Telegram Web Link
Ин куҳнаработро, ки олам ном аст,
Оромгаҳи аблақи субҳу шом аст.
Базмест, ки вомондаи сад Ҷамшед аст,
Гӯрест, ки такягоҳи сад Баҳром аст.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Одоби Салом

– пок будан;

– савора бар пиёда, истода бар нишаста ва нишаста бар такязада салом кунад;

– он ки хурдтар аст, бояд бар бузургтар ва ақал бар аксар
салом кунад;

– дар салом кардан рӯй хандон ва пешонӣ кушода дорад;

– ба ишорат салом накунад, балки ба лафз (бо овози шунаво) бигӯяд, ки “Ассалому алайкум”;

– чун ду ба якдигар рӯ ба рӯ оянд, вохӯрӣ кунанд.

Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.

Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
З-он пеш, ки ғамҳот шабохун оранд,
Фармой, ки то бодаи гулгун оранд.
Ту зap найӣ, эй ғофили нодон, ки туро.
Дар хок ниҳанду боз берун оранд!

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Гигиенаи системаи асаб

Фаъолияти олии асаб ба шароити муҳити дохилӣ ва берунии организм сахт алоқаманд аст. Хӯроки кам, истироҳати номунтазам, бемориҳои умумӣ ва беҳаракатӣ мумкин аст, кори қишри мағзи сар ва фаъолияти олии асабро вайрон кунанд.

Кори…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12768
Канали мо » @donish_su
Мехоҳед сомонаи худро дошта бошед. Дар ин мақола тарзи Сомонасозӣ бе донистани забонҳои нишонагузорӣ ва забонҳои махсус нишон дода шудааст.

Сомонасозӣ бо CMS Wordpress бо забони тоҷикӣ
👇👇👇
https://donishju.net/omuzishi-somonasozi-tarzi-baqaydgirii-somona/
Эй кошки то абад намирад модар
Ё ҳастии ҷовидон бигирад модар.
Меҳр аст саросару вуҷудаш то ҳаст
Эй кош ки поён напазирад модар

Чун меҳр, бузургу бенишонӣ модар
Ороми дилу азизи ҷонӣ модар.
Эй кош ҳамеша ҷовидон мебудӣ
Он қадр ки хубу меҳрубонӣ модар

#шоҳбайт
Манбаъ: www.DONISHJU.net
@donish_su
Таъсири машруботи спиртдор ба системаи асаб ва кирдори одам. Майпарастӣ ва ҷамъият

Машруботи спиртдор аз меъда ба хун баъди ду дақиқа дохил мешавад. Хун онро ба тамоми ҳуҷайраҳои организм паҳн мекунад. Пеш аз ҳама ҳуҷайраҳои нимкураҳои калони мағзи сар зарар мебинанд. Фаъолияти рефлекси шартии одам бадтар…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12770
Канали мо » @donish_su
#Хушбин_бош!

Маро аз кор озод карданд!

Аз кор рондани шумо набояд сабаби ғусса хӯрдани шумо гардад! Ин метавонад ба он асос шавад то шумо пештар равед ва ягон кори беҳтару ҷолибтарро ҷустуҷӯ намоед, ҳатто ба таври қатъӣ метавонед муҳити кории худро иваз намоед.

Манбаъ: donishju.net/khushbin-bosh
@donish_su
Ашк хоҳӣ, раҳм кун, ҳам ашк бор,
Раҳм хоҳӣ, бар заифон раҳм ор.
©️Мавлоно

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from Parviz Tech (Parviz Tursunov)
QR код чист?

Рамзи QR дар ду самт хонда мешавад (аз ин рӯ онро "штрих-коди дученака" низ меноманд) - горизонталӣ ва вертикалӣ. Он маълумоти бештарро дар худ нигоҳ медорад.

Аз забони англисӣ гирифта шудааст Quick Response — маънои "ҷавоби зуд" -ро дорад.

Дастрасии фаврӣ ба миқдори зиёди иттилоотро фароҳам меорад.

Солҳои 90-уми асри гузашта, ширкати ҷопонии Denso Wave, (Toyota) рамзи наверо эҷод кард, ки метавонист маълумоти бештарро нигоҳ дорад. Ин барои пайгирии шумораи мошинҳои истеҳсолшуда ва қисмҳои эҳтиётии онҳо анҷом дода мешуд.

Соли 1994 аввалин коди QR ҷорӣ карда шуд. Он метавонист то 7 ҳазор аломатро рамзгузорӣ кунад ва нисбат ба штрих-код 10 маротиба тезтар хонда метавонист.

Соли 2002 аввалин телефонҳои мобилӣ бо сканери дарунсохташудаи QR дар бозори Ҷопон бароварда шуданд.

Дар расм ихтироъкори коди QR Масахиро Хара

@parviztech
Нашъамандӣ ва оқибатҳои он

Нашъаманди ва окибатхои он.

Нашъамандӣ ҷараёнест, ки гурӯҳи махсуси моддаҳои кимиёвӣ имконияти заҳролуд кардани организми одамро доранд.

Хатарнокии ин моддаҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо мубодилаи моддаҳоро вайрон намуда, худ барои организм чизи…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=12772
Канали мо » @donish_su
Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.
В-ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф
Месозаду боз бар замин мезанадаш.

#Рубоиёти_Хайём
@donish_su
Достони кӯтоҳе аз чанд соли қабл, ки дар саҳифаи дигарам нашр карда будам:

Накле аз дустам Фарход, ки дар Екатеринбург муким аст.
Вақте равонаи ҳаҷ будем дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав ҷавони русеро дидам, ки либоси нимҳарбӣ ба тан дошт ва кунҷе нишаста буд. Пайваста китоб мехонд ва ба касеву чизе эътибор намедод. Нигоҳи мо барои сонияе ба ҳам хурд ва бо дидани чашмонаш намедонам аз куҷо ва бо чӣ сабабе фикре дар сарам пайдо шуд, ки агар аз мардумони ин замон касе биҳиштист, пас бегумон ҳамин ҷавон аст. Ҷозибаи аҷибе маро сӯи ӯ мехонд, аммо аз рафтан ба наздаш худдорӣ кардам. Вақти нишастан ба тайёра ҳамон ҷавонро дар он нишаста дидам ва дарёфтам, ки аз русҳои мусалмоншуда аст. Баъдан чанд бори дигар ҳангоми иҷрои маносики ҳаҷ вохурдамаш. Пайваста ё сараш рӯи китоб хам буд ё дар даст тасбеҳ зикр мекард. Ҳарчи кӯшидам бо ӯ шинос шавам, ба чузъ аз алейк гирифтан ба саломам эътиное ба ман намекард. Ман ҳам ҳеҷ баҳонае барои сӯҳбат наметавонистам пайдо кунам.
Вақти бозгашт бояд дар Урдун ба тайёраи дигаре менишастем, аммо бо кадом сабабе вақти парвози моро то ними шаб мутаваққиф карданд. Рохбаладон бо мусофирбаре моро ба кадом қароргоҳи мусофирбарҳо бурданду ҳамонҷо раҳо карданд. Дар наздики ҳеҷ ошхона ва маҷозае вуҷуд надошт ва танҳо чизе, ки ба мардум дастрас буд, чое буд, ки дарбони ҳамон корхона бароямон дам мекард. Бо дӯсте ба ҷустуҷӯи мағоза рафтем. Дарбон теппаеро нишон дода гуфт, ки пушти он деҳае хаст, ки мағоза дорад. Болои он теппа ҳамон ҷавони русро вохӯрдем. Гуфт, ки он ҷо чизе нест, баргардед. Гуфтамаш бо мо биё, пайдо мекунем. Аз пайдо шудани имкони шиносоӣ бо ӯ хеле шод шудам.
-Номам Аҳмад, – дасти маро бо як меҳрубонии аҷибе фишурда, гуфт ӯ.
-Дар Чеченистон хизмат кардаи ё Афғонистон?
-Чаро, барои мусалмон шудан, ҳатман бояд дар Чеченистон хизмат кунӣ?
-Пас чӣ тавр мусалмон шудӣ?
-Вақте ҳақиқатро бароям нишон доданд, қабулаш кардам - хангоми сӯҳбат кардан табассум ҳаргиз аз лабонаш канда намешуд.
Дар роҳ асберо вохӯрдем. Аҳмад аз кисааш чанд дона қанд бароварду ба назди асб рафт ва гӯё он асб аз худаш бошад, бо меҳрубонӣ навозишаш мекарду қанд мехӯронд. Мо мунтазираш нашуда, ба роҳамон давом додем. Каме пас марди арабе аз пешамон баромад. Гоҳе бо забони русӣ, гоҳе тоҷикӣ ва ҳатто узбакӣ ҳарф мезадем, то мақсадамонро фаҳмонем, аммо бе натиҷа. Ҳатто ишораҳоямонро, ки мехоҳем мағоза ё ошхонае пайдо кунем, намефаҳмид. Ин вақт Аҳмад расид ва... во аҷабо, бо забони фасеҳи арабӣ ба сухан кардан даромад. Хеле бо он араб сӯҳбат кард ва мо ҷузъ бо даҳони воз тамошо кардани онҳо коре надоштем. Араб роҳи мағозаро ба мо нишон дод. Аз нақли Аҳмад маълум шуд, ки он араб хидматгоре будааст ва хеле афсӯс хӯрдааст, ки имкони меҳмондорӣ кардани моро надорад.
Дар бозгашт Аҳмад боз ба назди он асб рафт ва аз кисааш қанд баровард. Қанди арабӣ. Қанде, ки махсус барои он асб харида будааст ва мо ҳатто хабар наёфта будаем...
...Хӯрокҳои овардаи моро мардум дар як мижа задан тақсим карду хӯрд...
Ҳамрохи Аҳмад ҷавони руси дигаре ҳам буд, ки мо “доктор”-аш мехондем. Сабаби чунин лақабро гирифтанаш ин буд, ки ҳар касе аз дарде шикоят мекард, “Доктор” дархол аз паси борхалтааш, ки ҳама намуди доруро дошт, мерафт ва ба табобат мепардохт. Аз доруҳояш дида суханонаш малҳами ҷони мардум мешуд. Ӯ дар асл ҳеҷ маълумоти тиббие надоштааст... Хеле ҳалим, сухандон ва хоксор буд. Дар ҳар коре пешсаф ва ҳар ҷое хидмате лозим мешуд, дар сафи аввал буд.
Баъди нисфирӯзӣ дохили мусофирбар хоб будам ва нафаре омаду маро бедор кард. Гуфт, ки арабе омадааст ва хӯрок тақсим мекунад. Гуфтам намехоҳам. Аммо ӯ исрор кард, ки он араб мехоҳад ҳамаро як ба як зиёрат кунад.
Он араб соҳиби ширкати мусофиркашони будаасту барои таъмири мусофирбархояш ба ҳамин корхонае, ки мо онҷо будем меомадааст. Бо шунидани ин ки хоҷиён онҷо бе обу нон дармондаанд барои 120 нафар дар халтачаи алоҳида зиёфат овардааст. Зиёфате, ки дар Саъуди ҳам надида будем...
Баъди тақсими ҳадяҳояш, он араб бо забони фасеҳи русӣ пурсид, ки оё касе аз Санкт-Петербург ҳаст? Доктор дарҳол бархост. Араб нишонии хонаи Докторро пурсид ва аз шунидани ҷавобаш хушҳол шуду гуфт, ман дар он наздикӣ зиндагӣ кардаам. Сипас ба нақл пардохт: Дар донишгохи тиббӣ таҳсил мекардам ва хонаеро ба иҷора гирифта будам. Боре ба хонааам миллатчиҳои рус ҳамла оварданд ва ба лату кӯби ман оғоз карданд. Шояд мекуштанд, аммо ҷавони русе, ки як ошёна поёнтар зиндагӣ мекард ба мадади ман шитофт ва наҷотам дод. Баъди рафтани скинхедҳо аз ҷавон пурсидам, ки ба ивази некиаш чӣ хидматеро барояш метавонам анчом диҳам? Гуфт, ки чизе лозим нест, ҳаққи ҳамсоягӣ аст. Аммо ман пайваста меандишидам, ки чӣ туҳфае арзанда барояш метавонам ҳадя кунам. Дар охир ба хулосае омадам, ки ҳеҷ тӯҳфае арзандатар аз ҳақиқати илоҳӣ нест. Ӯро ба ислом даъват кардам. Зудтар аз он ки мепиндоштам пазируфт. Хеле дар омӯзиши аҳкоми илоҳи ҳарис буд. Мисли як бародари чони дусташ медоштам. Аммо мутаассифона замони таҳсили ман ба анҷом расида буд ва ман ӯро ба Худо супоридаму ба ватан омадам.
Сипас он араб ба “Доктор” нигаристу гуфт: -Ту дар он наздики будаи, шояд уро шиносӣ. Номаш Андрей, насабаш Сорокин.
“Доктор” аз ҷояш парид, ба дар ҳоле, ки аз хурсандӣ мешукуфт, гуфт: Ӯ устоди ман аст. Ӯ маро ба ислом овардааст ва... ва холо ҳамин ҷост.
Сукуте яклаҳзаина ҳама ҷоро фаро гирифт. Араб дар ҳоле, ки чашмонаш нам гирифта буданд, гуфт: -Ин аслан мумкин нест.
“Доктор” бе он, ки ҳарфе занад ба тарафи мусофирбар давид ва дақиқае пас аз он бо Ахмад берун омад. Араб ҳам бо дидани ӯ ба сӯяш тохт. Аҳмад сонияе ҳайратзада истод, сипас устодашро шинохту ба истиқболаш шитофт. Онҳо дар ҳоле, ки ашки чашмонашон шашқатор ҷорӣ буд мисли ду бародари хунӣ, на, мисли падару писаре, ки солҳо дар фироқ сӯхтаанд, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Ин саҳнае диданӣ ва фаромушношуданӣ буд. Тамоми 120 ҳоҷӣ, ки онҷо буданд беист ашк мерехтанд.
Араб Ахмадро бурд. Бегох, замоне ки бояд сӯи фурӯдгоҳ ҳаракат мекардем араб боз барои якояки мо хӯрок овард. Мо, ки ҳанӯз тӯҳфаи қаблиашро масраф накарда будем ва бояд ҳаракат мекардем, хоҳиш кардем, то онро ба ҷои дигаре барад. Аммо ӯ исрор варзид, ки қабул кунем, сипас метавонем бо худ бубарем, метавонем партоем. Мо ҳам чорае чузъ қабул кардан аз дасташ надошт. Борҳоямон, ки зиёд буданд ва нархи бурдани бор дар тайёра ҳам, ки гарон аст, касе он тӯҳфаҳоро бо худ нагирифт. Ҳамаашро ба дарбон супоридем. Худо дарбонро ҳам, ки тамоми рӯз бароямон чой дам мекард, бенасиб раҳо накард...
Ҳангоми савор шудан ба тайёра барои бори изофа аз меъёрам пул месупоридам, ки Аҳмадро дидам як панчоҳрублӣ дар даст аз мардум мепурсад: “Бародарон, кӣ 2 доллар дорад, хоҳиш мекунам иваз кунед”. Ман 2 доллар барои бори ӯ ба хазина пардохт кардаму рафтам. Тайёра дуқабата буд ва маро ба қабати 2-юм бароварданд...
Аз Маскавбо 2 нафари дигар бояд ба Екатеринбург парвоз мекардем, аммо барои борамон маблаги зиёд талаб карданд. Маҷбур шудем як нафарро ба тайёра шинонему 2 нафар бо қатора равем. Вақти харидани чипта дар истгоҳи роҳи оҳан тасодуфан Аҳмадро дидам, ки ҳамон панҷоҳрублӣ дар дасташ касеро меҷуст. Фарёдаш кардам. Бо дидани ман ӯ аз хурсандӣ дастонашро ба ду тараф боз карда сӯям давид. Дар ҳоле, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд, маро ба оғӯш кашиду бо садои ларзони омехта бо хандаву гиря гуфт:
- Бародари ҷон, куҷо будӣ? Ман тайёраро даҳ бор гаштам, тамоми фурӯдгохро ҷустам, пайдоят накардам.
Панҷохрублиро ба дастам гузошту оҳи сабуке кашид.
- Барои ҳамин маро меҷустӣ?
- Бале, нахостам ба қиёмат монад.
Гулӯямро буғз фишурд. Ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Наздик буд аз по бияфтам. Худованд ба ман неъмате ба ин бузургӣ ато карда буд, ки мусалмоне воқеиъро дар баробарам бубинам. Ва ӯро бо худ ва миллионҳо мусалмони дигар, ки ҳафтод пушташон мусалмон буда, қиёс кунам. Войи мусалмонии мо...
- Бародарчон, ин ҳадя буд, ба хотири Худо пардохта будам.
- Ту ҳозир чунин мегӯӣ, аммо дар рӯзи маҳшар аз гиребонам хоҳӣ гирифт. Он рӯз инсон ба падару модар ва зану фарзандаш раҳм намекунад, чӣ расад ба як бегона...
Қалбам пур аз меҳр ба ин ҷавони рус шуда буд. Ҳаргиз ҳеҷ инсонеро ба ин ҳад дӯст надошта будам. Ҳазорҳо бор афсӯс мехӯрам, ки чаро ҷуръат накардам дар аввалин дидан сӯяш раваму шинос шавам, то ин як моҳи ҳаҷ бо ӯ бошаму аз баракоташ истифода кунам...
Аҳмад аз хазинадоре, ки ба мо чипта менавишт пурсид:
- Ман 650 рубл дорам, метавонам то Санкт Петербург биравам? Агар рост истода ҳам бошад, кабул аст.
Хазинадор гуфт на, имкон надорад. Ба ӯ гуфтам то бубинад, беҳтарин ҷой дар беҳтарин вагон ҷӣ қадар нарх дорад. Гуфт ду хазору чанд рубл. Шиносномаи Аҳмадро аз дасташ рабудаму ба хазинадор дароз карда гуфтам, ки нависад. Аҳмад бо шиддат инкор кард. Гуфт:
- Ман барои панҷоҳ рубл ин қадар заҳмат кашидам, ту боз мехоҳӣ маро қарздор кунӣ?
- На, бародар, ин ҳадя аст, хоҳиш мекунам, қабул кун.
Кабул накард. Ҳарчанд дукаса илтимос кардем, нашуд. Гуфтам, дӯстеро, ки ҳамроҳам ҳаст шоҳид мегирам, ки ҳадя аст, дар қиёмат даъво нахоҳам кард. Боз ҳам қабул накард. Хазинадор ва чанд нафари дигар, ки дар навбат истода буданд, бо шавқ моро тамошо мекарданд. Ҳар лаҳза Аҳмад ба хазинадор муроҷиъат мекард, ки “верните мой паспорт”. Аммо ӯ ҳам танҳо табассум мекард ва шиносномаро барнамегардонд. Ниҳоят Аҳмад гуфт, танҳо бо як шарт розӣ хоҳад шуд. Гуфт, ки шиносномааро диҳам. Шиносномаро гирифту дар дафтарчааш ному насаб ва рақами шиносномаамро навишт. Рақами телефонамро ҳам ҳамонҷо сабт кард. Сипас ба хазинадор гуфт, ки чиптаи арзонтар нависад...
Вақте қатораи мо ба вилояти Свердловск даромаду телефонамро гирон кардам, ҳамон замон паёмаке омад: “Ба шумо аз шахри Санкт-Петербург 1350 рубл фиристоданд”...

Абдуманнон Шералиев
#Хушбин_бош!

Маро аз донишгоҳ хориҷ карданд!

Аз хориҷ шудан аз донишгоҳ ҳама донишҷӯён метарсанд. Бале, нофорам аст, бо шумо розӣ ҳастам, вале ин фалокат нест, балки имконият аст то аз нав фикр кунед ва ба коре машғул шавед, ки дар ҳақиқат барои шумо ҷолиб бошад. Инчунин метавонед тамоман ба дигар факулта дохил шавед!

Манбаъ: donishju.net/khushbin-bosh
@donish_su
2024/09/21 10:57:49
Back to Top
HTML Embed Code: