Telegram Web Link
Ғайри худатон, касе ба шумо бадӣ намекунад.
©️ Маҳатма Гандӣ

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Романи «Тахти вожгун» - и Ҷалол Икромӣ

Ин роман қисми савуми аcари сегонаи Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» буда, дар он корномаҳои мардум барои барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Бухорои Шарқӣ, мубориза бо душманони дохилӣ, ҷараёни озодшавии занон, хуллас он табаддулоте, ки дар он солҳои пурошӯб дар рӯзгори мардуми точик ба вуқуъ пайвастаанд, ба қалам дода шудааст.

Шакли савтии китоби мазкур аз Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон оварда мешавад.
Дар қироати Ализода Абдуррашид Хуҷамқул

Романи «Тахти вожгун» - и Ҷалол Икромӣ дар шакли савтӣ (садо) дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб 💚
Ба гуристон гузар кардам сабоҳе,
Шунидам нолаву афғону оҳе.
Шунидам каллае бо хок мегуфт:
Ки ин дунё намеарзад ба коҳе.

Канораш каллае дигар сар овард:
«К-эй мағзи тиҳӣ ин чӣ кароҳат?
Арзиши дунёи ту камтар аз ин аст
Ки ӯро нисбат диҳӣ бар гарди коҳе»
(?)

#шоҳбайт
@donish_su
Ҷавоне ба назди дарвеше, ки дар сари бозор нишаста буд омаду тангаи тиллое дод ва суол кард:

— Ман аз шумо маслиҳате мехостам. Ба ман духтаре писанд аст. Ман дар фикри ӯ азоб мекашам ва намедонам чӣ кор кунам: ӯро ба ҳамсарӣ гирам ё нагирам?

— Нагир.

— Чаро?

— Агар ту дар ҳақиқат инро мехостӣ, назди ман намеомадӣ ва аз ман маслиҳат намепурсидӣ.

@donish_su
Оё гузоштани номи Муҳаммадосим дуруст аст?

# Савол

Дар баъзе фарҳангҳо калимаи “осим” ба маънои гунаҳгор ва дар баъзе дигар ба маънои нигоҳдоранда аз…

Бахш: Маънои ном

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3925
Канали мо » @donish_su
Ҳама қабул доранд, ки инсоният ба бадӣ рафта истодааст, аммо касе ба бадӣ рафтани худро қабул надорад.
©️ Толстой

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Ба гуристон гузар кардам каму беш,
Бидидам ҳоли давлатманду дарвеш.
На дарвеше ба хоке бекафан буд,
На давлатманд бурд аз як кафан беш.
(?)

#шоҳбайт
@donish_su
Аз имрӯз шурӯъ кун, зеро фардо навбати дигар корҳост.

@donish_su
Маънои номи Субҳиддин

# Савол

Маънои номи Субҳиддинро мефаҳмондед. Маънои номи Субхиддинро мефахмондед. Маънои номи Субҳиддин / Субхиддин

#

Бахш: Маънои ном

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3928
Канали мо » @donish_su
Кори дурустро анҷом надодан, амали бузургтарин аз бадиҳост.
©️ Суқрот

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Ҳар кас, ки қадри умр шиносад ба ростӣ,
Ҳар рӯзро чу умри дигар мебарад ба сар.
©️ Рустами Ваҳҳоб

#шоҳбайт
@donish_su
Ғайри худатон касе масъул ва ғамхори хушбахтии шумо нест.

@donish_su
Ҳангоми вохӯрӣ бӯсобӯсӣ кардани падарарӯсу келин мумкин аст?

# Савол

Ҳангоми вохӯрӣ бӯсобӯсӣ кардани падарарӯсу келин мумкин аст, ҳол он ки хеш набошанд?

#

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3931
Канали мо » @donish_su
Аз ҳама зиёд аз бадиҳое, ки бар худ мекунӣ, битарс.
©️ Песталлозӣ

#хазинаи_маърифат
@donish_su
Олимон тавонистанд бо оҳанрабо* ... шуур (ҳуш)-ро идора кунанд.

Низоми нави ҷанубикуриёгӣ Nano MIND қисматҳои мағзро фаъол ва ғайрифаъол мекунад, ки ба рафтор, эҳсосот ва гуруснагӣ таъсир мерасонанд.

Санҷиш дар мушҳо бо муваффақ ба анҷом расид: як тугмаро зер мекунанд — муш гурусна мешавад, дигарро зер мекунанд — сер мешавад, саввумро зер мекунанд — меҳри модарӣ бедор мешавад ...

Ба қавли олимон, ин дар табобати бемориҳои неврологии мағз пешравӣ аст, аммо мову шумо медонем, ки ин ба чӣ оварда мерасонад 😐😐

* миғнотис, магнит

#маълумот
@donish_su
Машав ҳамсуҳбати номард, ки комат талх мегардад,
Мусибат мекашад марде, ки бо номард мегардад.
©️ ?

#шоҳбайт
@donish_su
Мурча баъд аз афтидан аз баландӣ (новобаста аз чанд метр будан) намемирад.

#далелҳои_ҷолиб
@donish_su
2024/09/23 08:24:27
Back to Top
HTML Embed Code: