Telegram Web Link
Forwarded from ДОНИШ (Mohammad)
Куҳандиёро! Диёри ёро! Дил аз ту кандам, вале надонам,
Ки гар гурезам, куҷо гурезам ва гар бимонам, куҷо бимонам?
©️Нодири Нодирпур

#шоҳбайт
@donish_su
Forwarded from АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊 (Абдурашид Қаюмзод)
Пурсид: Чи гуна аст, ки хелеҳо ҳеҷ намозе намехонанд, аммо ба балое гирифтор намешавад?
Гуфт: Магар балое бузургтар аз тарки намоз ҳаст?


АЗ ҲАР ЗОВИЯ
Forwarded from ФОНУС (fonews)
Чинидухтараки қашанге одати аҷиб доштааст: шабона ҳангоми хоб гушандоз дар гуш мусиқӣ гуш мекардааст. Ин одат, ки ду сол идома доштааст, билохира сабаби кар шудани ӯ гаштааст.

Зимнан, табибон барои ҳамтақдири ин бону нашудан чанд тавсия медиҳанд:
▪️дуру дароз мусиқӣ, ки баландии овози он аз 60 детсибел боло бошад гуш накардан
▪️гуш накардани мусиқии баланд бо гушандоз ё бидуни он бештар аз 60 дақиқа
▪️гуш накардани мусиқӣ, ки баландии овозаш бештар аз 60% бошад.

Шумо одати дуру дароз гуш кардани мусиқӣ доред?

👍- бале
👎- не
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Чӣ гуна пеши роҳи занони бадахлоқ гирифта шавад?

Андешаи Шоира Раҳимҷон


چه گونه پیش راه زنان بداخلاق گرفته شود؟

اندیشه شاعره رحیم‌ جان

@kitobkhon2021
Романи "Гузашти айём" ҳодисаву воқеаҳои солҳои сиюм ва аввали чилумро дар бар мегирад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷумъа Одина соли 1978 романи «Гузашти айём»-ро навишт, ки рӯҳия ва мундариҷаи он ба сиёсати ҳукумати давр чандон созгор набуд. Романро нашриёти «Ирфон» чоп карда бошад ҳам, ба дасти хонандагон нарасид. Соли 1989 роман бори дигар аз тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ расид ва муаллиф, пас аз маргаш, соли 1990, сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардонда шуд.
Аз "Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон"

Гузашти айём"-и Ҷумъа Одинаев дар шакли садо дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб
Оё ҳезуми мазорро дар хона алов кардан мумкин аст ё не?

# Савол

Оё ҳезуми мазорро дар хона алов кардан мумкин аст ё не?

# Ҷавоб

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3664
Канали мо » @donish_su
Романи таърихии Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон», ки қаҳрамони асосияш Амир Исмоили Сомонӣ мебошад, бо такя ба осори таърихнигорону олимон ва адибони давраи Сомониён нигошта шуда, асари пурмуҳтавои дорои суҷаи ҷолибу хонданист ва дар тарбияи завқи бадеии хонанда, худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик, дарки ифтихори миллию ватандорӣ арзишу моҳияти калон дорад.

Авҷи ҳунари нависандагии Муҳаммадзамони Солеҳро ба романи таърихии ӯ «Девори Хуросон» бастагӣ медиҳанд. Ин роман аз тарафи мунаққидон ва хонандагон баҳои баланд гирифта буд. Бахусус бобҳои охири «Девори Хуросон»-ро саропо таҳлили як нависанда не, балки таҳлили як файласуф равоншинос ва таҳлили як андешаманд медонанд, ки воқеан ҷомеаи худро дарк карда буд ва медонист, ки барои ин ҷомеа чӣ бояд кард.

«Девори Хуросон» - и Муҳаммадзамони Солеҳ дар шакли садо дар зер
👇🏻👇🏻👇🏻
Китобҳои савтӣ | Аудиокитоб
Аз қабристон мева хӯрдан ҷоиз аст ё не?

# Савол

Аз қабристон мева хӯрдан ҷоиз аст ё не? Аз кабристон мева хурдан чоиз аст ё не?…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3666
Канали мо » @donish_su
Иди Рамазон – 2024 (сана ва нияти намози иди Рамазон)

Дар ин мақола маълумот дар бораи Иди Рамазон, санаи дақиқи таҷлили Иди Рамазон 2024, иди Рамазон дар байни халқи тоҷик, вакти намози иди Рамазон, тарзи хондани НАМОЗИ ИДИ РАМАЗОН ва нияти намози иди Рамазон…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=3741
Канали мо » @donish_su
Маълумот дар бораи шаби лайлатуль кадр 2024

Дар ин мақола маълумот дар бораи шаби кадр, шаби лайлатул қадр, шаби қадр, шаби лайлатуль кадр 2024 маълумот оварда мешавад.

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donishju.net/?p=10467
Канали мо » @donish_su
Иди Рамазон муборак! Иди Фитр – Табрикнома

Дар ин саҳифа табрикнома барои Иди саиди Фитр, Иди Рамазон муборак 2024 оварда мешавад. Якчанд табрикот барои иди Рамазон аз сомонаи www.DONISH.su барои шумо, метавонед истифода баред >>

Бародарони азиз! Ҳамаи шуморо бо фарорасии…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=7226
Канали мо » @donish_su
Иди Рамазон 2024 (Нияти намози иди Рамазон)

Дар ин мақола маълумот дар бораи Иди Рамазон, санаи дақиқи Иди Рамазон барои соли 2024, тарзи хондани намози Иди Рамазон ва нияти Иди Рамазон оварда мешаванд. То охир мутолиа намоед!

-------------

Иди Фитр идест,…

Муфассал хонед 👉🏼 https://donish.su/?p=6311
Канали мо » @donish_su
Иди Рамазон дар Точикистон 2024 кай мешавад? Намози ид

# Савол

Иди Рамазон дар Точикистон / Тоҷикистон 2024 кай мешавад? Иди Рамазон кай мешавад? Намози ид кай хонда…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=2984
Канали мо » @donish_su
ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲО

Дасти одамизод гул.

Намур бузакам, баҳор мешавад.

Ҷӯянда — ёбанда.

Моҳ бе айб намешавад.

Кудак азиз аст, адабаш аз он азизтар.

Забон донӣ, ҷаҳон донӣ.

Пурсидан айб нест.

Дӯст гуяд табарвор, душман гуяд шакарвор.

Аз дӯсти нодон душмани доно беҳтар.

Гап дар калла, на дар салла.

Сад задани сузангар, як задани оҳангар.

Манбаъ: www.DONISHJU.net/zarbulmasal

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Чаҳор чиз одамро фараҳ меорад:

1. Назар кардан ба кабудизор;
2. Назар кардан ба оби ҷорӣ;
3. Назар кардан ба маҳбуб;
4. Назар кардан ба меваҳо.

Манбаъ: www.DONISHJU.net/chahor-chiz

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Оё закотро ба шахси маҳбус додан ҷоиз аст?

# Савол

Оё закотро ба шахси маҳбус додан ҷоиз аст? Оё закотро ба шахси махбус додан чоиз аст?…

Муфассал хонед 👉🏼 https://savoltj.com/?p=3668
Канали мо » @donish_su
Фоидаҳои хомӯшӣ – Панду андарз

Эй бародар, гар ту ҳастӣ ҳақталаб,
Ҷуз ба фармони худо макшой лаб.

Гар хабар дорӣ зи ҳайи лоямут,
Бар даҳони худ бинеҳ муҳри сукут.

Эй писар, панду насиҳат гуш кун,
Гар наҷоте боядат хомӯш кун.

Ҳар киро гуфтор бисёраш бувад,
Дил даруни сина бемораш бувад.

Оқилонро пеша хомӯшӣ бувад.
Пешаи ҷоҳил фаромӯшӣ бувад.

Хомӯшӣ аз кизбу ғайбат воҷиб аст,
Аблаҳ он ки ӯ ба гуфтан роғиб аст.

Эй бародар, ҷуз санои ҳақ магӯ,
Қавли худро аз барои дақ магӯ.

Ҳар кӣ дар банди иморат мешавад,
Ҳарчи дорад, ҷумла ғорат мешавад.

Дил зи пур гуфтан бимирад дар даҳан,
Гарчи гуфтораш бувад дурри Адан.

Он ки саъй андар фасоҳат мекунад,
Чеҳраи дилро ҷароҳат мекунад.

Рав, забонро дар даҳон маҳбус дор
В-аз халоиқ хешро маъюс дор.

Ҳар кӣ ӯ бар айби худ бино шавад,
Рӯҳи ӯро қуввате пайдо шавад.

#Пандномаи_Аттор

Манбаъ: www.DONISHJU.net/foidahoi-khomushi

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
Бузургмеҳр гуфт:

-Аз устоди худ пурсидам:
-Эй устод, аз Худои азза ва ҷалла2 чӣ хоҳам, ки ба ҳамаи некуиҳо хоста бошам?

Гуфт:
-Се чиз: тандурустӣ, амонӣ ва тавонгарӣ.

Гуфтам:
-Корҳо ба кӣ супорам?

Гуфт:
-Ба он кас, ки шоиста бошад.

Гуфтам:
-Аз кӣ эмин бошам?

Гуфт:
-Аз дӯсте, ки ҳасуд набошад.

Гуфтам:
-Чӣ чиз аст, ки Бихиштро сазовор бошад?

Гуфт:
-Илм омӯхтан ва ба ҷавонӣ ба кори хуб машғул будан.

Гуфтам:
-Кадом айб аст, ки наздики мардум муътабар намояд?

Гуфт:
-Ҳунари худ гуфтан....

Манбаъ: https://donishju.net/zafarnoma
@donish_1
Амалҳои холисона — Панду андарз

Ҳар ки бошад аҳли имон эй азиз,
Пок дорад чор чиз аз чор чиз.

Аз ҳасад аввал ту дилро пок дор,
Хештанро баъд аз он мӯмин шумор.

Пок дор аз кизбу aз ғайбат забон,
То ки имонат наяфтад дар зиён.

Пок агар дорӣ амалро аз риё,
Шамъи имони туро бошад зиё.

Чун шикамро пок дорӣ аз ҳаром,
Марди имондор бошӣ вассалом.

Ҳар кӣ дорад ин сифат, бошад шариф
В-ар надорад, дорад имони заиф.

Ҳар кӣ ботин аз ҳаромаш пок нест,
Рӯҳи ӯро раҳ сӯи афлок нест.

Чун набошад пок аъмол аз риё,
Ҳаст беҳосил чу нақши бӯриё.

Ҳар киро андар амал ихлос нест,
Дар ҷаҳон аз бандагони хос нест.

Ҳар ки кора аз барои ҳақ бувад,
Кори ӯ пайваста бо равнақ бувад.

#Пандномаи_Аттор

Манбаъ: www.DONISHJU.net/amalho

Моро дар телеграм ҳамроҳӣ намоед 👇👇👇
https://www.tg-me.com/donish_su
2024/09/25 10:30:36
Back to Top
HTML Embed Code: