Telegram Web Link
Лутфан бигӯед, ки пешоби кӯдак либосро бенамоз мекунад?

# Савол

Лутфан бигӯед, ки пешоби кӯдак либосро бенамоз мекунад ё на? Дар ин ҳолат оё таҳорат кардан…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4105
Канали мо » @donish_su
Он, ки аз ман ба ту сад гуна сухан мегӯяд,
Ба Худо айби туро низ ба ман мегӯяд.
©️ ?

#шоҳбайт
@donish_su
Бинандагони азизу гиромӣ, канали "Панднома" сирфан канали адабӣ-фарҳангӣ буда, ровии он кӯшиш ба харҷ медиҳад, то аз осори гаронбаҳои бузургони тоҷику-форс ҳикматҳои зиндагиро барои дӯстдорони каломи ноб пешниҳод намояд. Зеро дар осори ин абармардон андешаҳои созандае нуҳуфтааст, ки бо бакоргирии онҳо ҳар инсоне метавонад ба саодату хушбахтӣ даст ёбад. Агар канали "Панднома"-ро муфид медонед, ба дӯстону наздиконатон низ онро тавсия диҳед.

Бо камоли эҳтиром Одинамуҳаммад Одинаев

http://www.youtube.com/@pandnoma
Ғамгин машав, ки кулли бемориҳо шифо меёбад, мусибатҳо бартараф, ҷамъи гуноҳҳо бахшида мешавад, қарзҳои қарздорон адо мегардад, маҳбусон аз банду завлонаи зиндон раҳо меёбанд, ғоибон ҳозир мешаванд, гуноҳкорон тавба мекунанд, бенавоёну қашшоқон низ рӯз ба рӯз ба мартабаи бойигарӣ мерасанд.

Ғамгин машав, ки гармии тамузи тансӯзи офтобро соя дур мекунад, ташнагиро об мешиканад, гуруснагиро нони мулоим дафъ месозад ва алами беморро лаззати шифо марҳам мешавад. Фақат барои ту сабр зарур аст, андак интизор шав

#ғамгин_машав
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Ба мижа дил зи ман бидуздидӣ,
Эй ба лаб қозию ба мижгон дузд!
Музд хоҳӣ, ки дил зи ман бибарӣ?
Ин шигифтӣ кӣ дид: дузди бамузд?
©️ Абӯсулайки Гургонӣ

Абӯсулайки Гургонӣ маънии ошиқонаро бо ҳазли малеҳе омехтааст. Ӯ лаби дилбарро ба қозию мижгони ӯро ба дузд монанд намудааст ва ба шигифт афтодааст, чӣ тавр мешавад дилбар, ки бо мижааш дили ӯро бибурд, аз ӯ музд мехоҳад. Ва савол медиҳад, ки магар дуздӣ ба музд ҳам мешавад?

#шоҳбайт
@donish_su
Нишони ширкати Apple дар тӯли таърих.

#далелҳои_ҷолиб
@donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
"Мурғони осмон ба ҳоли қавме хоҳанд гирист, ки фарзонагонаш дар кишварҳои бегона ҳаммоливу мардикорӣ мекунанд"

Аз "Саду як андеша"-и Раҳими Мусулмониён
(бознашр аз саҳфаи фейсбуки Каюмарси Ато)
Аз асал чи гуна ушр ҳисоб карда мешавад? Ушри асал

# Савол

Аз асал чи гуна ушр ҳисоб карда мешавад? Ушри асал

# Ҷавоб

Ушри…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4107
Канали мо » @donish_su
Хуни мардум гар бирезӣ бар замин,
Беҳ, ки оби рӯй резӣ бар канор,
Бут парастидан беҳ аз мардумпараст,
Панд гиру кор банду гӯш дор!
©️ Абӯсулайки Гургонӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Аз ҳама арзишмандатарин чиз барои ҳар як кас дар зиндагӣ оилааш ба шумор меравад. Оё боре бо тамоми аҳли оилаатон якҷоя хӯрок хурдаед ва ё сӯҳбате оростаед? Ҳади ақал дар як ҳафта ё дар як моҳ як – ду маротиба кӯшиш кунед то оилаатонро сари як миз ҷамъ оваред. Ин албатта меҳри тамоми аъзои оилаатонро ба якдигарӣ зиёд мегардонад ва барои ҳал намудани мушкилиҳои оилавӣ низ тавсияи хубе ҳаст.

#тавсия
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Миёни шавҳару зан сар занад ҷанг,
Халос кардӣ, зи ҳарду мехӯрӣ санг...
😂😂😁

#шеър
@donish_su
Мавзӯи романи "Ишқи сархӯр" аз ҳаёти ҷавонон аст, аз зиндагии осуда, аз заҳмати дилсофонаи онҳо, ба манфиати Ватан, ҳифзи он ва ободию шукуфоиҳо, аз ишқ, аз меҳру вафо, ҷоннисорӣ, талош барои ба мақсад расидан. Ин ҳама дар асар ба қалам омада, маҳаки асосии ишқ, аҳду вафо, меҳр. Нависанда таъкид намуда, ки ишқ созанда ва сӯзанда ҳам мебошад. Оқибати ҳавою ҳавас нокомӣ. Ишқро ба гирдоб ҳам монанд кардаанд, гирдоб хавфовар “Ишки Сархӯр” номида шудани роман рамзӣ ҳам мебошад. Персонажҳо Исфандиёру Лутфия ба мақсад мерасанд, вале ишқ барои симоҳои дигари асар Фахрию Мӯниса рӯйсурхӣ намеорад. Гирифтори фоҷеъа мегарданд. Чаро? Аз чӣ сабаб? Кадоми онҳо гунаҳкору кадомашон не? Шунавандагони гиромӣ метавонанд гуфторҳоро гӯш карда, худ қазоват намоянд.
______

Шакли савтии китоби мазкур аз Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон дар қироати Абдуррашид Хуҷамқул оварда мешавад.

«Ишқи сархӯр» - и Кароматулло Мирзоев дар шакли савтӣ (садо) дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб 💚
Акнун шумо метавонед канали моро аз ҷиҳати молиявӣ тавассути ситораҳо ⭐️ дастгирӣ кунед 😉
Ғамгин машав: Зеро ғам инсонро аз барои ибодат заиф мекунад ва аз кӯшишу ғайрат боз медорад, туро ба гумони бад ва бад дидани дигарон даъват мекунад.

#ғамгин_машав
@donish_su
Оё сӯрох кардани гӯши духтар барои зинат дуруст аст?

# Савол

Оё сӯрох кардани гӯши духтар барои зинат дуруст аст ё на? Оё сурох кардани гуши духтар…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=4109
Канали мо » @donish_su
Соҳибхоназан бояд инро дар назар дорад

Сохибхоназан бояд инро дар назар дорад

Тарзи дуруст истифода бурдани даспӯшак

Барои паст кардани сӯзиши ҷойи сӯхтагии бадан порчаи докаро ба маҳлули перманганати калий (маргансовка) тар карда, ба ҷойи сӯхтагӣ гузоред ва аз болояш…

Бахш: Дониш | Таълими меҳнат

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13319
Канали мо » @donish_su
Табиат ва аҳолии Мисри қадим

Шароити табиии Миср. Аҳолии Миср. Машғулияти аҳолӣ. Шароити табиии Миср. Ахолии Миср. Машгулияти ахоли. Табиат ва ахолии Мисри кадим.

-------------

Шароити табиии Миср

Мисри қадим мамлакатест, ки он қисмати шимолу шарқии қитъаи Африқои…

Бахш: Таърихи умумӣ

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=13334
Канали мо » @donish_su
Чист шаб - хокистаре аз Офтоб,
Ахтарон ҳам - ахгаре аз Офтоб.
©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from ТАФАККУР (Ozod Hodizoda)
Фунсияи телефон дурро наздик кардан аст, аммо вай наздиконро аз ҳам дур кард.

#тафаккур
Ба шабака ҳамроҳ шавед:
👇👇👇
@tafakkur_tjk
2024/09/22 10:26:48
Back to Top
HTML Embed Code: