣ дар навиштан мешавад, зеро мутолиа ба беҳбуди сабки навишторӣ ва баён кумак мекунад.

👉 Афзоиши ҳаяҷон (стрес). Мутолиаи китоб метавонад ба коҳиши ҳаяҷон ва изтироб кумак кунад. Агар китоб нахонем, мумкин аст равишҳои муассири муқобила бо ҳаяҷонро аз даст бидиҳем.

👉 Коҳиши диққат ва тамаркуз. Хондани китобҳо ниёз ба тамаркуз дорад ва боиси тақвияти ин тавоноӣ мешавад. Бидуни китоб хондан мумкин аст тавоноии тамаркуз ва таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт коҳиш ёбад.

👉 Кунд шудани ҳофиза. Мутолиаи муназзами китобҳо ба тақвияти ҳофиза кумак мекунад. Бидуни ин одат мумкин аст ҳофиза заифтар шавад.

👉 Маҳдуд шудани дунёи зеҳнӣ. Китобҳо ба шумо дидгоҳҳои мутанаввеъе аз ҷаҳон медиҳанд. Бидуни онҳо додгоҳҳо ва афкори мо маҳдудтар хоҳанд шуд.

👉 Коҳиши эътимод ба нафс. Афроде, ки иттилооти бештаре доранд, маъмулан дар баҳсҳо ва муколимот эътимод ба нафси бештаре доранд. Бмдуни китоб хондан мумкин аст дар муколимот эҳсоси заъф кунӣ.

👉 Заъф дар иртибототи иҷтимоӣ. Китобҳо мавзуъҳои ҷолибе барои баҳс дар муколимоти иҷтимоӣ фароҳам мекунанд. Бидуни мутолиа мумкин аст доира муколимот маҳдудтар шавад.

👉 Коҳиши ангеза барои ёдгирӣ. Мутолиаи китоб ба таври доимӣ ангеза ва алоқа барои ёдгириро афзоиш медиҳад. Бидуни он мумкин аст ин ангезаро аз даст бидиҳем.

👉 Аз даст додани илҳои ва ғояҳо (идеяҳо)-и ҷадид. Китобҳо метавонанд илҳомбахш бошанд ва ғояҳои ҷадид ба зеҳни ту биёранд. Бидуни онҳо мумкин аст дар фикр кардан дар идеяҳои наву халлоқона дучори мушкил шавем.

👉 Уфти таҳсилӣ ё ҳирфаӣ. Дар муҳитҳои таҳсилӣ ва корӣ мутолиаи доимӣ барои пешрафт зарурӣ аст. Бидуни он мумкин аст дар масири таҳсилӣ ё ҳирфаии худ пешрафти камтаре дошта бошем.

👉 Афзоши замони талафшуда. Афроде, ки мутолиа намекунанд, мумкин аст заони бештареро сарфи фаъолиятҳои беарзиш ё вақтгир кунанд. Хондани китобҳо як фаъолияти созанда аст, ки аз талаф шудани замон ҷилавгирӣ мекунад.

👉 Адами ошноӣ бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои дигар. Китобҳо ба шумо ин фурсатро медиҳанд, то бо фарҳангҳо ва дидгоҳҳои мухталиф ошно шавед. Бидуни мутолиа дидгоҳи мо мумкин аст маҳдудтар ва тангназаронатар шавад.

👉 Коҳиши қудрати тасмимгирӣ. Мутолиаи китобҳо ба беҳбуди маҳоратҳои тасмимгирӣ кумак мекунад. Агар мутолиа накунем, мумкин аст дар шароити буҳронӣ ва муҳим тасмимҳои нодуруст ва зиф бигирем.

👉 Эҳсосӣ пучӣ ва беҳадафӣ. Китобҳо метавонанд ба фард маъно ва самт диҳанд. Бидуни хондан мумкин аст эҳсосӣ беҳадафӣ ё адами рушди шахсӣ дошта бошем.

👆Ин паёмадҳое ҳастанд, ки бо адами мутолиа метавонанд дар зиндагии фард зоҳир шаванд ва бар кайфияти зиндагии шахсӣ, иҷтимоӣ ва ҳирфаӣ таъсир бигзоранд.

📃 Баргардон аз форсӣ ба сириллик.

Баргардонанда: Муҳаммадназар

📖 Китобхонро дар 📱 📱  📱 📱 пайгир бошед
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Аввалин чопи китоби Қуръон соли 1537.

#маълумот
@donish_su
2024/11/15 16:54:39
Back to Top
HTML Embed Code: