Telegram Web Link
Фазилати зикри Худо

Бош доим, эй писар, бо ёди ҳақ,
Гар хабар дорӣ зи адлу доди ҳақ.

Зинда дор аз зикр субҳу шомро,
Дар тағофул магзарон айёмро.

Ёди ҳақ омад ғизо ин рӯҳро
Марҳам омад ин дили маҷрӯҳро.

Ёди ҳақ гар мӯниси ҷонат бувад,
Кай ҳавои коху айвонат бувад.

Гар замоне ғофил аз раҳмон шавӣ,
Андар он дам ҳамдами шайтон шавӣ.

Мӯмино, зикри Худо бисёр гӯй,
То биёбӣ дар ду олам обрӯй,

Зикрро ихлос мебояд нахуст,
Зикри беихлос кай бошад дуруст.

Зикр бар се ваҷҳ бошад бехилоф,
Ту надонӣ ин суханро аз газоф.

Омро набвад ба ҷуз зикри забон,
Зикри хосон бошад аз дил бегумон.

Зикри хосалхос зикри сир бувад,
Ҳар кӣ зокир нест, ӯ хосир бувад.

Ҳамди холиқ бар забон рон, эй писар,
Умр то барбод надҳӣ сарбасар.

Лаб маҷунбон ҷуз ба зикри кирдигор,
3-он ки поконро ҳамин будаст кор.

#Пандномаи_Аттор
Манбаъ: www.DONISHJU.net/zikri-khudo
@donish_su
Васиятҳои Луқмони ҳаким ба фарзандаш

Намозро ҳамон гуна, ки шоиста аст ба ҷо ор.

Насиҳату андарзи дигаронро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун.

Дар муқобили пешомадҳо шакибо бош!

Аз мардум рӯй нагардон ва бо онҳо беэътино набош!

Бо мардум бо ғуруру такаббур рафтор накун!

Дар маҷолис ангушт дар бинӣ наяндоз!

Розу асроратро назди худ нигоҳ дор!

Дӯстро дар ҳангоми сахтӣ озмоиш кун!

Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!

Бо донишмандон ҳамроҳ бош!

Дар касб ва кори нек ҷиддӣ бош!

Бар кӯтаҳфикрону заифон эътимод накун!

Бо оқилони имондор ҳамеша машварат кун!

Сухани санҷидаро баён кун!

Дӯсту ёронро эҳтиром кун!

Бо дӯсту душман хӯшахлоқ бош!

Харҷатро камтар аз даромадат дошта бош!

Ҷавонмардӣ ва гузаштро пеша кун!

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/lukmon
@donish_su
Макун, ки оҳи фақире шабе бурун ояд,
Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.

Зи тири оҳи ятимон магар наметарсӣ?
Фиғону нола ба Аршу малоик андозад.

Ҳазар намой аз он нолаи саҳаргоҳӣ,
Ки гар ба кӯҳ занад, равзанае дар он созад.

Ба вақти нимишабӣ гар бигуяд: «Эй Аллоҳ!»,
Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.

Ҳазор ҷафшани фулод гар бипӯшӣ ту,
Зи оҳи гарми фақире чу мум бигдозад.

Матоз бар сари мазлуми сокин, эй золим,
Ки дасти фитнаи айём ба сарам тозад.

Агар биҳил накунад соили ситамдида,
Ҷазодиҳанда туро дар ҷаханнам андозад.

Зи бари ҷаври лаимон манол Абдуллоҳ
Ки гар хасе бизанад, Кирдигор бинвозад.

Абуалӣ ибни Сино

Манбаъ: www.DONISHJU.net/sino
@donish_su
Васиятҳои Луқмони ҳаким ба фарзандаш

То метавонӣ бо меҳмон меҳрубон бош!

Дар ҳангоми сухан гуфтан матин ва ором бош!

Ба кам хӯрдану кам гуфтан ва кам хуфтан худатро одат бидеҳ!

Ноомӯхта устодӣ накун!

Бо заъифон ва кӯдакон сирри худро дар миён нагзор!

Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!

Аз бадон интизори некӣ ва мардонагӣ надошта бош!

Коре накун, ки ҷоҳилон бо ту ҷуръати густохӣ пайдо кунанд!

Фарзандам ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро ба Худованд шарик насоз.

Ба ҷуз Худованд ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро фармонраво ва фарёдраси хеш машмор!

Вуҷуди падару модаратро ғанимат бишмор!

Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор!

Сарчашмаи зиштиҳоро дунёпарастӣ ва мастӣ ва нодонӣ бидон!

Агар биҳиштро металабӣ аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун!

Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон!

Дар мол ва мақоми дигарон тамаъ накун!

Бо Худованд содиқ ва бо мардум боинсоф бош!

Дар ҳузури меҳмон бар касе хашм нагир!

Меҳмонро бар ҳеҷ коре дастур надеҳ!

Аз пеши дигарон ғизо ва мева барнадор!

Дар роҳ рафтан аз бузургон пешӣ нагир!

Аз мурдагон ба некӣ ёд кун!

Аз ҷангандозӣ ва хусумат парҳез кун!

Аз хостаҳои нобаҷои зан ва фарзандон пайравӣ накун!

Ҳурмати ҳар касро дар ҳадди худ нигоҳ дор!

Ҳеҷ касро пеши дигарон хиҷил ва расво накун!

Бо чашм ва абрӯ бо дигарон сухан нугӯ!

Ҳеҷ гоҳ покон ва парҳезгоронро ғайбат накун!

Худхоҳ ва мутакаббир набош!

Кори хуби дигаронро кори худ нишон надеҳ!

Бо падару модарат беҳтарин рафторро ихтиёр кун.

Бидон, ки ҳеҷ чиз аз Худованд пинҳон намемонад.

Бо мардум ором сухан бигӯ ва фарёд назан!

Андарзеро, ки ба дигарон медиҳӣ худат бештар амал кун!

Суханро ба андоза бигӯ!

Ҳаққи мардумро ба хубӣ адо кун!

Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бишумор!

Марди дунё ва ҳам марди охират бош!

Дар маҷолис чашм ва забонро аз гуноҳ боз дор!

Назофатро ҳеҷгоҳ фаромӯш накун!

Дӯстон ва ҳамкешонатро ҳеҷгоҳ тарк накун!

Фарзандонатро дониш ва диндорӣ биёмӯз!

Ҳеҷ кореро пеш аз андеша ва тадбир анҷом надеҳ!

Кори нокардаро кардаи худ надон!

Бо бузургтар аз худ мазоҳ накун!

Бо бузургон сухани тӯлонӣ нагу!

Ҳолати хастагиро дар ҳузури дигарон зоҳир накун!

Дар роҳ рафтан миёнарӯ бош!

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/lukmon
@donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
Ҳар тоҷик бояд ҳар рӯз ду соат китоб хонад.

Садриддин Айнӣ
Як марди олус (чашмкаҷ) барои додхоҳӣ ба назди подшоҳ омад. Подшоҳ ба ҷои шунидани арзу дод он мардро изо доданӣ шуда пурсид:

- Ба назари олусҳо ҳар як чиз дуто менамояд мегӯянд, ҳамин гап рост?

Олус дархол ҷавоб дод:

- Ҳо, тақсир! Масалан, хозир шумо ба назари ман чорпо менамоед!

#Ҳазл
Манбаъ: www.DONISHJU.net/latifaho

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Суръат ва фанноварӣ маъное надорад, агар дар галаи гӯсфандон бошед.

#тафаккур
@donish_su
Чаҳор чиз баданро ба ҳалокат мерасонад:

1. Андӯҳ, яъне ояндаро фикр карда ғусса хӯрдан;
2. Ғам, яъне ба гузашта ғусса хӯрдан;
3. Гуруснагӣ;
4. Саҳар кардан, яъне шаб то рӯз хоб накардан.


Манбаъ: www.DONISHJU.net/chahor-chiz
@donish_su
Forwarded from АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 (Абдурашид Қаюмзод)
Беарзиштарин навъи ифтихор, ифтихор ба доштани вижагиҳое аст, ки худи инсон дар доштанашон ҳеҷ нақше надорад. Мисли чеҳра, қад, ранги чашм, миллат, сарвати хонаводагӣ ва хеле чизҳои дигар...
Аз чизҳое, ки худатон ба даст овардаед, ҳарф бизанед. Монанди инсоният, шуур, меҳрубонӣ, садоқат ва ...

Одамиро, одамият лозим аст,
Удро гар бӯ набошад, ҳезум аст.
Панду андарз аз Саъдии Шерозӣ

1. Мол аз баҳри осоиши умр аст, на аз баҳри гирд овардани мол!

2. Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахт чист? Гуфт: “Некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт (монда рафт).

3. Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва сайъи бефоида карданд: яке он, ки мол андӯхту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.

Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

На муҳақиқ бувад, на донишманд,
Чорпое, ки бар ӯ китобе чанд!

Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/sadii-sherozi
@donish_su
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Шаҳре, ки мардумаш китобро муқаддас медонанд ва рӯзгорашонро бо китоб зебо мекунанд ва деворҳояшонро низ бо расми китоб оро медиҳанд, мушаку паҳпод ҳам дораду барқ ҳам, илм ҳам дораду фановарӣ ҳам…
Чаҳор чиз баданро қавӣ мекунанд:

1. Пӯшидани мулоим;
2. Даромадани ҳаммоми мӯътадил;
3. Хӯрдани таоми ширини равғандор;
4. Бӯй кардани хушбӯиҳо.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
@donish_su
Панду андарз аз Саъдии Шерозӣ

4. Олими парҳезгор — курест машъалдор!

Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт.
Чизе нахариду зар биандохт.

5. Раҳм овардан бар бадон — ситам аст бар некон ва авф кардан аз золимон — ҷабр аст бар мазлумон.

6. Ҳар кӣ бо душманон сулҳ мекунад, сари озори дӯстон дорад3.

Бигирӣ, эй хирадманд, аз он дӯст даст,
Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.

7. Сухан дар миёни ду душман чунон гуӣ, ки агар дӯст шаванд шармзада набошӣ!

Миёни ду кас ҷанг чу оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

#панд
Манбаъ: www.DONISHJU.net/sadii-sherozi
@donish_su
Чаҳор чиз оби рӯйро меравонад ва инсонро рӯйхунук мекунад:

1. Дурӯғ;
2. Бешармӣ;
3. Пурсидан бе зарурат, яъне гадоӣ;
4. Гуноҳи бисёр.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Намуди зоҳирӣ ҳангоми камхобӣ чунин тағйир меёбад - нишон додааст ширкати Simba, ки бо омӯзиши хоб машғул аст.

Камтар аз 7 соат хобидан (дар як шабонарӯз) боиси пайдошавии ожанг, хушкӣ ва доғҳои сиёҳи зери чашм мегардад. Сабаб дар он аст, ки ҳуҷайраҳо барои барқароршавӣ вақти кофӣ надоранд.

P.S.: Вақте шабона шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаред ё силсилафилмҳоро тамошо мекунед ин аксҳоро ба ёд оред.

#маълумот
@donish_su
Чаҳор чиз обурӯйро зиёд мекунад:

1. Мардигарӣ;
2. Вафо;
3. Дасткушодӣ ва карам;
4. Тақво.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Forwarded from ФОНУС (fonews)
ҶОМЕАИ БЕРАҲМ
...Вақтҳои охир фикр мекунам, ки ҷомеаи мо хеле ва хеле бе раҳму шавкат мешавад.
I
Як рӯз бозор равам, дар қуттиҳо чӯҷа мефурӯшанд. Як чӯҷа 10 сомонӣ. Ҳайрон шудам, ки дар бозори байни шаҳр чӯҷаро кӣ мехарад? Гуфтанд, инро барои кӯдакон мехаранд. Боз пурсидам, ки кӯдакон чӯҷаро чӣ кор мекунанд? Бозӣ мекунанд, гуфт чӯҷафурӯш.
Тасаввур кунед, ки волдайн барои кӯдаконашон чӯҷаи зинда мехаранд, ки 1 ё 2 рӯз яъне то лаҳзаи маргашон кӯдак бо онҳо бозӣ кунад.
II
...Имрӯзҳо дар бозор лаганд-лаганд ғӯра ба фурӯш гузоштааст. Инсонҳо чунон бераҳманд, ки меваи хомро канда ба бозор бароранд, то ки сарторикҳо хумор бишкананд.
-Шумо инсоф доред? – мепурсам, аз яке.
-Ака килои ғӯра 60 сомонӣ, зардолу 10 сомонӣ мешавад, - мегӯяд, бепарво ғӯрафурӯш...
...Нагуфтам, ки ҷомеаи мо бераҳму шавкат мешавад... На ба ҷисми зинда раҳм ҳасту на ба мурда...
Ужас!

Аз саҳфаи фейсбуки Одили Нозир
Имрӯз бикуш, ки метавон кушт,
К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт.
Магзор, ки зеҳ кунад камонро!
Душман чу ба тир метавон дӯхт.

Дар сухан бо дӯстон оҳиста бош!
То надорад душмани хунхор гӯш.
Пеши девор он чӣ гуӣ, ҳуш дор!
То набошад дар паси девор гӯш.

© Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
Манбаъ: www.DONISHJU.net/sadii-sherozi
@donish_su
Чаҳор чиз сабаби бад дида шудан мегардад:

1. Кибр;
2. Ҳасад;
3. Дурӯғ;
4. Хабаркашӣ.

Манбаъ: www.DONISHJU.net

Бо мо ҳамроҳ бошед 👉🏼 @donish_su
2024/09/21 17:11:39
Back to Top
HTML Embed Code: