Telegram Web Link
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Акнун боти мо - Номнома @nomTJbot дар шакли нав бо функсияҳои бештар ба кор шурӯъ кард.

Наворро тамошо карда, худи ҳозир ба бот гузашта онро санҷед 😉👇🏻
https://www.tg-me.com/nomTJbot
https://www.tg-me.com/nomTJbot
https://www.tg-me.com/nomTJbot
Ширкати Apple- ро Стив Ҷопс, Стив Возняк ва Роналд Уейн 1-апрели соли 1976 ташкил кардаанд.

Барои ташкил намудани ин ширкат маблағи калоне лозим буд. Аммо ташкилкунандагон чунин маблағро надоштанд. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо Ҷопс микроавтобус ва Возняк бошад, ҳисобкунак (калькулятор)- и худро мефурӯшанду барои сохтани аввалин компютери ин ширкат шуруъ мекунанд. Дар он замон хариди микроавтобус маблағи зиёде меистод. Ҳисобкунаки Возняк бошад, 500 долларро, ки ба 2000 доллари ҳозира баробар аст, ташкил медод.

Аввалин компютери ин ширкат бо номи Apple – 1 бо маблағи 666,66доллар фурӯхта шудааст.

#далелҳои_ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Мавзӯи 29. Принсипҳо ва қоидаҳои таълим (омӯзиш)

Принсипхо ва коидахои таълим (омузиш).

-------------

Зермавзӯҳо:

1. Муносибати принсипҳо ва қоидаҳо
2. Системаи принсипҳои дидактикӣ

-------------

1.Муносибати принсипҳо ва қоидаҳо

Дидактика пеш…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12895
Канали мо » @donish_su
Чаро дар гӯши навзод азону қомат мегӯянд?

# Савол

Чаро дар гӯши навзод азону қомат мегӯянд? Чаро дар гуши навзод азону комат мегуянд?…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3752
Канали мо » @donish_su
Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме...
Ай Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир зи ту шодмон ояд ҳаме.
©️Рӯдакӣ

#шеър
@donish_su
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
Аҳволи мусофирони дунё чун шуд?

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Оё боре ба худ чунин суол додаед?

Агар Шумо як соли дигар умр медоштед, чӣ корҳоро анҷом медодед?

Пул дар хизмати Шумост ё Шумо дар хизмати пул ҳастед?

Агар донед, ки фардо мемуред, ба худ чӣ гуна суолҳо медиҳед?

Вақте одамон бо ту ҳарф мезананд, дар ҳақиқат гӯшашон мекунед?

Агар имконияти ба тамоми мардуми сайёра ҳарф заданро дошта бошед, дар 30 сония чӣ мегуфтед?

Бе чӣ шумо дигар зиндагӣ кардан намехоҳед?

Охирон бор кай ва барои чӣ гиря карда будед? Оё боре фикр кардед?

Ин суолҳо танҳо барои он буданд, ки фикри Шумо бедор шавад. Ин суолҳоро ба худ диҳед, дӯстон. Натиҷаро хоҳед фаҳмид....

#ҷолиб
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Муносибати принсипҳо ва қоидаҳо

Муносибати принсипхо ва коидахо

-------------

Дидактика пеш аз ҳама кӯшиш мекунад, ки қонунҳои воқеиро кашф намояд, ки алоқаи асосӣ ва зарурии байни ҳодиса ва омилҳои омӯзиш инъикос ёфта бошад. Ин қонунҳо ба муаллимон фаҳмиши…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12897
Канали мо » @donish_su
Холкубӣ кардан дар бадан гуноҳ аст?

# Савол

Холкубӣ кардан дар бадан гуноҳ аст?

Шахсе, ки дар бадан нақши холкубӣ дорад, оё дар намозаш…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3756
Канали мо » @donish_su
Яке бечораву танҳо,
Яке лабташна дар саҳро,
Яке бедард, бепарво,
Аҷаб дунëст ин дунë!

Яке чун моҳие дар шаст,
Яке бепул, яке пулмаст,
Яке бепо, яке бедаст,
Аҷаб дунëст ин дунë!

©️ Лоиқ

#шоҳбайт
@donish_su
Романи "Фирдавсӣ" андешаест рӯи воқеоти таърих, ки гузаштаро бузург медорад, ба дарди имрӯз даво мешавад ва бо саволҳои фардо ҷавоб мегӯяд. Ба ин маънӣ роман ҳам таърихӣ, ҳам кунунӣ ва ҳам дар хизмати оянда.

Шакли савтии китоби мазкур таҳияи Радиои Фарҳанг аст.

Романи "Фирдавсӣ" - и Сотим Улуғзода дар шакли садо дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб 💚
Сармаст ба майхона гузар кардам дӯш.
Пире дидам масту сабӯе бар дӯш.
Гуфтам: «Зӣ Худо шарм надорӣ, эй пир?»
Гуфто, ки «Карим аст Худо, бода бинӯш!»

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Саҳари барвақт ҳангоми хестан аз хоб, мегӯйӣ ки машқи субҳгоҳӣ мекунам, аммо танбалӣ туро намемонад, ки ин амалро иҷро кунӣ. Имрӯз ваъда медиҳӣ ки фардо ҳатман ба назди ҳамсинфонам меравам. Боз худатро фиреб медиҳиву ин амалашро низ иҷро намекунӣ. То ба ягон мушкилӣ дучор нашавӣ, фикри зиндагӣ ва роҳи рост дар сарат намезанад. Чаро?

Намедонӣ магар? Чунки худфиреб ҳастӣ. Ба виҷдонат ваъда медиҳиву иҷрояш намекунӣ. Оқибаташро боре фикр кардаӣ? Ҳеҷ корат барор надорад. То ба кай худатро фиреб медиҳиву зери танқиди дигарон қарор мегирӣ? Мард на онест, ки худфиребу дурӯғгуву ғайбатчӣ бошад. Мард онест, ки худбовар бошад. Ба гуфтаи худ амал карда тавонад. Виҷдонашро идора карда тавонад...

Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Системаи принсипҳои дидактикӣ

Системаи принсипхои дидактики.

-------------

Таърихи дидактика бо хусусияти устуворона, бо саъю кӯшиши татқиқотчиён зоҳир намудани принсипҳои умумии омӯзиш ва дар асоси онҳо аниқ ифодакунии он талаботҳои муҳимро ба назар гирифта, барои муаллимон дар…

Бахш: Педагогика

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12900
Канали мо » @donish_su
Оё аз моли майит закот дода мешавад?

# Савол

Оё аз моли майит закот дода мешавад?

# Ҷавоб

Аз моли майит закот…

Бахш: Ислом – Саволхои исломи

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3758
Канали мо » @donish_su
Умр кам, фазлу адаб бисёр аст,
Касби он кун, ки туро ночор аст.
©️ Абдураҳмони Ҷомӣ

#шоҳбайт
@donish_su
Духтаре пас аз издивоҷ наметавонист бо модари шавҳараш унс бигирад ва ҳар рӯз миёни онҳо ҷангу даъво буд. Оқибат рӯзе духтар бо ҳадафи нопок назди дорусозе, ки дӯсти самимии падараш буд рафт ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки заҳре барояш омода созад, то тавонад модари шавҳарашро ба қатл расонад. Дорусоз гуфт:

— Агар заҳри хатарноке ба ту бидиҳам ва модари шавҳарат дарҳол бимирад, мардум шак хоҳанд кард.

Пас, маҳлулеро аз ҳар гуна гиёҳҳо омода карда, ба ӯ доду фармуд:

— Ҳар рӯз аз он миқдоре ба ғизои пиразан бирез, то оҳиста – оҳиста асар кунад ва саранҷом ӯро бикушад.

Баъд аз он табиб тавсия дод, ки дар ин муддат бо пиразан баҳсу муноқиша накунад ва аз худ рафтори хуб нишон диҳад, то мардум шак набаранд. Зан маҳлулро гирифт ва бо хушҳолӣ ба хона баргашт. Ҳар рӯз миқдоре аз онро ба ғизои модар мерехт ва бо меҳрубонӣ ба ӯ медод. Ҳафтаҳо мегузашту аз меҳру муҳаббати келин рафтори хушдоман низ рӯз аз рӯз беҳтар мешуд, то ҷое, ки модар ҳар ҷо менишаст, васфи хубии келинашро мекард. Ниҳоят рӯзе зан аз амалаш дилреш шуда, назди дорусоз рафт ва гуфт:

— Дигар аз хушдоманам мутанаффир нестам. Ҳоло ӯро монанди модарам дӯст медорам ва намехоҳам, ки бимирад. Хоҳишам ин аст, ки доруи дигаре диҳед, то асари заҳрро аз бадани хушдоманам дур созад.

Дорусоз лабханде заду гуфт:

— Духтарам, ором бош. Он маҳлулеро, ки ба ту дода будам, заҳр набуд, балки аз беҳтарин гиёҳҳои шифобахш омода шуда буд. Заҳр дар зеҳни худи ту буд, ки ҳоло бо ишқу меҳрубонӣ ба модари шавҳарат аз байн рафтааст.

#панд
Манбаъ: www.DONISH.su
@donish_su
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гузерпойро.
©️ Абдураҳмони Ҷомӣ

#шоҳбайт
@donish_su
2024/07/01 02:22:04
Back to Top
HTML Embed Code: